МАСЪАЛАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ДАР МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО АҲЛИ ЗИЁ ВА ДОНИШМАНДОН

Нашр шуд korbar - пт, 03/20/2020 - 10:16

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар, ки 18-уми марти соли ҷорӣ баргузор гардид, масъалаҳои муҳим матраҳ шуд.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ самти илму маорифро баррасӣ намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки «Вобаста ба хусусиятҳои замони ҳозира дар соҳаи илм ва фаъолияти илмӣ масъалаҳое ба вуҷуд омадаанд, ки мо бояд мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дода, барои ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешем.

Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки мо бояд ба пешрафти илмҳои бунёдиву техникӣ ва технологиву инноватсионӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем, мавзӯъҳои фармоиширо ба рушди иқтисодиёти кишвар мутобиқ гардонем, ба тарбияи кадрҳои илм ва тақвияти нерӯи зеҳнӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем ва маблағгузории соҳаҳои илмро, ки ба иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат равона шудаанд, таҷдиди назар кунем».

Пешвои миллат дар бораи ифротгароӣ ва экстремизми байналмиллалӣ, барои бартараф  намудани проблемаҳое, ки дар ҷаҳони ислом пайдо мешаванд ва  метавонад башариятро ба хоку хун бикашад низ хотиррасон намуда, чунин иброз доштанд: Бояд гуфт, ки хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ яке аз хатарҳои ба ояндаи босуботи мардуми мо таҳдидкунанда мебошад.

Аксари мардуми мо ба зиндагӣ ва воқеият аз нуқтаи назари мантиқ, илм ва ҷаҳонбинии илмӣ баҳо намедиҳанд. Ба назари мо, як сабаби пеш нарафтани тафаккури мардум ҳамин омил мебошад. Ҷавонон, ки ояндаи мамлакат мебошанд, бояд аз ақидаҳои хурофотӣ дур бошанд, донишҳои муосирро ҷиддӣ омӯхта, ҳар як рӯйдоди ҷомеаро аз нуқтаи назари илму мантиқ таҳлил кунанд ва дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд.

Аз ин рӯ, олимони сиёсатшинос, файласуфҳо ва умуман, ҷомеашиносонро зарур аст, ки сабабу омилҳои зуҳури ақидаҳои хурофотӣ, шиддат гирифтани ифратгароии динӣ ва оқибатҳои онҳоро таҳқиқ карда, роҳҳои аз байн бурдани хурофот ва сабабу омилҳои дохиливу хориҷии сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дар кишвар ҳамаҷониба мавриди арзёбӣ қарор диҳанд.

Дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи хоинони миллати тоҷик, аз ҷумла ҳизби террористиву экстремистии наҳзат сар зад, олимону мутахассисони беҳтарини мо ба тарки Ватан маҷбур шуданд ва илова ба хисороти зиёде, ки ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва халқи мо расонида шуд, илму маориф низ зиёни бузург дид”.

Ф. Ҳоҷиева,

Н. Акрамов,

устодони ДИТ