ҶАВОНОН БОЯД ДАР САФИ ПЕШИ МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ БОШАНД

Нашр шуд korbar - пт, 03/20/2020 - 10:21

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои азизу маҳбуби миллат, муҳтарам ҷаноби олӣ дар ҳар баромадашон ба ҷавонон таъкид мекунанд, ки ҳушёру зирак бошанд, ватани худро дӯст доранд ва нагузоранд, ки ҳар гуна ашхоси харобкору палид бо ниятҳои нопоки худ ватани моро ба кашмакашиҳои нав бикашонад. Дар ҳақиқат ҷавонон дар ҳар вақту замон ва дар ҳар давлату миллат нерӯи асосии пешбарандаи сиёсату фарҳанг ва илму дониш буданду мебошанд. Мебоист, ки ҷавонони имрӯза ба ҷаҳони кунунӣ назар кунанду аз фарзандони фарзонаи миллат ва ватандӯсти фидокор дарси зиндагӣ омӯзанд ва ҳамеша барои халқу ватан ва миллати хеш ба мисли онҳо дилсӯз бошанд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат ба ҷавонон такя намуда, бо садоқат ва меҳрубонӣ ба онҳо ва бо боварии комил соли 2017 - ро “Соли ҷавонон” эълон кард. Ғамхорӣ ва дастгирии Сарвари давлат нисбат ба ҳамаи қишри ҷомеа, махсусан ҷавонон набояд бе посухи мусбат ва фаъолиятҳои созанда бе ҷавоб монад. Дар ин самт бояд тамоми сокинони кишвар махсусан ҷавонон барои пешрафт ва расидан ба ҳадафҳо ва ормонҳои миллат талош варзанд. Нагузоранд, ки падидаи номатлуби солҳои навадуми асри гузашта, ки аз ҷониби зархаридони хориҷӣ чун Абдуллои Нурию М. Ҳимматзода ва давомдиҳандаи кори шуми онҳо М. Кабирию ҳаммаслакони эшон сар зада буд, такрор шавад.

Имрӯз Кабирӣ ба хотири хидмат ба хоҷагон ва манфиатҳои онҳо мехоҳад зиндагии ороми зиёда аз 9 млн. нафараи Тоҷикистониро барҳам занад. Хиёнат ба ватан ва  миллати худро  раво диданду ниқоби Исломро ба худ пушида, худро бо гуфторҳои мафтункунанда ходимони дин тарошиданду ва метарошанд.

Аз ин рӯ, ҳамватанон, махсусан ҷавонон бо омӯзиши илмҳои мавҷудаи замона ва огоҳии хуб аз дину мазҳаб метавонанд худ ва ҷомеаро аз ҳар гуна иғвоҳо ва сӯистифодабариҳои иғвогарон ҳимоят намоянд.

Диловар Шарифзода,

корманди Кумита