СОЛИМИИ МИЛЛАТ-БОИГАРИИ ДАВЛАТ

Нашр шуд korbar - пт, 03/20/2020 - 11:26

Муддати се моҳ мешавад, ки ҷаҳони имрӯзаро зуҳури вируси “Covid-19” ё коронавирус ба ташвиш овардааст. Ин беморӣ аз рӯи маълумотҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, то имрӯз 166 давлатҳои рӯи ҷаҳонро фаро гирифтааст. Аз ҷумла, касалии зикршуда дар кишварҳои ба мо ҳамҷавори Чин, Ӯзбекистон, Қирӯизистон, Афӯонистон, инчунин Қазоқистон, Русия, Белорусия, Арманистон, Гурҷистон, Эрон ва ӯайра ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумотҳои охирини Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ то 16.03.2020 шумораи гирифтори бемории Коронавирус дар мамлакатҳои гирифтори ин беморӣ 181597 нафар ва фавтидагон беш аз 7126 нафарро ташкил дод. Дар Тоҷикистон бошад, хушбахтона, касалии зикршуда ба қайд гирифта нашудааст.

Мақсади таъмини сиҳатии омма низ дар яке аз бобҳои Конститутсияи кишвар вобаста ба ҳуқуқ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд омадааст: “сиҳатии аҳолӣ аз масъалаҳои мубрам дониста мешавад”.

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва таъмини ҳаёти солим Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон пайваста таъкид менамоянд. Дар яке аз суханрониҳои худ зимни мулоқот бо кормандони соҳаи тиб ва донишҷӯён соли 2018 Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки: «Ҳадафи стратегии давлату Ҳукумат дар соҳаи тандурустӣ бо роҳи ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим таъмин намудани солимии аҳолӣ, беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои дарозумрии инсон, паст намудани сатҳи беморӣ, маъюбӣ, фавти модару кӯдак, пешгирӣ кардани бемориҳои гуногуни сироятӣ, баланд бардоштани сифати кумаки тиббиву санитарӣ, назорати бехатарии маводи доруворӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа мебошад. Бори дигар таъкид менамоям, ки солимии миллат боигарии давлат аст».

Аз рӯи маълумотҳои мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонин вирус ба воситаи сухан гуфтан аз масофаи як метр, даст расондан, салом кардан, бӯсобӯсӣ кардан, атса задан ва дигар ҳолатҳо интиқол меёбад ва бо зуком оӯоз мешавад.

Айни ҳол давлатҳое, ки шаҳрвадонашон ба ин касалӣ гирифтор шудаанд, барои пешгирии хуруҷи бемории коронавирус дар ҳудуди марзию маъмурии худ карантин эълон намуда, сарҳадоти худро муввақатан баста истодаанд. Барои паҳн нагардидани ин касалӣ ба шаҳрвандон тавсия дода истодаанд, ки дар ҳолати мушоҳида намудани бетобӣ, таби баланд ва ё бемадорӣ ба беморхонаҳо ва ё духтурон  муроҷиат намоянд ва ё табибонро ба хонаҳояшон даъват намоянд. Дар ҳолати эҳсоси нотобӣ ва ҳарорати баланд доштани фарзандонашон рафтани онҳоро ба мактаб, боӯчаҳои кӯдакона манъ намоянд, инчунин гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои оммавӣ маҳдуд карда шуда истодаанд. Ба шаҳрвадон тавсия дода истодаанд, ки аз сафарҳои хориҷи худдорӣ намоянд. Ҳатто мулоқотҳои баъзе сарони давлатҳо ба дигар вақти муносиб ба таъхир гузошта шуда истодааст.

Таърихи 04.03.2020 Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиатнома доир ба пешгирӣ аз бемории дар боло зикргардидаро қабул карда, аз шаҳрвандон хоҳиш намуданд, ки аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо ба истиснои намози ҷаноза муваққатан худдорӣ намоянд. Ҳамзамон, тавсия намуданд, ки нисбати чунин вазъият бетаваҷҷуҳ набошанд ва аз ҳама гуна амале, ки ба саломатии ҷисмонӣ ва равониашон зарар дорад, худдорӣ намоянд. Аз ҷумла, ба риояи назофат ва гигиенаи шахсӣ диққати ҷиддӣ дода, ба тозагии хӯрок, ҷойи хобу фазои хона, дур кардани партовҳо аз муҳити зист, ҳамеша шустани дастҳо, пок кардани дандонҳо бо мисвок ва хамираи дандоншӯӣ аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд. Ин муроҷиатро иттиҳодияҳои динии ӯайриисломӣ низ дастгирӣ намуда, аз гузаронидани ибодати дастаҷамъона дар калисою ибодатгоҳҳо худорӣ намуданд.

Дар Тоҷикистон ситоди байнидоравии ҷумҳуриявӣ таъсис ёфтааст, ки  ҷиҳати пешгири намудани бемории сироятии коронавирус тамоми чораҳои қатъиро дида истодааст. Дар ин росто тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вазифадор гардидаанд, ки миёни шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳиро густариш диҳанд.

Нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳади таҳти назоратбарии қатъи қарор гирифта, воридшавии шахсоне, ки тавассути давлатҳои аз лиҳози паҳншавии бемории Коронавирус осебпазир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд, зери назорат гирифта шудааст. Аз ҷумла тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Федератсияи Россия 1192 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон омаданд. Ҳамаи нафароне, ки вориди Тоҷикистон мешаванд баъди гузаштан аз карантин ба хонаҳояшон сафарбар карда мешаванд. 

Ҳамзамон барои ворид нагардидани маҳсулотҳои хӯрока аз кишварҳои осебпазир аз ҷониби масъулини ниҳодҳои гуногуни давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешида шуда истодааст. Инчунин барои эҳтиёҷоти аҳолӣ миқдори лозимии молу маводи аввалияи зарурӣ захира карда шудааст.

Мутаассифона, аз вазъияти баамаломада баъзе ҳангоматалабон (тоҷирон) суиистифода намуда, нархи молу маҳсулоти ӯизоӣ, аз ҷумла орду равӯан, қанду шакарро баланд бардоштанд. Хушбахтона, пеши роҳи ин амалҳои ноҷавонмардонаро кормадони ҳифзи ҳуқуқ гирифтанд. Ҳатто дини мубини Ислом чунин амалҳоро маҳкум менамояд. 

Расули Худо, хазрати Муҳаммад (с) гуфт:«Ҳар ки чиҳил рӯз таом нигоҳ дорад ба нияти гарон шудан, ХудоиТаъоло аз вай безор аст ва вай аз Худои Таъоло безор аст».

Бояд ёдовар шуд, ки паҳн гардидани касалиҳои сироятӣ дар таърихи башар бори аввал набуда, дар қарнҳои гузашта ниёгони мо борҳо чунин бемориҳои сироятиро паси сар кардаанд. Яке аз ҳамин гуна касалиҳо дар таърихи башар бо номи тоун машҳур буд.  Аксари донишмандон ва табибони мо дар ҳамон давр табобати ин гуна касалиҳоро аз гиёҳҳои худрӯйи шифобахши кишвар аз қабили сир (чеснок), ҳазориспанд ва ӯайра тавсия медоданд.

Яке аз чирадасттарин ва шаҳиртарин нобиӯаҳои тоҷик Ибни Сино (980-1037) аст, ки дар осораш тамоми таровату ӯановати донишҳои инсониро ҷамъоварӣ ва тамоми риштаҳои илмҳои замони худ – мантиқ, фалсафа, илоҳиёт, табииёт, риёзиёт ва тибро рушду камоли тоза бахшидааст, дар аксарияти асарҳояш – «Китоб-уш-шифо», «Китоб-ун-наҷот», «Донишнома», «Ҳикмат-ул-машриқ»,«Ал-қонун фи-т-тиб»роҷеъ ба таснифоти илмҳо ба таври хоса ибрози андеша кардааст. Ва дар китоби«Ал-қонун фи-т-тиб»дар мавриди истифодаи сипанд тавсия медиҳад, ки: «Ошомидан ва зимод (бо бандина бастани ҷароҳат) кардани он бо ангубин (асал, шаҳд) аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор судманд аст ва агар онро дуд биандозанд, онҳоро биронад».

Аз ҷониби Мамлакати Арабистони Саудӣ бошад анҷом додани ҳаҷи умра мувақкатан боздошта шуда, дарҳои Хонаи Каъба барои мусулмонон баста шудааст. Чунин иқдом ҳодисаи таърихӣ мебошад, зеро дар таърихи башарият бори панҷум аст, ки Ҳарам баста мешавад.

Бори аввал соли 570 мелодӣ дар “ому-л-фил”, вақте лашкари Абраҳа ба Макка ҳуҷум намуда буд, Ҳарам баста шудааст. Қиссаи он дар Қуръони карим, дар сураи “Фил” оварда шудааст. Дар таърихи Табарӣ оварда шудааст, ки пеш аз Ислом соли филро оӯози таърих карда буданд ва дигар арабон рӯзҳои маъруфи хешро оӯози таърих карда буданд: чун рӯзи ҷабала ва кулоди аввал ва кулоди дувум, ки оӯози таърихи онҳо буд ва насоро рӯзгори Искандари Зулқарнайнро мабдаи таърих кардаанд. Вале порсиён мабдаи таърих аз шоҳони хеш доштанд ва чунонки донам акнун даврони Яздигурд писари Шаҳриёрро оӯози таърих донанд, зеро вай охирин подшоҳи онҳо буд,  ки подшоҳии Бобил ва машриқ дошт (Китоби 1 саҳ. 137. Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ. «Таъриху-р-русули ва-л-мулук» соли 2014  ш.Душанбе).

Бори дувум соли 73 ҳиҷрӣ (692 мелодӣ) баста шудани дарҳои Ҳарам дар давраи хилофати Умавиҳо ба вуқуъ пайваста буд. Он замон лашкари Абдумалик ибни Марвон бо сардории Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф бо мақсади барканории Абдуллоҳ ибни Зубайр шаҳри Маккаро муҳосира намуда буд.

Бори сеюм соли 317 ҳиҷрӣ (930 мелодӣ) дар мавсими ҳаҷ гурӯҳи қараматиён ба Макка ҳуҷум намуда, маросими адои ҳаҷро вайрон карда буданд. Дар натиҷа дари Хонаи Каъба, болопӯши он (кисва) ва инчунин санги сиёҳ- ҳаҷарул асвад дуздида шуда буданд. Дар асари худ «Тоҷикон» дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ аллома Бобоҷон Ӯафуров оид ба яке аз сабабҳои баста шудани Ҳарам чунин ишора менамояд:«Қарматиҳо дар вақти шӯриш ва баъдтар ҳам, ҳангоми тохтутозҳои худ, ки соли 930 Маккаро забт карда «санги сиёҳ»-и муқаддасро бо худ бурданд».

Бори чорум соли 1979 мелодӣ дар натиҷаи ҳуҷуми гурӯҳи ифротиён, ки яке аз онҳо худро Имом Маҳдӣ эълон намуда буд, хонаи Каъба муҳосира гардида, иддае аз ҳоҷиён кушта шуда буданд.

Ва инак бори панҷум бинобар эҳтимолияти пешгирии паҳншавии бемории Коронавирус дарҳои Хонаи  Каъба баста шуданд.

Бо дарназардошти шаҳодатҳои таърихии зикршуда аз ҳамаи ҳамватанон хоҳиш менамоем, ки дар роҳи амалишавии тадбирҳо вобаста ба пешгирии коронавирус бетафовут набуда, пеш аз ҳама гигиенаи шахсиву ҷамъиятиро ба таври комил риоя намоянд.

Ҳусейн Шокиров,

сардори Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита