
12-уми феврал дар толори Кумита семинар-машварат бо намояндагони ташкилотҳои ғайриисломӣ ва мудирони бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷиҳати таҳлил ва баррасии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро муовини Раиси Кумита Олимзода Ф.К. оғоз намуда, дар идома вобаста ба мақсади семинар мутхассиси Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита Тухтахоҷаев М., мақсад ва муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро шарҳ дода, масъалаи амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, баробарии ҳама дар назди қонун новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои динӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро махсус қайд намуд. Ҳамзамон аз ҷониби баромадкунанда аз моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, намунаҳо оварда шуд.
Дар навбати худ мудири бахши ҳуқуқи Кумита Юнусзода Б., ба иштироккунандагони семинар доир ба тағйироту иловаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” ва Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин маърӯза намуд.
Баъд аз баромадҳо саволу ҷавоб бо ходимони ташкилотҳои динии ғайриисломӣ сурат гирифт. Баромадкунандагон ва иштирокдорон ба ҳамаи саволҳои додашуда дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ посух доданд.