НАЗОФАТ БЕҲТАРИН ВАСИЛАИ ПЕШГИРИИ ҲАМА ОФАТҲОСТ

Нашр шуд korbar - пт, 04/10/2020 - 10:42

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Имрӯзҳо тамоми башариятро, новобаста аз ирқу нажод, тараққиёту таназзул, сохторҳои иљтимоӣ, пастиюу баландии сатҳи зист, махсусиятҳои љуғрофӣ, хулоса бидуни фарқиятҳо дар киву чӣ буданҳо сироятшавии бесобиқа ба коронавирус, як балои то ҳол номаълум ва номафҳум фаро гирифтааст. Ин беморӣ барқвор аз як кас ба каси дигар, аз як макон ба макони дигар, аз як қитъа ба қитъаи дигар мегузарад. То кунун насли башар вабову тоъун, табларза, вараља, илтиҳоби шуш, эбола, вируси норасоии масунияти одам ва дигар маризиҳои даҳшатнокро медонист, аммо ин бемории нав аз онҳо мураккабу фарогиртар будааст. Ин беморӣ аз музофоти Ухани давлати Чин, гӯё аз истеъмоли кӯршабпарак барин ҷондор ибтидо гирифта, 90 фоизи кишварҳои љаҳон, қитъаҳои Аврупову Амрико ва ҳатто дар Африқо, ки гармтарин макони зисти одамизод аст, домани сиёҳашро паҳн кардааст. Дар як шабонарӯз, дар бархе кишварҳо, масалан, дар Испания, Италия ва Франсияву Америка беш аз 1000-1500 одам мемирад ва табибон то љон дар рамақ доранд, бо ин беморӣ ва барои наљоти одамон дастбагиребон мешаванд.

Ин даҳшати ногаҳонӣ башариятро ба худ овард, то ки фориғбол набошанд. Ягон кишвар ба хуруљи ин беморӣ аз нигоҳи тиббӣ ва таљҳизоти он, аз нигоҳи маънавӣ омода набуд. Дар қарни пешрафтҳои бесобиқаи интеллекти инсонӣ, роботу ақли сунъӣ, технологияҳои навтарин инсоният ољиз монд. Дармони зиддивирусӣ дар якчанд мамлакатҳо омода шуда истодааст, аммо бино ба гуфти мутахассисон барои хулосагирӣ то 6 моҳ лозим мешудааст.

Ҳоло Созмони љаҳонии тандурустӣ чандин тавсияву маслиҳатҳо барои пешгирии ин вирус таъйин кардааст, ки муҳимтарини онҳо риояи назофату покизагӣ, мудом дастҳоро пок шустан, дурӣ љустан аз издиҳоми одамон, ба рељаи муайяни ғизову тозагии муҳит муроот кардан аст. Ин тавсияҳо барои мардуми мусалмони тољик ва умуман тамоми онҳое, ки ҳамеша покиза мегарданд, як амри зарурӣ ва як одати муқаррарист. Инсоне, ки панљ вақт намоз мегузорад, табиист, ки ҳамеша худро пок нигоҳ медорад, аммо риояи дигар тавсияҳо, яъне беҳуда аз хона набаромадан, дар ҳолати зарур будани карантин онро риоя кардан бисёр муҳим аст.

Дар дини мубини Ислом назофату покизагӣ љойгоҳи арзишманде дорад ва моро ҳамвора ба сӯи покизагӣ даъват мекунад. Расули Худо (с) дар ин маврид мефармоянд: «Худованди таъоло пок аст ва покиро дӯст медорад, покиза аст ва покизагиро дӯст медорад, кариму бахшанда аст ва караму бахшандагиро дӯст медорад, пас гирдогирди хонаҳоятонро тозаву покиза нигоҳ доред…» (ривояти Тирмизӣ). Бинобар ин, фарди мусалмон ба покиза доштани муҳити худ алоқаи хосса дорад.

Љое, ки тоза ва покиза бошад, ба сокинон ва касоне, ки ба он љо меоянд, ҳисси оромиш мебахшад. Байни покизагии муҳит ва саломатии бошандагони он иртиботи мустақим вуљуд дорад. Маконе, ки поку озода бошад, аз шаъну мақоми баланди сокинонаш гувоҳӣ медиҳад.

Худованди мутаъол инсонро ба гунае офаридааст, ки тозагӣ ва зебоиро дӯст медорад. Фитрати солими башарӣ бо ҳар чизи тозаву зебо майл дорад ва ба он меосояд. Зебоӣ яке аз сифоте аст, ки Худованд онро дӯст медорад. Пайғамбар (с) дар ҳадисе мефармояд: «Худованд зебо аст ва зебоиро дӯст медорад» (ривояти Муслим). 

Бояд дар назар дошт, ки назофат ва покизагӣ нишонаи имон аст. Аз Абӯмолик Ҳорис ибни Осими Ашъарӣ ривоят аст, ки гуфт: Пайғамбари Худо (с) фармудаанд: «Покизагӣ нисфи имон аст» (ривояти Муслим).

Дини мубини Ислом дар мавриди  истифодаи дурусти об ва ҳифзу нигаҳдошти он, ки манбаи асосии ҳаёт аст, тавсия ва дастурҳои судманде додааст. Аз љумла, дар ҳадисе Пайғамбари Худо (с) мефармоянд: «Чун яке аз шумо аз хобаш бархезад, дасташро дар об наяндозад, то он ки онро се бор бишӯяд, зеро ӯ намедонад, ки дасташ дар куљо қарор доштааст».

Инчунин дар ҳадиси дигаре он Ҳазрат (с) мефармоянд: «Ҳељ яке аз шумо дар оби љорӣ пешоб накунад ва дар он аз љанобат ғусл насозад». Ин дастуроти Паёмбар (с) баёнгари ин аст, ки дини мубини Ислом ба масъалаи назофат ва покӣ аҳаммияти волое қоил аст.

Ҳамон тавре маълум аст, бисёре аз бемориҳои сироятӣ ба сабаби риоя накардани қоидаҳои назофат ба вуљуд меоянд, дар ҳоле ки дини Ислом чордаҳ аср пеш ин масоилро ҳаллу фасл намудааст. Худованд дар ояти 222-уми сураи Бақара мефармояд:

«Ҳамоно Худованд тавбакунандагон ва покшавандагонро дӯст медорад».

Инчунин дар ояти 108-уми сураи Тавба фармудааст:
 «Худо покизагонро дӯст дорад».

Қобили зикр аст, ки мавзӯи таҳорат ва покӣ дар 32 љои Қуръони карим зикр гардидааст. Дар аҳодиси набавӣ низ истифодаи покию тозагӣ дар ҳама бахшҳои зиндагӣ ба тафсил баён шудаанд. Аз Оиша (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармуданд:

«Мисвок поккунандаи хубе барои даҳон ва василаи хушнудии Парвардигор аст». (Ривояти Бухорӣ).

Дар мавриди тарзи дуруст нӯшидани об Расули Худо (с) фармудаанд: «Чун яке аз шумо об нӯшидан хоҳад, пас дар он нафас наяндозад» (Ривояти Бухорӣ).

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: Пайғамбари Худо (с) фармуд: «Эй мардум, ҳамоно Худо пок аст ва љуз покӣ чизеро қабул накунад».  Покизагӣ аз имон аст ва имон ҳамроҳи соҳибаш дар биҳишт аст.

Инчунин дар ҳадис омадааст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Ҳар касе шаб ба хоб равад, дар ҳоле ки дасташ бӯи ғизо дошта бошад, баъдан бар асари он дар дасташ дарде ва хорише пайдо шавад, пас фақат худашро маломат кунад» (ривояти Бухорӣ).

Абӯзар (р) ривоят мекунад, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Аъмоли неку бади умматам бар ман арза карда шуд ва дар миёни амалҳои неки онҳо ҳатто дур кардани озор (партовгоҳҳо, хору хас ва чизҳои бадбӯ) аз сари роҳро ёфтам» (ривояти Муслим, Ибни Моља ва Аҳмад).

Таҳорат ва покизагӣ асоси тамоми ибодатҳост. Бинобар ин, намоз ҳам, ки меърољи рӯҳӣ, тулӯъгоҳи маънавӣ  ва шоҳсутуни дини муъмин аст, танҳо ва танҳо бо покизагӣ  дуруст мегардад. Дар ин маврид Пайғамбари гиромӣ (с) фармудаанд: «Касе, ки сир ё пиёз хӯрда бошад, аз љамоати мо дурӣ биљӯяд» (ривояти Бухорӣ ва Муслим). Бинобар ин, касоне, ки эҳсоси таб, ҳарорати бадан, сӯзиши гулӯ ва димоғ мекунанд, то сиҳат ёфтан аз љамоати масљид ва љойҳои љамъиятӣ ва серодам дурӣ љӯянд. Дар сурате ки Пайғамбар (с) касонеро, ки сирпиёз ё хӯрокҳои дорои бӯи нороҳаткунанда хӯрда бошанд, ба дурӣ љустан тавсия додаанд, пас вољиби имонӣ ва масъулияти диндорӣ аст, ки нафарони дорои таби баланд ва сӯзиши гулӯ ё димоғ аз намози љамоат ва љойҳои серодам канора гиранд, дар акси ҳол, ҳамчунон ки аз ҳадис бармеояд, нафари риоянакунанда осӣ ва гунаҳгор мешаванд. Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки аз Расули Худо (с) шунидам, ки мегуфт: «Ҳељ намозе бе покизагӣ қабул намегардад».

Аз далоили зикргардида маълум мегардад, ки назофат ва покизагӣ яке аз вољиботи муҳими дини мубини Ислом ба шумор меравад. Бинобар ин, ҳар як фарди мусулмон бояд бо назофату покизагӣ пойбанд бошад, то ки тоаташ мақбул гардида, дар назди Худо ва мардум маҳбуб қарор гирад.

Саидмукаррам Абдуқодирзода,

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон