ПАЁМ. АЗ ЭЪТИРОФИ ФАРҲАНГ ТО ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ

Нашр шуд korbar - чт, 02/28/2019 - 13:41

Воқеан ҳам, паёмҳои ҳамасолаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хусусиятҳои хоси таҳлилии бурду бохти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат фарқкунанда буда, мардуми шарифи Тоҷикистон онҳоро хуш мепазиранд ва раҳнамои фаъолият менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба  Маҷлиси Олӣ нахуст се рӯйдоди муҳими таърихии сиёсию иқтисодии  соли 2018 – ро зикр карданд, ки бешубҳа, ба рушди иқтисоди миллӣ таъсиргузоранд: оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», ба кор андохтани чархаи якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва барқароршавии муносибатҳои дӯстонаи байни Тоҷикистону Ӯзбекистон. 
Воқеан, кӯшишу талошҳои давлату Ҳукумати мамлакат дар сатҳи ҷаҳонӣ барои  пешрафту шукуфоии кишвар, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои  бузурги табиӣ барои рушд ва ҳифзу эҳёи ҷашну оинҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ, ки давоми асрҳо ягонагии мардуми тоҷикро таъмин мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва амсоли инҳо равона шудааст. Бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - қисме аз ин ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла Шашмақом ва Наврӯз имрӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддӣ ворид гардиданд. Дар назар аст, мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд.
Бо қарори ЮНЕСКО боз яке аз намудҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ - чакан ба Феҳристи мероси фарҳангии  ғайримоддии башарӣ шомил гардид. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо, тоҷикон, ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди баору  номуси Ватан мебошад.
Паёми пурмуҳтавои навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун барномаи фаъолият барои кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ арзёбӣ мегардад. Мо, сокинони ноҳияи Кӯшониён, хусусан кормандони прокуратураи ноҳия, баҳри пешрафти фаъолияти  кориамон дар доираи ҳидоятҳои Сарвари давлат нақшаи махсус тарҳрезӣ намуда, аз рӯйи он барои рушди ҷомеа ва шукуфоии Ватан амал мекунем.
Хусрав МИРАЛӢ,