ҲАДАФИ БАРНОМАВИИ ТЭТ ҲНИ ЯКЕСТ: ЭҶОДИ ТАШАННУҶ

Нашр шуд korbar - вс, 05/17/2020 - 10:24

Ягона матлаби воқеӣ ва арзишманде, ки дар чанд рӯзи ахир хондам, ин мақолаи кормандони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус” буд. Ин матлаб хеле мӯшикофона ғаразу суистифода карданҳои як лоначаи ифротгароиву терроризмро пешорӯи хонанда ҷилва додааст.

Ин матлаби донишмандони тоҷик ва мақеъгирии ахири наҳзатиён дар робата ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар кишвари мо аз он бозгӯ мекунад, ки ТЭТ ҲНИ агар сад ном иваз кардаву садҳо оиннома тағйир диҳад ҳам, аммо ҳадафи ниҳоии он як аст. Барангехтани адовату душманӣ миёни мардум ва тағйир додани вазъ ба самти ташаннуҷу нооромӣ. Ин тӯдаи ифлос ҳаргиз ба ин роҳу худ хотима бахшиданӣ нестанд ва бахшида ҳам наметавонанд. Зеро аз ҳарчи аз хоҷагони берунии худ то имрӯз гирифтанду мегиранд, подош медиҳанд. Ҳоло суистифода кардани наҳзатиҳо аз вазъи феълӣ айнан ҳодисаҳои нооромиҳои ибтидои солҳои навадуми қарни гузаштаро ба ёд меорад. Дар он айём низ ин террористони ба ном исломгаро бо баҳонаҳои гуногун бо эҳсоси мардум бозӣ кардан мехостанд ва имрӯз ҳам айни ҳамон нақшаро мебинем. Аммо Худоро шукр, имрӯз як чиз тағйир кардааст. Дар он айём мардуми мо то ҷое ноогоҳ буданду ба чунин сафсаттаҳои наҳзату пайравонаш бовар карданд. Аммо имрӯз халқи тоҷик аз ҳадафҳои пасипардагии ин ташкилоти террористӣ огоҳанд ва иҷозат нахоҳанд дод, ки пои касифи чунин бадандешон ба сарзамини биҳиштии мо бирасад.

Абдухолиқи Холмаҳмад,

ходими дин