“МУҚТАЗОИ ТАБИАТАШ ИН АСТ”

Нашр шуд korbar - пт, 05/22/2020 - 16:11

Як нуктаи дилгармкунанда ин аст, ки дар ҳошияи роҳнамоиҳои пайвастаи Пешвои миллат имрӯз қишрҳои гуногуни аҳолии мамлакат дар роҳи мубориза бо ин беморӣ дастбакор шуда, ҳар касе ба қадри тавону имкнонаш талош меварзад, то дар роҳи бартарафсозии ин буҳрон ва паёмадҳои он нақшгузор бошад.

Аммо ҳамоно гурӯҳу ашхосе ҳастанд, ки аз ин вазъ суистифода намуда, мехоҳанд ҷониберо гунаҳкор намуда, миёни мардум тафриқаву таҳлука эҷод намоянд.

Мисоли равшани ин гурӯҳҳо ТЭТ ҲНИ мебошад, ки бо роҳбарии худи Кабирӣ чунин як маъракаи зиддимиллиро роҳандозӣ намудаанд.

Дар ин вазъ танҳо ҳамбастагии бештари мо метавонад ҳамаи талошҳои бадхоҳонаи чунин ашхосро барбод диҳад. Зеро мо ба қудрати созандаи миллати худ бовар дорем.

Асомуддин Бурҳонов,

ходими дин