МАТЛАБЕ, КИ БА АНДЕША ВОДОР МЕКУНАД

Нашр шуд korbar - ср, 05/20/2020 - 12:13

Мақолаи “Тоҷик, тоҷикият ва коронавирус”, ки бо муаллифии ходимони илмии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран дар матбуот ба нашр расид, аз таҳлилҳои воқеӣ иборат буда, мутолиаи он касро ба андешаву тадаббур тааммул водор месозад.

Махсусан дар ин мақола муаллифон бо натиҷагирии афкори худ моро ба иттиҳоду сарҷамъӣ водор менамоянд.

Дар ин мақола муаллифон ашхоси фитнагареро, ки аз вазъи мураккаби феълӣ сӯистифода менамоянд, “хатарноктар аз коронавирус” унвон мекунанд, ки воқеан дуруст аст:

Аммо наҳзат чӣ? Наҳзат!!!? Охир аъзои ҳизби наҳзати террористӣ тоҷиконанд. Мусулмонанд. Аз номи ислом гап мезананд. Наҳзатиҳо зери шиорҳои исломӣ ба муқобили миллати худ ҷанги шаҳрвандӣ оғоз намуда 160 000 ҳамватани худро куштанд. Баъди бозгашт ба Тоҷикистон боз садҳо нафар тоҷиконе, ки ифтихори миллии мо буданд, террор карданд. Агар коронавирус мардумро, одамизотро нашинохта бешуурона кушад, наҳзатиҳо ҳар як тоҷикро шинохта, омӯхта, дидаву дониста бошуурона куштабуданд. Пас, худатон аз рӯйи инсоф қазоват кунед, кадоми инҳо бадтаранд?ХНИчиҳо ё коронавирусҳо!!!?

Бо овардани ҳамин нукта ба сухани худ хотима медиҳад ва аз хонандаи азиз даъват менамоям, то матлаби болозикрро хонанду андеша намоянд...

Азизмуроди Абдулло

ходими дин