ЧАРО НАҲЗАТИЁН ТАБЛИ ХУРСАНДӢ МЕЗАНАНД?

Нашр шуд korbar - вт, 05/19/2020 - 16:15

Принсипи фаъолияти ташкилоти террористии ҲНИ аз ибтидо майли тундгароӣ дошта, роҳбарону пайравони ин ташкилоти террористию экстремистӣ ҳамеша талош мекардаанд, то бо ҳар роҳе ҷомеаро ба сӯи бунбасти нофаҳмиву нобоварӣ кашанд. Онҳо ҳамеша аз дастовардҳои миллат мотам гирифта, аз ҳар гуна марҳилаи имтиҳонии ин миллат ҳамеша табли хурсандӣ задаанд.

Вируси фарогири коронавирус дунёро иҳота кард. Дар саросари дунё ба хотири монеа эҷод нагардидан дар роҳи мубориза бо он ҳеҷ як созмоне, ҳеҷ як давлате ва ҳеҷ як ниҳоде ҷониберо барои эҷоди ин вирус муттаҳам намекунад. Аммо табиати зотии наҳзатиён дигар аст. Наҳзатиён имрӯз оншуна рафтор менамоянд, ки гӯи ин вирусро ҳукумати Тоҷикистон сохта бошад. Онҳо хуб медонанд, ки ин дарди ҳамагир аст. Аммо эҳсоси худро идора карда наметавонанд, зеро имрӯз миллат боз дар як имтиҳони зиндагӣ қарор дорад, ки ин имтиҳон дар навбати худ мояи сарфарозию хушнудии ин тӯдаи ҷинояткор аст.

Сафармуроди Одина,

ходими дин