ИНТЕРНЕТ ДАР МИЗОНИ ҚОНУН

Нашр шуд korbar - пн, 05/25/2020 - 11:32

Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Талаботи замон ва роҳ ёфтани интернет ба зиндагӣ ва фаъолияти рӯзмарраи башарият ба он водор мекунад, ки инсоният паҳлуҳои ҳуқуқиву қонунии онро бознигарӣ ва танзим намояд. Давлатҳои мутараққии ҷаҳон, ки ҳанӯз аз барвақтӣ бо мушкилоти ҷаҳони интернет дасту панҷа нарм мекунанд, дар нигариши қонунӣ ба интернет таҷрибаи лозим касб карда, баъзе ҷанбаҳои мушкилсози онро то қадри имкон ба танзим даровардаанд.

Ногуфта намонад, ки дунёи маҷозии интернет беинтиҳо буда, марзу сарҳадоти муайян надорад ва бо тавлиди зуҳуроту падидаҳои тозаву навбанав ва эҷоди мушкилоту танишҳои маргбору харобовараш ҳамарӯза ва ҳамасоата дар муқобили дунёи воқеӣ ва насли башарият қарор гирифта, онро таҳдид мекунад. Маҷрои пуртуғёни “ҳаёт”-и дунёи маҷозии интернетро то кунун ягон давлати мутараққӣ ва пешрафтаи ҷаҳон ба таври бояд ба низом надаровардааст. Инчунин, дар мавриди истифодаву муносибати ҳуқуқии инсон бо шабакаи ҷаҳонии интернет қонунгузории кишварҳои дунё низ иттифоқи назар надоранд.

Ҳарчанд дар мавриди истифодаи интернет дар сатҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни алоҳидае дар назар гирифта нашуда бошад ҳам, аммо аз соли 1996 то 1-уми ноябри соли 2013 дар 238 ҳуҷҷат барои “истифодаи интернет” аҳамият дода мешавад (Диноршоев А.М. ва дигарон. Ҳуқуқи иттилооти оммавӣ. – Д: Голд-принт, 2014.  – 246 с. // С. 101). Дар ин радиф, барномаи мукаммале, ки аз харобкориҳои интернет пайваста ҳушдор медиҳад, Суханрониҳо ва Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат ба ин масъала ишора намуданд, ки: “Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд” (26.12.2019).

Мавзӯи интернет ва мушкилиоти марбут ба он васеъу доманадор буда, матраҳсозӣ ва баррасии он дар як мақола аз имкон хориҷ аст. Аз ин рӯ, мо ба таври интихобӣ баъзе масоиле, ки марбут ба интернет ва қонун аст, баррасӣ намуда, барои хонандагон маълумоти мухтасар хоҳем дод.

Бо вуҷуди мавҷуд будани чораҳои лозимаи қонунӣ аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор нафароне ҳам ёфт мешаванд, ки набудани қонуни алоҳидаеро дар бораи интернет баҳона карда, дар дунёи маҷозии интернет даст ба корҳои ғайриахлоқӣ ва ғайриинсоние мезананд, ки боиси поймол гаштани ҳуқуқи шаҳрвандон ва ҳатто марги онҳо мегардад.

Чи тавре пештар ишора шуд, ҳарчанд қонуни алоҳидае дар мавриди интернет мавҷуд набошад ҳам, аммо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (баъзе қонуну кодексҳо ва дигар санаду ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ-меъёрӣ) паҳлуҳои ҷудогонаи истифодаи онро бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо дар қонуну кодексҳои амалкунанда мушаххасоти ҳуқуқӣ дода, барои дар ин самт анҷом додани қонуншиканӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ пешбинӣ намудааст.

Низоми қонунии шабакаи ҷаҳонии интернет ё дунёи маҷозии интернетро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад, метавон ба ду қисмати асосӣ ҷудо сохт: назорати фарзандон аз ҷониби волидон дар корбарии интернет ва фаҳмишу фаҳмонидани ғаразноки дину миллат.

Назорати фарзандон аз ҷониби волидон дар корбарии интернет

Иқдоми асосие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди пешгирӣ аз ҳар гуна қонуншиканӣ дар интернет гирифта шудааст ва онро ҳамчун қисмати нахустини қонунгузорӣ дар ин самт унвон метавон кард, ин иловаест, ки дар моддаи 8 (уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” (02.08.2011, № 762) ворид гардид(сархатти 13) омадааст ва дар он аз волидон талаб карда мешавад, ки аз тарафи фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода гардидани интернетро назорат намоянд (15.03.2016, №1294; http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=23951).

Риоя гаштани сархати мазкур аз ҷониби волидон ва андешидани чораҳои лозима аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор, монанди ворид намудани фарҳанги корбурди интернет ҳамчун фанни таълимӣ дар низоми маориф ва илм, таҳияи дастуру роҳнамоҳо барои волидону ҷавонон, барномаҳои радиоиву телевизионӣ, конференсияву нишастҳо ва ба роҳ мондани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ миёни волидону наврасон ба манфиати кор аст. Инчунин, иқдомоти мазкур дар дунёи маҷозии интернет низ бояд ба роҳ монда шаванд. Чунки аксарияти волидон ва дар умум калонсолон аз истифодаи интернет маҳрум буда, бо он кор карда наметавонанд ё агар истифода бурда тавонанд ҳам, фарҳанги дурусти корбурди онро риоя намекунанд. Вақте худи волидон аз истифодаи интернет бебаҳраанд ва ё фарҳанги истифодаи дурусти онро риоя намекунанд, пас, чи гуна метавонанд фарзандонашонро дар ин самт назорат намоянду ба онҳо фарҳанги корбурди интернетро фаҳмонанд. Таъкид бояд намуд, ки дарку риояи моддаи мазкури ҚҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” метавонад адами иқдом ба ҳар гуна қонуншиканӣ дар дунёи маҷозии интернет гашта, наврасону ҷавононро аз вартаи ҳалокат раҳонад.

Тағйироти дигаре, ки ахиран дар ин самт анҷом дода шудааст (ҚҶТ 17.05.2018, № 1532), ин сархати 10 моддаи 8 Қонуни мазкур мебошад, ки манъ намудани фарзандро аз ҷониби волидони онҳо ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасониҳои интернетӣ (аз соати 18:00 то соати 6:00) талаб мекунад (http://sadoimardum.tj/onun-oi-um-urii-to-ikiston/).

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бо пешрафти технологияҳои компютерӣ ва васеъ гаштани дунёи маҷозии интернет бархӯрду танишҳои навбанав боис мегардад, ки қонунҳои дар ҷумҳурӣ амалкунанда низ такмил ёбанд, муқаррароти нав қабул гардида, тағйиру иловаҳо ба кодексу қонунҳо ворид карда шаванд.

 

Фаҳмишу фаҳмонидани ғаразноки дину миллат

Мушкилоти меҳварии дигаре, ки дар интернет ба назар мерасад, ин фаҳмишу фаҳмонидани ғаразноки дину миллат ба ҳисоб меравад. Чунки амали мазкур боис мегардад, ки мардум, махсусан наврасону ҷавонон дар муносибат бо ҳамдигарӣ ва намояндагони дигар дину миллатҳо ба ифроту зиёдаравӣ роҳ дода, қурбонии мубаллиғону эмиссарони ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ гашта, роҳгум ва аз масири дурусти инсонгароӣ хориҷ шаванд.

Аз ин рӯ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди мазкур муқарраротеро пешбинӣ намудааст, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро ба дунбол дорад.

Нашри маводҳои динӣ: Дар интернет, махсусан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар адабиёти динӣ ва дигар ашёву маводҳои таъйиноти динидошта (аксу суратҳо, аудио-видеороликҳо) паҳн карда мешаванд, ки муштарии зиёд низ пайдо мекунанд. Ногуфта намонад, ки аксари муштариёнро ҷавонон ташкил дода, дар бештари маврид аксарияти чунин адабиёт ва маводи мазмуну муҳтавои динӣ аз ҷониби равияву фирқаҳои ифротиву ирҳобии “исломӣ” таҳия ва паҳн карда мешаванд, ки ба як қатор моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат менамоянд (дар ин маврид поёнтар таваққуф хоҳем дошт). Инчунин, бадхоҳон бо сохтакорӣ сарчашмаҳои дини ислом ва мазҳаби ҳанафиро ба идеологияи хеш мутобиқ нишон дода, дар дунёи маҷозии интернет паҳн менамоянд ё аз номи дини ислому мазҳаби ҳанафӣ баромад мекунанд.

Қонунгузорӣ адабиёт ва ашёи таъйиноти диниро, махсусан истеҳсол, содир, фурӯш ва паҳн намудани онро ба танзим медарорад. Дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” амал мекунад, ки моддаи 22 (адабиёти динӣ ва ашёи таъйиноти динӣ) пурра ба ин самт равона гардидааст. Ҳарчанд, дар Қонуни мазкур оиди паҳн намудани адабиёт ва маводи иттилоотии дорои мазмуни динӣ (маводи аудио-видеоӣ ва аксу суратҳо) дар интернет чизе гуфта нашуда бошад ҳам, моддаи мазкур дар ин самт татбиқ мегардад. Банди 2 моддаи мазкур ҳуқуқи истеҳсол, содир, ворид ва паҳн намудани адабиёт, ашёи таъйиноти динӣ ва дигар маводҳои иттилоотии дорои мазмуни диниро танҳо ба ташкилотҳои динӣ медиҳад. Мутобиқи банди 3 модда бошад, марҳилаҳои зикргардида (истеҳсол, содир, ворид ва паҳн кардан) танҳо баъди гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ анҷом дода мешаванд. Ташхиси давлатии диншиносиро бошад, моддаи 17 Қонун пешбинӣ менамояд, ки аз 3 банд иборат аст.

Нобаробарҳуқуқии динӣ: Масъалаи мубрам ва айни замон дар интернет, махсусан шабакаҳои иҷтимоии он роиҷ вайрон кардани баробарҳуқуқии динии шаҳрвандон мебошад, ки бештар дар шакли кофир хондан ё такфир намудан (такфиризм) зоҳир мегардад. 

Такфиризм яке аз падидаҳои фоҷеабори ҷомеаи исломӣ буда, дар шабакаҳои иҷтимоии интернет зиёд ба мушоҳида мерасад. Баъзан, ҷавонон (фарогири наврасон низ мешавад) худноогоҳ ё худогоҳ бо андак баҳона тарафи муқобилро кофир мехонанд. Амали мазкурро қисми 10 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ манъ менамояд:“Айбдор кардани шахс бо сабаби диндорӣ ё бединӣ ва ё тарки дин манъ аст. Дар тафсири Қонун моддаи мазкур чунин шарҳ ёфтааст: “Қисми 10 моддаи тафсиршаванда, ки айбдор кардани шахсро бо сабаби диндорӣ ё бединӣ ва ё тарки дин манъ кардааст, вобаста аз сатҳи зоҳирёбиаш ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро тақозо менамояд… Метавонад бо моддаи 143 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бандубаст карда шавад” (Тафсири ҚҶТ “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”. – Д: ЭР-граф, 2015. – С.33-34).

Ба куфр ва бединӣ айбдор кардан агар тибқи моддаи 143 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (вайрон кардани баробарҳуқуқии динии шаҳрвандон) бандубаст шавад, бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Ногуфта намонад, ки кофир ва аз дин хориҷшуда хондани нафари дигар (мусулмон)-ро мазҳаби ҳанафӣ  маҳкум менамояд.

Аксарияти ҷавонону наврасоне, ки дар шабакаҳои иҷтимоии интернет фаъолият менамоянд, бояд дар назар дошта бошанд, ки ҳар маводи мазмуну муҳтавои динидошта (видео, аудио, матн, аксу суратҳо)-еро дар шабакаҳои иҷтимоиашон ҷой медиҳанд, паҳн мекунанд ё фаъолияти динӣ мебаранд (онлайнӣ тавассути мессенҷерҳо ва шабакаи иҷтимоии видеоии YouTube) ва ё нафареро ба сабаби диндорӣ, бединӣ, тарки дин айбдор ё маҷбур менамоянд, дар пай ҷавобгарӣ (маъмурӣ ё ҷиноятӣ) дорад.

Барангехтани кинаю адоват: Мушкилоти дигаре, ки дар шабакаҳои иҷтимоии интернет чолишбарангез аст, ин масъалаи барангехтани кинаю адоват ё низои миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, ё паст задани шаъну эътибори миллӣ, инчунин, тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал мебошад, ки содиркунандаи ин амалҳо тибқи моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.

 

Муқаррароти дигари қонун

Инчунин, аз чандин муқаррароти қонунии дигар низ метавон ёдовар гашт, ки шиканандагони он ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмуриро ба думбол доранд:

Таҳқири оммавии Президент: Масъалаи муҳим ва ҷиддие, ки ҷавобгарии ҷиноятиро ба думбол дорад, ин таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва туҳмат кардан ба онҳо дар интернет мебошад, ки барои содир кардани чунин амал моддаҳои 137 ва 137(1) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ пешбинӣ намудааст.

Сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ: Мушкилоти дигаре, ки дар шабакаҳои иҷтимоии интернет роиҷ аст, ин сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ мебошад. Дар бештари ҳолат истифодабарандагони ҷавон худноогоҳ ба доми фиреби мубаллиғону эмиссарони интернетии ҳизбу ҳаракатҳои экстримистиву террористӣ, афтида, ба чунин амал даст мезананд. Яъне, одатан маводҳое, ки мазмуну муҳтавои динӣ ва хусусияти экстримистиву террористӣ доранд, бо роҳи ба эҳсосоти диниву миллии дигар истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ чанг задан, монанди “агар исломро, динатро, Аллоҳро, Муҳаммад(с)-ро дӯст дорӣ” ва ғайра “ЛАЙК(КЛАСС) мон ё поделиться кун”, “агар ватанатро дӯст дорӣ, дилат ба миллат сӯзад” ва ғайра “ЛАЙК (КЛАСС) мон ё поделиться кун” паҳн карда мешаванд. Лайкинг ё класс мондан ва табодул кардани мавод (поделиться) яке аз муваффақтарин роҳҳои таблиғ ва паҳн кардани мавод (матн, аудио, видео, аксу суратҳо) мебошад, ки истифодабарандаи шабакаи иҷтимоӣ ба восита ва дар бештарин ҳолот худноогоҳ дар таблиғи маводҳои хусусияти экстримистиву террористидошта саҳим мешавад.

Фаромӯш набояд кард, ки амали мазкур, чи тавре дар боло қайд намудем, сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ буда, идомаи моддаи 179(3) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта (Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 179(1), 179(2), 181, 182, 184, 184(1), 184(2) 184(3), 184(4), 185, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 310 ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс) ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ) мебошад. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷоми чунин амалҳо бо маҳрум сохтан аз озодӣ бо муҳлати аз 10 то 15 сол ҷавобгарӣ пешбинӣ намудааст (Тавассути интернет анҷом шудани амали мазкур тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 03.08.2018, № 1538 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст). Бояд қайд намуд, ки гузоштани лайк (класс) ва табодул кардан (поделиться)-и маводҳои хусусияти террористидошта ба ин амал шомиланд. Чунки дар шарҳи сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ дар Кодекси мазкур омадааст: “Зери мафҳуми сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи терроризм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад”.      

Ҳаёти шахсӣ: Баъзан дар интернет, ба вижа шабакаҳои иҷтимоии он ба назар мерасад, ки дар бораи ҳаёти шахсӣ, ки сирри шахсӣ ё оилавии шахси дигарро дар бар мегирад, маълумот (дар шакли матн, аудио, видео ва аксҳо) паҳн карда мешавад, ки ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар мерасонад. Амали мазкурро моддаи 144 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ) банду баст менамояд.      

Масоили порнографӣ низ дар робита ба интернет аз ҷониби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррарот пешниҳод шудааст, ки онро моддаҳои 241, 241(1), 241(2) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

Истифодаи акси нафари дигар: Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурдани аксу сурат ва ё тасвири нафари дигарро бе иҷозати ӯ манъ менамояд. Тартиботи мазкурро банди 2 моддаи 176 (ҳуқуқ ба тасвири шахсӣ) Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст: “Нашр намудан, нусха бардоштан ва паҳн кардани асари тасвирие (расм, акси фотографӣ, кинофилм ва ғайра), ки дар он шахси дигар тасвир ёфтааст, танҳо бо ризоияти шахси тасвирёфта, пас аз вафоташ бошад, бо ризоияти фарзандон ва ҳамсари дар қайди ҳаёт будаи ӯ иҷозат дода мешавад”. 

Паст задани шаъну шарафи инсон: Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳоеро, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд (маълумоти бардурӯғ, туҳмат, таҳқир), муқаррарот низ пешниҳод намудааст. Муқаррароти мазкурро моддаҳои 174, 174(1) ва 175 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.

Бо дар назардошти дунёи маҷозӣ будани интернет дар баъзе ҳолатҳо бархе аз истифодбарандагони он аз татбиқи қонун канор мемонанд. Дар ин маврид беҳтарин бархӯрд ба пешгирии қонуншиканиҳои интернетӣ ин вокуниш ва фаҳмондадиҳиҳои саривақтӣ ба ҳисоб мераванд. Агар рӯҳониён, равшанфикрони шинохтаи кишвар ва омӯзгорони макотиби миёнаву олӣ дар муқобили тарғибу даъватҳои ғаразноки интернетӣ ба таври фаъол вокуниш нишон дода, бевосита дар интернет мавқеи худро эълом медоштанд, бе тардид, ин дар пешгирии сар задани ҳама ҷиноятҳои интернетӣ мусоидат менамуд.

Маъруф Шонасурдинов, корманди Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Масъудҷон Халиков, корманди Маркази табъу нашр, тарҷума ва баргардони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон