
Кӯдакон сарвати муҳимтарин, ояндаи неки имрӯзу фардои миллат мебошанд ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо вазифаи ҳар як шахс, ҷомеа ва давлат аст. Бо назардошти чунин муҳимият дар саросари дунё рӯзи 1 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Соли ҷорӣ он маротибаи 70-ум ҷашн гирифта мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 30 дарсади аҳолиро кӯдакон ташкил медиҳанд ва онҳо мавриди ғамхории давлат қарор доранд. Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакону наврасон, таъмини некуаҳволӣ ва инкишофи ҳамаҷонибаи онҳоро яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ намудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон зикр намуданд: «Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ, рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад».
Дар робита ба ин метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва новобаста аз вазъияти мураккаб соли 1993 аъзои Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак гардид. Ва ба ҳар як кӯдаке, ки дар қаламрави он қарор дорад, тамоми ҳуқуқҳои дар ин конвенсия пешбинигардидаро эътироф ва таъмин менамояд.
Иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар рӯҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд. Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти фарзандони кишвар сол ба сол беҳтару рангинтар мегардад.
Ислоҳот ва рушди низоми маориф ва дар ин робита таъмин намудани баробарӣ ва дастрасӣ ба таҳсил, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар тамоми зинаҳои он аз мақсадҳои стратегии миллӣ ба шумор мераванд. Тадбирҳои дар ин самт андешидашаванда боиси ҳамасола зиёд шудани фарогирии кӯдакон бо таҳсил мегардад.
Мусоидат ба инкишофи шахсият, истеъдод, қобилияти зеҳнӣ ва ҷисмонии кӯдакон вазифаи муҳими давлат ба шумор меравад. Муносибати мо нисбат ба кӯдакон, қобилияту истеъдоди онҳо кафолати ояндаи бомуваффақияти кишвар аст. Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯз насли навраси болаёқат Ватани азизи моро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Онҳо дар олимпиадаву озмунҳо, мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён, медалу дипломҳои дараҷаҳои гуногун ва ифтихорномаҳо мегарданд.
Ҳоло дар натиҷаи ислоҳоти низоми тандурустӣ, ки саломатии модару кӯдак омили калидии он эътироф шудааст, вазъи ҳуқуқи кӯдакон ба саломатӣ ва дастрасии онҳо ба хадамоти тандурустӣ беҳтару хубтар шуда истодааст. Коҳиш ёфтани нишондиҳандаҳои фавти кӯдакон, паст гардидани сатҳи бемориҳои сироятӣ дар байни кӯдакон шаҳодати ин гуфтаҳоянд.
Ташаккули комили шахсияти кӯдак, тарбияи дурусти ӯ дар оилаи солим, дар муҳити меҳру муҳаббат имконпазир аст. Аз ин рӯ, давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя намуда, модару кӯдакро таҳти ҳимоя ва ғамхории махсус қарор медиҳад. Бо ин мақсад тадбирҳои дахлдор бобати баланд бардоштани масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд, рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ, рушди шаклҳои алтернативии тарбия дар оила андешида мешаванд.
Давлат нисбат ба ҳаёти кӯдакони ятим, маъюб ва бепарастор бетафовут набуда, ғамхорӣ ва дастгирии онҳоро аз вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 5277 ятими кулл ва 74 ҳазор ятим зери сарпарастии давлат қарор дорад. Ҳуқуқҳои онҳо ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ, меҳнат, манзил ва дигарҳо аз ҷониби давлат кафолат дода мешаванд. Агар ба соли таҳсили 2019 - 2020 назар андозем, дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 1718 кӯдаки ятим, 39321 кӯдаки нимятим бо таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 2461 нафар дар мактаб – интернатҳо мехонанд.
Дар ҷумҳурӣ барои дастгирии иҷтимоӣ, тавонбахшӣ ва солимгардонӣ, таҳсилоти кӯдакони маъюбиятдошта ва барои онҳо муҳайё намудани муҳити дастрас барномаҳои дахлдор амалӣ карда мешаванд. Дар раванди ин тадбирҳо ҷумҳурӣ Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбонро ба имзо расонда, ҷиҳати ба тасвибрасонӣ ва амалӣ гардондани он Нақшаи миллии амалҳо роҳандозӣ шудааст.
Имрӯз масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқҳои кӯдак дар робита бо Ҳадафҳои рушди устувор баррасӣ мегарданд. Зеро бе рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ҳуқуқҳои кӯдак наметавонанд самаранок амалӣ шаванд ва кӯдакон бошанд дар баробари ин метавонанд ҳамроҳи калонсолон дар бунёди ҷомеаи осоишта ва пешрафта саҳмгузор бошанд.
Кӯдакон сазовори ҳаёти арзандаанд ва вазифаи мо аз он иборат аст, ки чунин муҳитро барои онҳо муҳайё созем ва барои ба ҳаёти оянда омода шудани кӯдакон ба онҳо кумак расонем. Муҳите созем, ки тифлтарбия бошад. Зеро хандаи тифл далели осоиш дар ҳар хонадон ва дар маҷмӯъ далели амнияти ҳар ҷомеа аст!
Р. ҲАБИБУЛЛОЗОДА,
ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон