ИНЪИКОСИ МАСОИЛИ ИФРОТГАРОӢ ДАР ФАЗОИ ИТТИЛООТӢ. БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР КУМИТА

Нашр шуд korbar - вт, 02/26/2019 - 13:53

Имрӯз, 26-уми феврал дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, инчунин амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 дар мазӯи “Инъикоси масоили ифротгароӣ дар фазои иттилоотӣ ва таъсири он ба суботи ҷомеа: мушкилот ва паёмадҳо” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар кори ҷамъомади мазкур роҳбарияти Кумита, намояндагони вазорату идораҳои кишвар ва коршиносон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Баъди сухани ифтитоҳии Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода иштирокдорони ҷамъомади мизи гирд доир ба масоиле чун раванди бархӯрди тафаккури анъанавӣ бо андешаҳои динӣ-ифротӣ дар ҷомеа, усул ва шакли тарғиботи ифротгароӣ дар васоити ахбори омма, таҷрибаи бозгардонидани донишҷӯён аз хориҷи кишвар, раванду паёмади гирифтани таълимоти динӣ дар хориҷи кишвар табодули афкор намуданд.