СОVID – 19. ТАРС БАТАДРИҶ АЗ БАЙН МЕРАВАД

Нашр шуд korbar - вт, 06/02/2020 - 10:50

Чун аксар кишварҳои ҷаҳон дар кишвари мо низ хуруҷи пандемияи COVID-19 рӯ ба коҳишёбӣ дорад. Доир ба роҳҳои пешгирӣ ва эҳтиёткорӣ аз ин вирус андешаҳои Сабзалӣ Муродзода, директори муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии № 10 - и шаҳри Душанбе судманду умедбахшанд.
Бино ба гуфтаи ӯ, дар оғози паҳншавии ин беморӣ мардум ба таҳлука афтоданд. Сокинони шаҳр аксаран ноором гашта, тарсу ҳарос доштанд. Вале, хушбахтона, ҳоло ин беморӣ рӯ ба коҳиш овардааст.
- Рӯзе то 60 кас бо таҳлука барои ташхис ба дармонгоҳи мо меомад. Аз ин шумора ҳамагӣ 5 - 6 нафари онҳо нишонаҳои беморӣ доштанд. Ҳар касе бо ин ё он сабаб фавтад, ҳатман омили марги ӯро ба COVID-19 рабт дода, тарсро боз густариш доданд. Дар ҷаҳон бемориҳои дигаре низ ҳастанд, ки шумораи фавт аз он назар ба коронавирус бештар аст. Ҳатто хатарнокии зукоми муқаррарӣ аз COVID-19 бештар мебошад. Ҳоло шумораи ба муоинаи рентгенӣ меомадаҳо низ кам шудааст, ки ин аз сатҳи огоҳии мардум башорат медиҳад. Зеро рентгени бемаврид низ ба саломатии инсон зарар дорад, - мегӯяд Сабзалӣ Муродзода.
Табибони ин дармонгоҳ бо либосҳои муҳофизатӣ, аз қабили хилъату дастпӯшаку ниқобҳо таъминанд. Аз ҷониби раёсати тандурустии шаҳр низ пайваста лавозимоти муҳофизатӣ дастрас мешавад. Миқдори муайяни дорувориҳо низ ворид гардид, ки қаблан камчин буданд.
То имрӯз шумораи умумии беморон дар ин муассиса қариб 400 нафарро ташкил дода, аз ин беш аз 240 нафар ба муолиҷаи амбулаторӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ин муддат даҳҳо нафар баъди пурра шифо ёфтан ба хонаҳои худ баргаштанд. Онҳое, ки калонсол ва ё бемориашон ҷиддитар буд, дар худи беморхона дар шароити амбулаторӣ бистарӣ шуданд.  Марказ дорои телефони боварӣ  буда, шаҳрвандон метавонанд  бо рақами 236 - 44 - 61 муроҷиат намоянд.
Сабзалӣ Муродзода ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ миннатдории худро изҳор дошта, афзуд, ки роҳбарияти олии мамлакат ҳамеша дар фикри табибон ва мардуми азизи кишвар аст.
- Мо - табибон танҳоем, агар беморон бо мо муттаҳид набошанд. Зеро ин бемориро танҳо иттиҳоди якҷояи муассисаҳои тиббӣ ва шаҳрвандон коҳиш дода метавонад, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Мутриба ТӮЙЧИЗОДА