БАРГУЗОРИИ ҶАМЪОМАД БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ

Нашр шуд korbar - пт, 03/01/2019 - 14:13

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 28-уми феврал дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ҷамъомад доир гардид. Ҷамъомадро муовини Раиси Кумита Азизулло Мирзозода ифтитоҳ бахшида, иброз намуд, ки рушди бахши сайёҳӣ дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи махсус дорад, аз ин рӯ бояд дар татбиқи ин ҳадаф бояд ҳамаи хизматчиёни давлатӣ нақшгузор бошанд. Дар идомаи ҷамъомад муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода доир ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва пешрафту камбудҳои ҷойдошта дар соҳа суханронӣ намуд. Дар поёни ҷамъомад миёни иштирокдорон доир ба мавзӯи мавриди назар табодули назар ва пурсишу посухҳо сурат гирифт.