Имрӯз дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Гароиши ҷавонони тоҷик ба ҷараёнҳои ифротӣ дар дохил ва хориҷи кишвар: заминаҳо, омилҳо ва паёмадҳо” ҷамъомад баргузор гардид. Ҳадафи баргузории ин ҳамоиш татбиқи босамари Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 арзёбӣ мегардад. Ин ин ҷамъомад роҳбарияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, кормандони соҳаи дин ва коршиносону ҷомеашиносон иштирок намуданд.
Дар рафти ҷамъомад доир ба мавзӯоте чун омилҳои гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар кишвар ва дар байни муҳоҷирони кории тоҷик ва роҳҳои пешгирӣ аз ин раванд, нигаҳдории оиладории миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ва рушди ифротгароӣ, ба роҳ мондани ҳамкории бештаре миёни мақомоти давлатӣ ва ҷавонон табодули назар сурат гирифт.
Аз ҷумла таъкид гардид, ки чун тундагароии ба сӯи терроризм майлдошта, аз зумраи мушкилоти умдаи ҷаҳони имрӯз ва хосатан кишварҳои мусулмонӣ ба шумор меравад, ин зуҳурот, дар ҳар шаклу навъ боиси қафомондагӣ ва садди роҳи рушду тараққии кишварҳост.
Аз ин рӯ, зарур аст, то манбаъҳои шинохти омилҳои майли ҷавонон ба ифротгароӣ аз ҷониби таҳлилгарони дохилӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифта, шеваи бархӯрд бо ин зуҳурот мушаххасу дақиқ бошад.