ДАРАҶАИ ЭҲСОНКОРИЮ БУНЁДКОРӢ АЗ ҲАҶИ ТАКРОРӢ БОЛОСТ

Нашр шуд korbar - пн, 03/11/2019 - 11:14

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дастуру ҳидоятҳояшон, аз ҷумла дар Паёмҳои худ ба масъалаҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, соҳибкорону ашхоси саховатпешаро ба ободонии мамлакат ва дастгирии оилаҳои ниёзманд ҳидоят менамоянд. Дар ҳар як вохӯриҳои худ бо халқ борҳо таъкид намудаанд, ки ҳар як амали неку созанда савоби зиёде дораду сари ятимеро сила намудан дари биҳиштро ба рӯи шахси саховатпеша боз месозад. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки ҳар як шахси соҳибмулку эҳсонкор ва саховатпешаю савобҷӯ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии ашхоси камбағалу ниёзманд маблағи зиёдатии худро харҷ намояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ сатҳи зиндагию некуаҳволии шаҳрвандон беҳтар гардида,  тараққиёти хоҷагии халқ ва иқтисодиёти кишвар бамаротиб пеш рафта, корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифт. Ана дар ҳамин давра гурӯҳи мардуми соҳибкору корчалон, ки саҳти зиндагиашон нисбатан баланд рафту соҳиби молу мулк ва боигарии зиёд шуданд, ба тавофи хонаи Каъба даст ёфтанд. Ҳамасола зиёда аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари мо  ба Арабистони Саудӣ сафар намуда, зиёрати хонаи Худоро ба ҷо меоранд. Имрӯз мебинем, ки аҳли ҷомеа нисбати ин рукни дини Ислом таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, аллакай дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то 5 соли оянда рӯйхати ҳиссаи навбатдорӣ ба зиёрати хонаи Худо банд шудааст. Аллбата, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ баҳри сафари ҳаҷ ҳама шароитҳо муҳайё шудааст. Аммо набояд зиёрати хонаи Худоро ба як раванди хушнамоишдиҳиву унвонталабӣ табдил дод. Зеро баъзе шахсон маросими ҳаҷро ба василаи худнамоиву зоҳирпарастӣ ва тиҷорат табдил дода, чор ва панҷ маротиба ба ҳаҷ мераванд. Нодида мегиранд, ки шариати Ислом барои ҳоҷиён ду шарти асосӣ : якум тандурусту оқил будан ва дуюм қудрат ба тавоноиро гузоштааст. Мутаассифона, иддае шарти «қудрат ба тавонӣ»-ро нодуруст дарк намудаанд. Баъзе аз ҳамватанони мо бо вуҷуди надоштани шароити хуби зиндагӣ кӯшиш мекунанд, ки ба зиёрати хонаи Худо раванд. Вақте дар шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон кор мекардам, марде ба дафтари кориям ташриф овард ва бисёр илтимос намуд, ки барои сабти номаш дар рӯйхати ҳаҷравандагон мусоидат намоям. Ба сару либоси фақиронаи ӯ назар карда, гуфтам: -Оё маблағи сафари ҳаҷро пайдо карда метавонӣ ? ­ - Писаронам дар Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ машғуланд, маблағҳои фиристодаи онҳоро истифода мебарам ва рафту маблағам нарасад, молу ҳоламро мефурӯшаму меравам, - дар посух гуфт он мард. – Чаро ҳамсоя мерафтаасту ман не?! Ман ҳатман меравам то ҳамсояҳо маро ҳам «ҳоҷӣ» гӯянд». Аз ин посух ҳайратзада шудам. Шахсони обрӯманди деҳаҳоеро медонам, ки бо меҳнати ҳалол ва хайру сахои худ дар байни аҳли деҳа ном бароварда, баъди амалишавии кори хайрашон дар ҷомеа ба сафари зиёрати хонаи Худо рафтанд ва имрӯз аҳли деҳа бо хушнудӣ «Ҳоҷӣ» гуён намаш мебаранд. Аз қабили чунин шахсони обрӯманд сокинони деҳаи Навободи ноҳияи Восеъ Ҳоҷӣ Аҳмад, Ҳоҷӣ Сайрамон ва Ҳоҷӣ Аҳмадхон мебошанд, ки ҳар кадом аз пасандози ҷамъкардаи худ аз масофаи 5км хатти оби нӯшокиро барои ҳамадеҳагонаш оварданд, дигаре роҳи дохили деҳаро сангфарш намуд ва ҳама вақт ёрии худро баҳри ҳалли мушкилоту камбудиҳои сокинони деҳа мерасонад. Ҳоҷӣ Шарофуддин аз деҳаи Қурбоншаҳид ва Ҳоҷӣ Эмомалӣ аз деҳаи Ғаллазор аз маблағи пасандози худ дар назди муассисаҳои таълимии №59 ва 48 аз 4 то 6 синфхонаи иловагиро бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ ба ихтиёри хонандагон супориданд. Чунин намунаи хуби дасти хайрро дар кору кирдори соҳибкори ҷавони ноҳияи Темурмалик Муҳибулло дидан мумкин аст. Муҳибулло бо дарназардошти мушкилоти мавҷуда дар маҳал аз сафари хонаи Худо даст кашид ва ба садақаи ҷория иқдом намуд. Ӯ дар суҳбат иброз дошт, ки ҳаҷҷи ӯ дар ҳамин ҷост. Ҳар сол аз маблағи пасандози худ барои як оилаи камбизоати зодгоҳаш як хона бо тамоми воситаҳои рӯзгор сохта туҳфа мекунад. Бо ин амали хайраш ӯ миёни ҳамдеҳагонаш муҳтараму муътабар аст. Сокини деҳаи Гулистони шаҳри Кӯлоб Г. Каримов, ки қариб як сол мешавад, ки ин дунёро падруд гуфтааст,  умри худро дар нигоҳубини саломатии одамон сарф кардааст. Аз пасандози худ барои ҳамдеҳагон хатти оби нӯшокӣ овардааст. Вақте ки писараш дар бораи ба ҳаҷ рафтанаш маслиҳат мепурсад, вай мегӯяд, ки кӯдакони деҳа мактаби замонавӣ надоранду ту маро ба ҳаҷ мефиристӣ? Агар маблағи зиёдатӣ дошта бошӣ, барои кӯдакони деҳа мактаб бисоз. Писар суханони падари меҳрубонашро, ки он вақт дар бистари беморӣ буд, маъқул дониста, аз пайи иҷрои он шуд. Сохтмони бинои сеошёнаи мактаби нави деҳаро, хушбахтона, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол бо гузоштани санги асос оғоз бахшиданд. Ё ин ки омӯзгори собиқадори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб бобои Гулаҳмад ба сафари ҳаҷ нарафта, маблағи пасандози ҷамъкардаи худро барои сохтмони хатти барқи доимии сокинони деҳаи навбунёди Кӯлоб сарф намуд. Ва сокинони деҳа аз рӯзе, ки хонаҳояшон бо чароғи барқӣ равшан шуд, то ҳол дар ҳақаш дуои хайру баракат мекунанд.

Тавофи хонаи Каъба ин худ иҷрои яке аз рукунҳои дини мубини Ислом мебошад. Пас, ҳамватанони моро мебояд баъди адои ҳаҷ бо дилу нияти пок ба Ватан баргашта, дар тарғиби суннатҳои неки ватандорӣ, ободии диёри хеш, одобу ахлоқ ва рафтори ҳамида саҳми босазо гузоранд.

Ҳаҷ барои як мусулмон як бор фарз шудааст. Бинобар ин шахсоне, ки маротибаи дуюм ва сеюм ба ҳаҷ рафтан мехоҳанд, беҳтар аст, ки аз рӯи аҳкому фармудаи шариат амал намуда, маблағи хароҷоти онро барои зиндагии шоистаи хонаводаи худ, таҳсили фарзандону наберагон, ободии диёр, бунёди корхонаву мактабҳо, ҳаммому бунгоҳҳои тиббӣ, инчунин барои кумаку дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону беморон ва оилаҳои камбизоат сарф намоянд.Ин беҳтарин ибодат аст.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

мухбири минтақавии маҷаллаи «Дин ва ҷомеа» дар вилояти Хатлон