МОДЕЛИ ТОҶИКИИ СУЛҲ НАМУНА ВА ТАҶРИБАИ НОДИР БАРОИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Нашр шуд korbar - пт, 06/26/2020 - 09:37

Баъд аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва эълон намудани ин рӯзи таърихӣ ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ, миллати тоҷик дубора сарҷамъ шуд. Ва истилоҳи «Ваҳдати миллӣ» дар зеҳни тоҷикистониён ба як рукни муқаддас, фоли нек, умед ба оянда, боварӣ ва итминони хосса ба марди хирадсолор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бақои Тоҷикистон мубаддал гашт.

Тавре шоҳид будем, дар он солҳои мудҳиш баъзе аз кишварҳои дуру наздик оромиву осудагии Тоҷикистонро намехостанд ва бо ҳар роҳ ба раванди сулҳ халал мерасонданд. Аз нахустин қадамҳои истиқлолият доираҳои муайяни бадхоҳ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ, бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонданд. Дар натиҷа 150 ҳазор шаҳрванди мо қурбони ҷанг гардида, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк ва номи гурезаро гирифт.
Бешубҳа, имзои санади сарнавиштсоз - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ боис гардид, ки Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот ёфта, ба миллати тоҷик рӯҳу илҳоми нав бахшида, дар сарҷамъ кардани миллат, иттиҳоду ягонагии мардум нақши бебаҳо гузошт. Давлати соҳибистиқлоли мо ҳувият ва ҳастии хешро дубора ҳифз карда, ба ҷаҳониён исбот намуд, ки миллати тоҷик дорои тамаддуну фарҳанги бостонӣ буда, муҳимтарин муқаддасоти хеш Ватанро медонад.
Баъди гузашти қариб чоряк аср аз истиқрори сулҳу субот дар Ватани азизамон метавонем бо хотири ҷамъ ва итминони комил гӯем, ки имрӯз ваҳдати миллӣ ба ғояи умумимиллӣ ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи мо мубаддал шудааст. Ҳамин буд, ки як силсила мушкилоту монеаҳо бартараф гардида, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ва ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардида, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ табдил дода шуданд. Бо саъю талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ин ҳадафҳо гомҳои устувор гузошта шуда, дар кишвар иншооти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Имрӯз бисёр зарур аст, ки андешаи сулҳу ваҳдат ба фарҳанги насли ҷавони кишвар табдил дода шавад. Чунки идеяи сулҳу ваҳдат як муддат ҳамчун ғояи миллӣ барои халқи тоҷик хидмати бузург намуд. Акнун замони он аст, ки ваҳдат маҳз дар сатҳи як зарурати ҷамъиятӣ ва зарурати фардии ҳар як шаҳрванди кишвар фаҳмида шавад. Бояд ҳар як шаҳрванди кишвар, новобаста аз миллат, дин ва ақидаи сиёсии худ дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам амалишавии орзую манфиатҳои шахсии ӯ фақат дар сурати сулҳу ваҳдат имконпазир мебошад.

Абдуҳаёт АБДУСАЛОМЗОДА