
ДОНИСТАНИ ҲАҚИҚАТИ ТАЪРИХ МАСЪУЛИЯТИ ҲАР ЯКИ МОСТ
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ чун кишвари дорои таҷрибаи нодири сулҳсозӣ муаррифӣ мешавад. Ба ваҳдат овардани як миллати ба сангарҳои муқобил ҷудошуда кори саҳл набуд.Душманони халқу Ватани мо бо идеологияи муғризонаи худ ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро таҳрезӣ намуда, ин фоҷиаро ба бор оварданд. Насли мо шоҳиди ин воқеаҳо будем. Ҳамаи он даҳшати ҷангро бо чашми сар дидем. Озодию ободии имрўза бар ивази қурбонии ҳазорон одамон, хисороти моддӣ, гурезагии ҳамватанонамон ба даст омад.
Хушбахтона, саҳифаи таърихи навини Тоҷикистон маҳз аз Иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардида, баста шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ваҳдати тоҷикон поянда гардид. Халқи тоҷик тавонист бо иродаву сарсупурдагии фарзандони меҳанпарасташ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти худро ҳифз кунад. Барои ин ҳашт давраи музокирот, гуфтушунидҳо дар сатҳҳои гуногун , талошу аз худ гузаштан баҳри аз вартаи нобудӣ раҳо кардани миллати тоҷик лозим шуд. Ин сабақи таърих барои насли имрўзу ояндаи Тоҷикистон омўхтанист, то ки ба ин давра воқеъбинона баҳо дода тавонад, ба қадри ҷоннисориҳои насли калонсол бирасад.
Намоиши силсилафилми ҳуҷҷатии “Хиёнат” тариқи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили иди Ваҳдати миллӣ басо рамзист, чунки ин саҳифаи хотирмони таърихи мост ва донистани ҳақиқати он масъулияти шаҳрвандӣ ва ватандории мо мебошад. Саҳнаву чеҳраҳои шинос дар филм хотиротамро варақгардон карданд.
Фаъолияти ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо идеологияи бунёдгаронаи исломӣ дар солҳои 90-уми асри 20 барои кишвари мо чи оқибатҳо дошт, ба ҳама маълум аст. Ҷои таассуф аст, ки ворисони ин ташкилот имрўз бо номҳои дигар аз ҷумла Паймони миллӣ дар Аврупо амалҳои хиёнаткоронаи худро нисбати Тоҷикистон ва миллати худ идома медиҳанд.
Иғвогариҳои иттилоотии онҳо тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ, радио ва телевизионҳои онлайнӣ паҳн мешаванд. Муҳтавои иттилооти фейкӣ, яъне бардурўғ ва таҳрифшуда , ки воқеияти ҷомеаи Тоҷикистонро инкор карданӣ мешавад, талвосаи ҷонкании даррандаи захмдорро мемонад, ки тавони мубориза надорад.
Банда ҳамчун намояндаи ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Хатлон дар конфронси байналмиллалӣ оид ба арзишҳои инсонӣ иштирок доштам ва шоҳиди мубоҳисаҳои намояндагони ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Гурўҳи-24 будам. Дар муқоиса бо мухолифини солҳои 90-ум ,ки ходимони дин, пешвоёни рўҳонии тундгаро, маҳалгароёни ашаддӣ буданд , имрўз дар сафи ин ташкилот ҷавонони бетаҷрибаву ба эҳсосот додашуда, ба чӣ будани сиёсату давлатдорӣ сарфаҳм намерафта ва пайвандони маҳбусони сиёсӣ ҷамъ омадаанд. Чи тавре ки ҷавонони ноогоҳу зудбовар ба ҳаракатҳои террористӣ мегараванд, асосан хешу табор, донишҷўёни мактабҳои олии дар Ғарб таҳсилкунанда ба ин ташкилот ҷалб гардидаанд. Шояд волидайни онҳо дар бораи гаравгонгирӣ, митингҳои Шаҳидон, қассобхонаи ҳаммоми савхози Туркманистон, муҳосираи қизоии мардуми Кўлоб, бочка-зиндонҳо, ваҳшиёна кушта шудани асирон, ғуломдорӣ ва таҷовузу тазъиқи одамони бегуноҳ, тороҷи молу сўзондани хонаву деҳаҳо хабаре надошта бошанд. Баромадҳои ин муборизони ба ном адолатхоҳро коргардонҳои пасипардагии хориҷӣ омода мекунанду онҳо танҳо мехонанд. Табиист, ки дар дар ғарибӣ, гарон будани нарху навои зист ва таҳсил дар Аврупо онҳоро маҷбур мекунад, ки ноогоҳона аз асли мақсад бар зидди Ватану халқи хеш санги маломат зананд. Як чиз мусаллам аст, касе ,ки хиёнати наҳзатиёнро барои мансабу ҳокимият дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва 2015 бар миллати худ дидааст, талхии фоҷиаи куштори наздикону пайвандонашро чашидааст, онҳоро намебахшад. Вақте ки аз минбари конфронсҳои байналмиллалӣ ин тўдаи гумроҳшудагон даъвои демократия, озодии сухан, адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқ баромад мекунанд, аз он бўйи ғараз, маҳалгароӣ, таҳқири инсон ва манфиати шахсӣ меояд. Гўё онҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфтан мехоҳанд, ки дар ғами Тоҷикистонанд. Дар суҳбат бо мухбири телевизиони «Садои мардум» аз Беҳрўзи Тағойзода оид ба набудани миллати тоҷик, форсӣ будани адабиёти тамаддуни мо шунидам, дарк кардам, ки мағзшўйи ҷавонон онҳоро на танҳо аз Ватан, балки аз ному насаб, маҳзабу дин ҳам дур кардааст. Ба Салмон тағйир додани номи аслии тоҷикона, бо лаҳни шикастаи форсӣ сухан кардани ў ба кадом хоҷагон хизмат кардани ин қабил ҷавонони гумроҳро мефаҳмонд. Ба саволи ман, ки дар шиносномааш миллаташ чӣ сабт шудааст, дар ҷавоб лол мондани ў аз хотирам намеравад. Маҳз Фирўзи Маҳмадалӣ-писари Маҳамадалии Ҳайит, Сулаймон Орзуев, ҷияни Кабирӣ-Муҳаммад ҷавонони волонтёр барои барангехтани нобоварӣ ба намояндагони Тоҷикистон саъй карда бошанд ҳам, маълум буд, ки иҷрои ин нақшаи ҷиддиро дигарон назорат мекарданд.
Мо дар рафти конфронс бо Муҳиддин Кабирӣ, Темури Варқӣ, Илҳом Ёқубов, Шамсиддин Гадоев, Мирзораҳим Кузов , Ҳумайрои Бахтиёр, Муҳаммадиқболи Ҳусайнӣ, Шабнам Худойдодова, Равшани Темуриён, Муаззама Қодирова, Ҳусейн Ашуров, Дилшод Шарипов, Саидалӣ Ашуров ки ба андешаи онҳо танҳо «ақидатӣ дигарем» вохўрдем. Идеяҳои ташкили давлати исломӣ, риояи қонунҳои шариат, ки солҳои навадум тарғиб мешуданд, имрўз мазмуни дигар касб кардаанд. Иддаои озодии мутлақи сухан, гирдиҳамоиҳо дар чаҳорчўбаи демократия ҷилва доданӣ мешаванд. Фарзандону ҳимоятгарони собиқ наҳзатиён барои маҳбусони зинда ба адолат даъват мекунанд. Барои хуни ноҳак рехтаи ҳазорҳо одамони ҳалокшуда, террор шудани беҳтарин зиёиёну ходимони сиёсӣ, ашки ятимон, хорию ғарибиҳои хамватанонамон, озори рўҳиву равонии пайвандони шаҳидон кӣ бояд ҷавоб гўяд. Ҳар амалеро подошест.
Фаромўш мекунанд, ки мардуми мо асли дасисаҳои ин ташкилотҳои террористиро дарк кардаанд ва бозгашт ба қафо нахохад буд. Ҳеҷ як фарди солим такрор шудани ҷангро намехоҳад.
Аз хама бештар занону модарон ҷангро маҳкум менамоянд. Марги ҳамсару фарзандон, дўстони ҳамсоягон занонро мутаассир мекунад .Таҳаммули ин дард гарон мебошад. Сўзиши гум кардани одамони наздик дар дили ҳазорҳо модарони тоҷик имрўз ҳам аламу доғ аст. Афсўс, ки дар хориҷи кишвар бонувони тоҷик бо ҳамон тоифаи хоин фаъолият доранд. Агар занони аҳли оилаҳои худи террористонро сарфи назар кунем, журналистон ва адвокатҳое, ки андешаҳои онҳоро ҷонибдорӣ мекунанд, ба ин гурўх шомиланд. Муносибату илтифоти тоҷиконаи Муаззама Қодирова, адвокат, аз Гурўҳи – 24 самимӣ буд. Шояд ҷозибаи ҳамҷинс, ҳаммиллат буданамон буд, ки мехост бо ман бештар суҳбат кунад. Хеҷ яки мо аз решапайванди худ, аз Ватан, забон , одобу анъанаҳои халқи худ дур рафта наметавонем. Ин эҳсоси табиист. Шахсе, ки мусофир шудааст, қадри дур будан аз зодгоҳу наздикон ва пазмон шуданро медонад. Фавқулода дар кўча шиносеро аз деҳааш вохўрад, чунон хурсанд мешавад, ки гўё наздиконашро дида бошад.
Рўзе Муаззама таклифам карду гуфт: Апа, донистам, ки хўроки ин ҷоро намехўред. Дар наздикӣ тарабхонаи арабӣ ҳаст , ҳама чизаш ҳалол. Биеёд бо мо равем. Шумо аз Тоҷикистон омадед, ба ҳар ҳол меҳмонед, мусофиред.
Ба ў миннатдорӣ кардам. Ба ин зани ночор ғариб гуфтам: Муаззама! Шумо ҳам дар ин шаҳри бегона мизбон нестед. То кай ин сарсониҳо давом меёбад? Мусофирии мо якчандрўза. Боз ба Ватан бармегардем. Ба назди оилаи худ, дўстону пайвандон ва коргоҳи худ. Боз сари дастурхони тоҷикӣ мешинему барои ҳаёти худ ҳаросе надорем.
Ваҷоҳаташ дигар шуд. Щояд эҳсоси тарс, дудилагӣ ва умед омезиш ёфтанд. Намедонам чиро авлотар медонист. Ҳолаташро тасаввур карда наметавонам, аммо дар доми раҳо карданаш хеле мушкил афтоданаш аён буд. Бо маълумоти ҳуқуқшиносии тоҷикӣ, надонистани забони хориҷӣ дар давлати аврупоӣ кор карда тавонистан амри маҳол аст. Сатҳи зиндагӣ дар ин кишвар хуб, аммо дар муқоиса нарху наво хеле гарон. Аз кадом ҳисоб ў дар ин ҷо зиндагӣ мекунад? Агар оила, фарзандонаш бошад чӣ? Таҳсили онҳо, хароҷоти иҷораву хидмати коммуналӣ. Барои ғизо, либос мувофиқи мавсим маблағи зиёд лозим аст. Фикрҳои паёпай дар сарам чарх мезаданд. Андешаҳои рўзгордории занона ва масъулияти кадбонуи хона будан ором намегузоштанд. Шояд меҳри ғамхории беғаразонаи модарона боло гирифт. Аммо медонистам, ки дар бораи Ватану ватандорӣ дигар хел фикр дорем. Аз баромадҳояш дар конфронс фаҳмидам, ки дастгирии ў кайҳо тархрезӣ шудаву маҳз ба ин шаҳр омаданаш сабаб дорад. Барои ҳимояи пўшидани сатру ҳиҷоби занони Тоҷикистон даъво мекарду худаш ва ҳаммаслаконаш дар либоси танги аврупоӣ буданд. Магар ҳимояи фарҳанги ғайр аз арзишҳои миллӣ болотар меистад? Пўшидани либоси ягонаи расмии занону духтарони тоҷикро дар муассисаҳои таълимии кишвар интиқод мекунанд. Намефаҳмӣ, ки кадом арзишҳоро тарафдоранд. Раҳгум задаанд. Дар таърихи тоҷикон бонувони сиёсатмадору ҷасур танҳо барои беҳбудии миллат ҷоннисорӣ кардаанд. Ҳеҷ зани тоҷик ба Ватан хиёнатро раво надидааст. Гурдофариду Рухшонаҳо маргро аз мағлубият авлотар донистаанд.
Ҳар боре, ки дар маҷлисгоҳ ё долон бо намояндагони собиқ ҲНИТ ва Гурўҳи 24 рў ба рў мешудем, эҳсос мекардем, ки таваҷҷуҳи онҳо ба мо на аз мухолифат доштанамон, балки тоҷик буданамон зиёд мешуд. Дидани либоси тоҷикӣ, шунидани гуфтугўйи тоҷикӣ, пазиройи тоҷикӣ хоҳ нохоҳ асли онҳоро ба ёд меовард. Луқмаҳои «Дар симои Шумо модарамро дидам, Бўйи Ватанро овардед, Хатлони мо чӣ хел аст?» шаҳодати он буд, ки дил ба Ватан гум мезанад, онҳо пазмони пайвандону ҳаммиллатони худ ҳастанд. Дареғ, ки муносибати онҳо ба зодгоҳу халқи худ хиёнат ном дорад. Ин иштибоҳ нест. Ин хиёнати бошууронаест, ки халқ онро фаромўш нахоҳад кард ва бахшидан надорад.
Барои мардуми тоҷик ҳоло сулҳу ваҳдат намои зиндагист ва ин неъмат барои ҳаёту меҳнат дар кишвари соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёду демократӣ кафолат медиҳад. Боз ҳам обод шудани диёр, беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ дар зеҳни ҳар яки мо ҷой гирифтааст. Итминон дорем, ки Ваҳдати тоҷикон поянда мемонад.
Дилором Маҳкамова , дотсенти кафедраи рўзноманигории
ДДБ ба номи Носири Хусрав