ВАҚТЕ КИ ПАРДАИ ШАРМ МЕДАРАД...

Нашр шуд korbar - ср, 07/01/2020 - 14:11

Дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” яке аз пайвандони роҳбари ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ Муҳаммадҷон Кабирӣ паёмҳои видеоӣ гузошта мақомоти қудратии Тоҷикистон дар шиканҷаи ба истилоҳ “зиндониёни сиёсӣ” айбдор кардааст.

Воқеан, бояд ҷои нанг бошад, ки як тӯдаи ҷинояткори фирорӣ ба ҷои ибрат гирифтан аз кору кирдори ҷинояткоронаи падарони худ ба фарзандону пайвандони роҳбарони мақомоти қудратӣ муроҷиат мекунад ва онҳоро ҷинояткор мехонад.

Оё агар воқеан ин тӯда худро “шахсиятиҳои фарҳехта” медонанду ба бегуноҳии худ пофишорӣ мекунанд, чаро ба Ватан барнамегарданд, то бегуноҳии худро собит кунанд? Баръакс, ин шасхон хуб медонанд, ки даст ба чӣ гуна корҳои сангину нангин задаанд ва паёмадҳои қонунии чунин кирдори худро ҳам хеле хуб медонанд. Вагарна Кабирӣ дар вақташ ҳамсафону ҳизбиёнашро тарк карда фирор намекард.

Дахолати як ҷинояткоре бо номи Муҳаммадҷон Кабирӣ ба умумри хонаводагии роҳбарони мақомоти қудратии кишвар як амали ноҷавонмардона ва иғвогаронаест, ки бори дигар аз пастфитратии ӯ шаҳодат медиҳад.

Хуллас, агар аз ҷониби Кабириву хоҷагонаш садҳо чунин гурӯҳҳои дурӯғпаҳнкунанда таъсис шаваду ҳамарӯза бо садҳо паёми видеоӣ баромад кунанд ҳам, ин ҳама чизеро тағйир намедиҳад. Мардум ҳизби террористии наҳзат ва роҳбарону пайравони онро хуб шинохтаанду дигар аз чунин дасисаҳои наҳзатӣ ба хубӣ огоҳанд.

Бурҳониддин Аминов,

мутахассиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҲҶТ