ЗУЛМУ БЕДОДГАРИИ НАҲЗАТИЁН ФАРОМӮШ НАШУДААСТ!

Нашр шуд korbar - ср, 07/01/2020 - 12:29

Муҳаммадҷон Кабиров яке аз хешони наздики роҳбари ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом аст, ки баъди фирорӣ шудан дар қатори Кабириву дигар пасмондаҳои наҳзатӣ дар хоки Аврупо бо истифода аз минбари шабакаҳои иҷтимоӣ миёни мардум тафриқаву фитнаангезӣ мекунад. Ахиран номбурда дар як суҳбати виеоӣ иддао мекунад, ки чандин парвандаҳои марбут ба қонуншиканиҳо аз сӯи мақомоти Тоҷикитсонро ба созмонҳои ҳуқуқи башар барои додрасӣ пешниҳод намудааст. Беҳуда дар урфият нагуфтаанд, ки “дузди зӯр соҳиби ковро муттаҳам карданист”. Ҳоло саволи матраҳ ин аст, ки чӣ касе ба гурӯҳи ҷинояткор иҷоза додааст, ки фаъолияти ниҳодҳои давлатии як кишвари мустақилро ба баррасӣ кашад? Вақте Каиброву Кабириҳо дар мавриди хушунату шиканҷа сухан мегӯянд, бояд пеш аз ҳама пеши назарашон бочказиндонҳои наҳзатӣ ҷилвагар шавад. Зеро хушунату зулму ситаме, ки дар миёни наҳзатиён собиқа дорад, дар миёни хунхортарин гурӯҳҳои ҷиноятӣ бесобиқа аст.

Шумову пирони шумо буданд, ки рӯирост мардумро ба ҳамдигаркушӣ даъват намуданд, шумо будед, ки ба мардум тиру туфанг додед, шумо будед, ки мӯйсафедони бечораро гӯл задед, ки агар дар ин муноқишаҳо иштирок накунад, занаш талоқ мешавад. Ҳоло шарм надошта бо дигар ҳилаи шаръӣ мехоҳед миёни ҷомеаи Тоҷикистон нуфуз ва ҷои по пайдо кунед. Аммо таърих собит кард, ки ҳар ҷое ҷои по пайдо кардед, наҳсиву касофат овардед. Шумо воқеан “ҳизби наҳсат” ҳастед.

Иброҳим Абдуллоев,

Ходими дин