ҶИНОЯТКОРОНИ ТАЪРИХНАВИС?

Нашр шуд korbar - ср, 07/01/2020 - 15:09

Ба назар мерасад, ки вақтҳои охир наҳзатиёни парешону фирорӣ бо дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ талош мекунанд, ҳақиқати таърихии хиёнату разолатҳои худро аз чашми ҷомеа пинҳон намуда, сохторҳои давлатиро ба ҳар баҳонае туҳмат зананд. Мисоли ин корро ахиран дар як изҳороти хешованди наздики роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳаммадҷон Кабиров шоҳид гаштем. Номбурда онгуна ҳарф мезанад, ки гӯё касе шоҳиди зулму ситам ва бедодгариҳои наҳзатиён дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва марҳилаҳои баъдӣ набудааст. Ӯ бо лаҳни тунду ифротгароёнае ба давлату ҳукумат ва мақомоти қудратии Тоҷикистон туҳмат мезанад. Мисли дигар воизони наҳзатӣ дар мисоли Қиёмиддини Ғозӣ бо суханҳои авомфиребе талош мекунад, ба дили мардум роҳ ёбад.

Муҳаммадҷон Кабиров бо дурӯғҳои шохдоре иддаои таърихнависӣ дорад. Ягона сухани росте, ки ӯ баён медорад, ин аст, ки ҳама кори неку бад дар таърих бақӣ мемонад. Бо ин гуфтаҳо худи Кабириву кабиричаҳо низ як ҳақиқатро набояд фаромӯш кунанд, ки номи наҳзат, фаъолияти наҳзат, ғояи наҳзат дар ҳар шаклу номе набошад, барои мардуми мо ҳачун як идеологияи тахрибкор маълум аст. Аз ин лиҳоз, агар ҳазорон воизи наҳзатӣ сафедро сиёҳ намудор карданӣ шаванд, агар даҳҳо Кабирии дигар ба наҳзат номи нав ниҳанду ҷомаи нав пӯшонанд ҳам ин ҳизб ҳамон ташкилоти ифротию террористист, ки бо амалҳои тахрибкоронаи худ дар ёдҳо мондааст.

Абдуалим Ғуломов,

Ходими дин