ТАРБИЯИ ФАРЗАНД. ОИЛА МАКТАБИ АСОСИСТ

Нашр шуд korbar - пн, 06/29/2020 - 09:27

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нуҳ сол сипарӣ гашт. Бо вуҷуди натиҷаҳои чашмрасу муфиди ин қонуни миллӣ, мутаассифона, ҳанӯз кам нестанд волидоне, ки дар тарбияи фарзандони худ саҳлангорӣ мекунанд. Масалан, моҳи марти соли равон дар натиҷаи роҳандозии амалиёти «Корд» аз ҷониби раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт гузаронда шуд, аз хонандагон 70 силоҳи сард мусодира карданд… Зимнан, соли рафта 873 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон ва 5035  - то дар байни ҷавонон ба қайд гирифта шуда буд, ки ҷойи нигаронии ҷиддист. 
Вобаста ба муҳимияти мавзӯъ андешаҳои чанде аз коршиносонро гирд овардаем, ки манзури хонандагон мегардонем.
Назмия Қулматова, муовини директор оид ба тарбияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72 – и пойтахт:
-Таҷриба нишон медиҳад, ки на ҳама падару модарон дар самти тарбияи фарзанд таҷриба доранд. Ҳамин аст, ки дар барқарорсозии муносибат бо кӯдакони худ душворӣ мекашанд. Дар тарбияи фарзанд модарро бештар саҳим медонанд. Дар ҳаёт пешқадам будани зан маърифати оиларо баланд бардошта, имкон медиҳад, ки кӯдакон аз ҳар ҷиҳат солиму зирак тарбия ёбанд.
Ба андешаи мо, дар таълиму тарбия ҳар ду ҷониб баробар аст. Зан аз уҳдаи иҷрои ҳам вазифаҳои иҷтимоии худ ва ҳам ташвиши рӯзгор баромада наметавонад. Вазифаи «сутуни хонадон» низ танҳо аз таъминоти моддии оила иборат нест. Падар ҳам бояд масъулият ҳис кунад. Ӯ нахуст намоди накуӣ, мардонагӣ ва ростқавливу покӣ аст. Як таъкиди ӯ ба кӯдак чунон таъсири амиқ мегузорад, ки ҳаргиз онро фаромӯш нахоҳад кард.
Маҳбуба Ҳошимова, мудири кафедраи педагогика ва психологияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода:
- Муносибати байниҳамдигарии падару модар ба рушди психикӣ ва шахсияти кӯдак бетаъсир нест.
Омилҳои каҷрафтории ноболиғонро дар ихтилоф ва нофаҳмиҳои миёни волидон бояд ҷуст. Вақте онҳо бо ҳам созиш надоранд, дар ин миён танҳо кӯдак осеби равонӣ дида метавонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ноболиғоне, ки ба кирдорҳои ношоям даст задаанд, на кӯдакони сустақл ва дорои системаи асаби хароб, балки наврасони ҷисман ва рӯҳан солиманд.  
Дуруст аст, ки дар давраи муайяне  наврасону ноболиғонро идора кардан душвор мегардад, вале танҳо бо кӯшишу дастгирии волидон аз чунин вазъият баромадан мумкин аст. Зарур аст, ки рафтори нодурусти кӯдакро ба худаш бо роҳҳои самарабахш шарҳ дода, хатояшро фаҳмонд.
Инчунин, мутахассисон пешниҳод менамоянд, ки барои омӯзиш ва дарки психологияи кӯдак аз наворҳои гуногуни шабакаи интернет ҳам истифода намудан беманфиат нест. Азбаски на ҳар падару модар фурсат ва имкони мутолиаи китобҳои равоншиносиро доранд, истифода аз чунин роҳҳо осон ва натиҷаоваранд. 

Мафтуна НУРИДДИН