ИСТИҚРОРИ СУЛҲ. АЗ СУХАН ТО АМАЛЕ, КИ МАРДУМРО БА САОДАТ РАСОНД

Нашр шуд korbar - вт, 06/30/2020 - 11:30

Раванди сулҳофаринӣ ва бисту се соли Ваҳдати миллӣ нишон дод, ки дар роҳи расидан ба сулҳи сартосарӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши марказӣ доранд. Сарвари давлат ҳамчун роҳбари мардумӣ ва лидери миллӣ саъю талош намуданд, ки кишвар аз асорати нобудӣ наҷот ёбад, хавфу хатари барҳам хӯрдани Тоҷикистон аз байн равад, оташи ҷанги бародаркуш хомӯш ва гурезаҳо ба Ватан баргарданд.

Воқеан, барои миллати тоҷик Рӯзи Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин санаи таърихист. 27 июни соли 1997 ба шарофати хиради азалии тоҷикон дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва ҳамин тавр, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ миёни фарзандони як миллат хотима гузошта шуд. Баъди ба имзо расидани ин созишнома Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки барои таъмини сулҳи сартосарӣ, фазои боварию эътимод ба ҳамдигар, аз байн бурдани кину адоват, бадбинӣ ва даргириҳои мусаллаҳона, фаҳмондани ҳадафҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ, халъи силоҳ намудан, инчунин, дар амал татбиқ намудани созишномаи имзошуда, таъмини заминаи мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ба меҳнати вазнини шабонарӯзӣ шурӯъ намоянд.
Мавриди зикр аст, ки таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории муосири тоҷикон, яъне давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявию ягона поягузорӣ шуд. Ин ғояи меҳварӣ аз рӯзҳои аввал аз ҷониби Сарвари давлат ҳамчун хати ҳаракати ояндаи Тоҷикистон расман садо дод ва дар натиҷаи талошҳои зиёд соли 1994 дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамеша сабт гашт. Фаъолият ва корсозиҳои Пешвои миллат давра ба давра дар пайвастагии мантиқиву амалӣ бо ҳамдигар ва бо аҳдофи бузурги миллӣ ба як низоми густарда ва неруманди умури идорӣ мубаддал гардид, тамоми самтҳои низоми давлатдорӣ ва назми зиндагии мардумро дар созгорӣ бо авзои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба масири пайкорҳои созанда ҳидоят намуд.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар барафрохтани кохи нуру сафои сулҳу ҳамдилӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, баҳри татбиқи ҳадафҳои бузурги миллӣ ҳисси баланди сарҷамъиву муттаҳидӣ нишон дода, ба қадри истиқлолият ва ваҳдати миллӣ расем ва шукргузори ин неъматҳои бебаҳо бошем.

О. ШЕРАЛИЗОДА