КАБИРӢ ДАР РЕХТАНИ ХУНИ ҲАЗОРОН МАРДУМИ БЕГУНОҲ ЗОМИН АСТ!

Нашр шуд korbar - пн, 07/06/2020 - 14:18

Мунофиқ шахсеро мегӯянд, ки дар замираш ниятҳои нопок дорад, аммо дар байни мусулмонон худро муъмини покизакирдор ва дӯсти ғамхор нишон медиҳад. Мунофиқ аз шахси бедин бадтар аст, зеро наметавон аз ғаразҳояш воқиф гашт ва дӯстро аз душман ҷудо кард. Дар фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ маънояш «он ки зоҳираш дигару ботинаш дигар аст» ва «дурӯя» шарҳ дода шудааст.

Дар ин маврид дар Қуръони карим омадааст: “ Ва чун ба онҳо гуфта шавад: «Ба сӯи он чи Худо нозил кардааст ва ба сӯи Пайғамбар биёед!» - он мунофиқонро бибинӣ, ки аз ту рӯй тофта бозмеистанд” (сураи «Нисо», ояти 61) .

Ва инчунин дар ҷойи дигар низ фармуда шудааст: Ҳамоно мунофиқон дар табақаи зертарини оташанд ва барои онҳо ҳеҷ ёридиҳандае наёбӣ”, (сураи «Нисо», ояти 145).

Чунин гурӯҳи мунофиқон солҳои навадум дар Тоҷикистон пайдо гардида, ҳизби ба ном исломӣ созмон доданд, ки бо гузашти айём ҳамчун ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ шинохта шуд.

Бале, ҳодисаҳое, ки дар филми мустанади «Хиёнат» тамошо намуда, бори дигар симои номардона, ватанфурӯшонаи Кабириро, ки солҳои навадум ватани моро ба доми ҷанг кашида, сабабгори кушта шудани даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ, ятим мондани садҳо ҳазор тифлон, вайрону валангор шудани шаҳру деҳоти обод мебошад, дидем. Инҳо ҳамон наҳзатиёне ҳастанд, ки худро ҳомии дини ислом эълон намуда, бо ҳаммаслаконашон хуни ноҳақ мерехтанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри сарҷамъ намудани халқи тоҷик, барои пойдории сулҳу суботи ватан ҳамаи гуноҳҳои собиқ ташкилоти террористии ҲНИ-ро бахшид, ба онҳо вазифаҳои баланд дод, онҳоро парварид, аммо баъд аз гузашти чанд сол ҲНИ бори дигар чун каҷдум нештар зад:

Неши каҷдум на аз раҳи кин аст,

Муқтазои табиаташ ин аст.

Кабирӣ бо роҳнамоӣ ва ҳидояти пуштибононаш мехост моҳи сентябри соли 2015 бори дигар ватани моро ба хун оғушта сохта, зимоми давлатдориро ба дасти худ бигирад. Аз оне, ки дар натиҷа боз ҳазор -ҳазор одамони бегуноҳ кушта мешаванд ва Тоҷикистон мисли Сурияву Ироқ хароб мегардад, наҳзатиҳо парвое надоштанд. Аммо тирашон ин дафъа низ хок хӯрд. Ҳеҷ кас онҳоро дастгирӣ накард. Зеро халқи тоҷик хоҳони сулҳ аст ва ҳаргиз бадиву хунрезиро қабул надорад. Тоҷикистониён шинохтанд, ки Кабирӣ кист.

Собиқ ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ошкор намекард, ки дар хориҷа пуштибон дорад ва бо ҳар баҳона худро ҳомии мардум нишон доданӣ шуда, аз номи дини ислом баромад мекард.

Айни ҳол Кабирӣ, роҳбари фирории собиқ ташкилоти террористии «Ҳизби наҳзати исломӣ» баъд аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз ватан фирор карда, дар кишварҳои бегона дур аз ватан боз сафсатафурӯшиҳо намуда, худро мусичаи бегуноҳ вонамуд месозад. Худро сафед карданӣ шуда, дар сар нақшаҳои дигари тахрибкорона дорад. Ӯ аз хориҷа тавассути сомонаҳои интернетӣ ҳар қадаре метавонад Тоҷикистонро бадном мекунад, зеро ба ҷуз бадгӯӣ дигар чорае надорад. 

Имрӯз Кабирӣ мехоҳад бо ҳар роҳу восита ақидаи ҷомеаи ҷаҳониро нисбати Тоҷикистон дигар созад, худро ҳомии дини ислом вонамуд кунад, нишон диҳад, ки маҳз барои пуштибонӣ аз ислом мавриди таъқиб қарор гирифтааст ва ғайраву ва ҳоказо.

Мегӯянд офтобро бо доман пӯшида намешавад. Имрӯз ҳама хуб медонанд, ки ташкилоти террористии ҲНИ ва пайравону аъзоёни он, зери роҳбарии Кабирӣ, кистанд ва чӣ ният доранд!

“Мардону занони мунофиқ (монанди) якдигаранд - ба кори нописандида мефармоянд ва аз кори писандида манъ мекунанд ва дастҳои худро [аз хайр] мебанданд, Худоро фаромӯш карданд. Пас Худо онҳоро фаромӯш сохт. Ҳамоно, мунофиқон фосиқанд”. (Сураи Тавба, ояти 67).

Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бадхоҳони миллатанд, онҳо нафароне ҳастанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодаанд. Хушбахтона, онҳо ангуштшуморанд ва ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономези беасос дигар чизе надоранд.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем, бикӯшем, ки ваҳдати миллии худро нигоҳ дорем, зеро сулҳу салоҳ, тенҷиву оромии кишвар аз ҳар яки мо вобаста аст.

Мардуми шарифи Тоҷикистонро ба иттиҳоду якдилӣ даъват намуда, ба ҳамаи тоҷикони дунё пешниҳод менамоям, ки сулҳу салоҳ ва ваҳдати ба даст омадаро мисли гавҳараки чашм нигаҳбон бошанд.

Розиқов Н.Ш.,

мудири бахши дин, танзими анъана

ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ