БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ МАШВАРАТӢ ДАР КУМИТА

Нашр шуд korbar - пт, 03/15/2019 - 15:09

14-уми март дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратӣ бо ҷалби намояндаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии созмони байналхалқии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон, мудирони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони ташкилотҳои динии ғайриисломии шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор ва Ваҳдат баргузор гардид.

Семинар бо сухани ифтитоҳии муовини Раиси Кумита Азизулло Мирзозода оғоз гардида, дар идома дигар намояндагони Кумита вобаста ба мавзӯҳои марбут ба саҳа суханронӣ намуданд. Дар ҷараёни семинар инчунин Маҳрамбек Маҳрамбеков-котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба “Хусусиятҳои раванди ифротгароӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ”, Роҳиби Епархияи Провославияи Рус Творогов Константин Викторович  “Нақши динҳо дар пешгирӣ намудани экстремизм ва терроризм” ва Директори ҷамъяти Библиягии ҶТ Пилкевича Ольгы Васильевна дар мавзӯи “Дастовардҳо дар самти озодии виҷдон баъди 10 соли қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»   баромад намуданд.

Дар музокирот намояндаи созмони байналхалқии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон  Лола Олимова баромад намуда, аз баргузории  чунин чорабинӣ истиқбол намуд.