ОҚИПАДАР

Нашр шуд korbar - ср, 07/08/2020 - 15:03

Воизон,к-ин чилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд,он кори дигар мекунанд.
(Ҳофиз)

Сабаби асливу усулии навиштани ин матлаб баромадҳои ахирии яке аз ворисону думравони Муҳиддин Кабирӣ, фаъоли гурӯҳи ҷумбиши ифротиву терористии наҳзат - Муҳаммадиқболи Садириддин мебошад.
Ин роҳгумзада бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдонашро ба боди фано супурд ва ҳоло муваззаф аст, ки пули гирифтаашро назди корфармоёнаш “ҳалол” кунад. Ӯ айни ҳол дар паи иҷрои супориши хоҷагони худ ҳар сақату кизбу дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, бар муқобили Миллат, Ватан ва Давлати тоҷикон гуфтан дорад.
Ба гузаштаи на чандон дури Муҳаммадиқбол назар андӯзем, дарҳол сурату сирати аслии ин махлуқ маълумамон мешавад. Намедонам шумо чӣ андеша доред, аммо барои ман сухани шахсе, ки бо волидайнаш муносибати одамӣ надорад ва ҳатто бо падари худ ҷангиву қаҳрӣ аст, арзиши як пари каҳро намекунад. Ва ана ҳамин Муҳаммадиқболи Садриддин, ки имрӯз аз худ мусалмони рақами 1 тарошида, худашро ҳомиву пуштибони дини мубини ислом ва озодандешу мубориз мешуморад, дар асл 1 раҳгумзадаи бесаёқе ҳаст, ки ҳатто падараш аз ӯ розӣ набуд.
Аз рӯи далелҳои мавҷуда ва ахбори сомонаҳои иҷтимоӣ падари Муҳаммадиқбол – Қаландар Садриддинзода, ки яке аз поягузорони Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон буд ва ячейкаи онро дар вилояти Хатлон роҳбарӣ мекард, моҳи марти соли 2019, дар Полша аз дунё гузашт.
Муҳаммадиқбол ин вақт дар Олмон бо визаи шенген зиндагӣ мекард ва ҳуқуқи роҳат ба тамоми кишварҳои Аврупо сафар карданро дошт. Аммо ба ҷанозаи падараш наомад ва сабабаш бо падари худ дар қаҳру ҷанг қарор доштанаш буд. Муҳаммадиқбол, имрӯз ҳатто намедонад, ки гӯри падараш дар куҷост? Ӯро киҳо ва чӣ тавр гӯронданд? Намози ҷанозаашро кӣ хонд? Ва оё он хонда шуд ё не?
Ва ин ҳама ба “шарофати” худи Муҳаммадиқбол....
Пас, ба суханҳои ҳамин гуна кас чӣ гуна метавон бовар кард? Оё мешавад сухани касеро ки ҳатто падараш аз ӯ розӣ набуд дуруст шумурд? Ба ҳеҷ ваҷҳ! Падарро дар дунёи ислом Қиблагоҳ ҳам меноманд ва ин далел бар он аст, ки эҳтироми волидайн ҳам фарз асту ҳам воҷиб. Шахсе, ки волидайни худашро эҳтиром намегузорад, инсон нест.

P.S. Агар Муҳаммадиқбол ин навиштаҳоро қабул надораду далели дигаре пеш овардан мехоҳад, бигзор аз сари гӯри падари бузургвораш як акс расонаӣ кунад! Он гоҳ ман низ ҷавонмардона аз ӯ пӯзиш металабам. Ба шарте гӯри ягон мӯйсафеди полякро бо гиря оғуш кардаву “падарҷон” гуфта аккосӣ нашавад. Аз дасти ин тоифа ҳама кор меояд...

Нуралӣ Хоркашев,

журналист