
Дар ҳақиқат, пахши филми "Хиёнат" бомаврид буда, парда аз чеҳраи хабис ва бадтинатони миллатро бардошта, мақсади шум ва нопокашонро ошкор сохт, маншаъ ва сарчашмаи таҳрики онҳоро бармало намуд.
Дар аксари кишварҳое, ки нооромӣ ва қатлу куштор вуҷуд дорад, мувофиқ ба ақволи муҳаққиқин ва манбаҳои мувассақ, дасти нопок ва хуношоми руасо ва масъулини Эрон аст, ки филми мазкур чеҳраи нифоқангез ва бадхоҳонаи давлати ба ном "дӯст"-ро ошкор намуд.
Шинохти душман, чи дохиливу чи хориҷӣ, ки ҷори ватандорӣ мезананд, аммо дар асл омилони асосии нобудии миллат ва ватани азизамон ҳастанд, барои сокинону муҳиббони ин сарзамини тамаддунофару сулҳпарвар воҷиб ва ҳатмист. Банда аз ҷониби худ ва ходимони дини шаҳри Ҳисор, ин гуна кишваре, ки садо ва нидои дӯстиву ҳамзабонӣ мезанад,вале дар пушти садо, садҳо садопардаҳои шуму муғризона дорад, маҳкум намуда, аз ин аъмоли зишташон безорем ва ҳаргиз чунин дӯсттии бадхоҳонаро намепазирем.
Амриддин Бобоев.
имомхатиби масҷиди ҷомеи ҷамоати М. Турсунзодаи ш Ҳисор.