ФИЛМИ “ХИЁНАТ” ЧЕҲРАИ МАНФУРРО ОШКОР КАРД!

Нашр шуд korbar - вт, 07/07/2020 - 11:02

Филми мустанади “Хиёнат”, ки ба воситаи шабакаҳои телевизионии давлатию маҳаллӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ  пахш гардид, амалҳои ғаразнок, олудаи фисқу фасоди  сарвари собиқ ТЭТ ҲНИ ва пайравонаш  Муҳаммадиқболи Садриддин, Варқӣ, Салимпур, Истаравшанӣ ва монанди инҳоро ошкор месозад. Гарчанд қаҳрамонҳои филм ҳама манфию манфуранд ва иншои як ҳарф барояшон ҳайф аст, виҷдонам қарор нагирифт, ки нисбати ин хиёнаткорон ҳарфе нагўям.

Аслан, образҳои филм  ҳама ватанфурўши хиёнаткоранд. Дар мулки ғарибӣ ба ғурбат ба кумаку дастгирии хоҷагони хориҷӣ ҳастанд. На ватан доранду на авлоду аҷдодашонро мешиносанд. Хиёнат ба Ватан-хиёнат ба модар аст.  Агар асли худро мешинохтанд, ба ватан ҳеҷ гоҳ хиёнат намекарданд. Имрўз низ аз амалҳои  разилонаашон даст намекашанду  бо дурўғпардозӣ аз кишвари биҳиштосои тоҷикон, аз маконе, ки хуни нофи нохалафони душмани ин макон рехтааст, камбудӣ мекобанд.   Сабаб он аст, ки  дар  замири онҳо ба ҷойи лутфу меҳрубонӣ хиёнату хислатҳои разилона маскан гирифтааст.   Дувум, мусофират қалбҳояшонро андўҳгин кардаву чашмҳои нотавонбин аз дастовардҳои Ватан оҷизӣ мекашад ва садо мебароранд. Садои мотам, дурўғ, тафриқаандозӣ, хиёнат ба Ватан ва дину мазҳаб.

Персонажҳои филм ҳама қувваҳои бадхоҳи миллат, душманони давлати тоҷикон,  сабабгори  низоъҳои сиёсии кишвар, бахусус, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ.  Аз мулло-Кабирӣ сар карда, то дигар  ҳаммаслаконаш ҳама имрўз маъюсу ноумеданду аз паси сафсатаҳои беҳуда мегарданд,  зеро нақшаву амалҳои нопокашон, амалӣ нашуд.

Тамошои филм бештар ба ҷони пайрави гурўҳи террористӣ, хоину хиёнаткор масъули сомонаи Ислоҳ.нет Муҳаммадиқболи Садриддин  асар кардааст, ки ба он ба ном раддия навиштааст. Дар асл он раддия нею дар он кинаву адоваташ нисбати давлату Ҳукумат ва каме шарҳи ҳолашро баён кардааст. Хандаовар аст, зеро дар раддия ягон гапи ҷондоре нест!

Дар ҷое ба ном раддия даъво дорад, ки гўё бобою бобокалонаш, падараш ва худашу писаронаш  барои ин миллат корҳоеро анҷом додаанд. Аммо шарҳ надодааст, ки кадом корҳо. Агар ягон амали хайру савобе мекарданд, ҳатман дар қатори сатрҳояш ҷойгир мекард. Пас, бешармона ҳамон амалҳои разилонаашонро дар назар дорад?

Дар ҷое навиштааст, ки “Ман дар умрам силоҳро нақапидаам ва силоҳи ман ҳамин қалам ва калом аст”.  Агар таҳлил кунед, қалами Садриддин зўри силоҳро надорад, каломаш  ба касе ҳам лозим нест, баръакс қаламу  каломаш хиёнаткорона аст ва бӯи ҷангу хунрезӣ меояд. Ё дар ҷое мегўяд, ки “дурбинҳои мадорбастаи “Ислоҳ.нет” дар даруну дохили шумост”. Ту ки аз дидани муваффақияту  музаффарият ва истиқлолияту  ваҳдати Тоҷикистони биҳиштосо оҷизӣ мекашӣ, ҳамрозу ҳамнишини ту низ оҷиз асту дурбинҳоятон корношоям.

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” инъикоскунандаи ҳақиқати таърих буда, симои террористон, хоини Ватан, бахусус, Кабирию думравонашро барҷаста ифода мекунад.  Қаҳрамонҳои филм ҳама сурату сирати аҳриманӣ дошта, тамошои филм бори дигар зоҳиру ботини ин хиёнткорон,  қаллобиву фасодкорӣ ва ҷиноятҳои нобахшиданиашонро ба ҷомеаи шаҳрвандӣ нишон дод.

Шамшод Муҳиддинов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи баноми Имом Ҳусейни ш. Ҳисор