ШИНОХТИ ҲАҚИҚАТ ДАР ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ “ХИЁНАТ”

Нашр шуд korbar - ср, 07/08/2020 - 15:11

Шинохти аслоти миллӣ, таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои волои миллӣ ва пайравӣ аз ташаббусу иқдомҳои созандаи фарзандони фарзона ва раъиятпарвари миллат аз ҳар як фарди баору номуси кишвар масъулияти басо бузургро талаб намуда, накукорӣ, поквиҷдонӣ, ростқавлӣ, ҳақиқатпарастӣ, ватандӯстӣ ва содиқонаву софдилона хизмат кардан ба миллату давлат нишон аз ҷавонмардӣ, инсонгароӣ ва шарафмандист.

Пас ҳар яки моро месазад, ки дар пайравӣ аз ташаббусу иқдомҳои созандаи мардони хирад, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ҳадафҳои рушди устувор камари ҳиммат баста, барои ояндаи ободу зебо, зиндагии орому осоишта, пойдории сулҳу субот, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои волои миллӣ саҳми арзишманд ва назаррасро дар хизмати содиқона ба давлату миллат ва Ватани азизамон Тоҷикистон анҷом диҳем, амалҳои хоинонаи хоинони миллатро қотеъона маҳкум намуда, бетарафи зоҳир накарда, барои решакан намудани амалҳои террористию ифаротгароёнаи онҳо мубориза барем.

Тайи чанд рӯзи охир тариқи шабакаҳои телевизионӣ филми мустанади “Хиёнат”, ки вобаста ба ватанфурӯшиву хоинӣ, иғвоангезиву дасисабозиҳои гурӯҳҳои террористӣ, аъзоёни собиқ Ҳизби наҳзати ислом ва пайравони Кабирии беимон нақл мекунад, пешкаши тамошобинон гардид.

Мавриди зикр аст, ки филми мазкур дар сатҳи баланди касбӣ, бо истифодаи факту рақамҳо ва омори дақиқ, андешаҳои шахсони воқеӣ, аз ҷумла аз байни атрофиёни Кабирӣ ва хонаводаи ӯ омода гардида, аз ҷумлаи филмҳои ҳуҷҷатие мебошад, ки зимни тамошои он ҳама чизро фаромӯш карда, нафасро боздошта такрор ба такрор тамошо кардан мумкин аст.

Дар филми мазкур кадрҳо аз бойгонии барои миллат дорои аҳамияти аввалиндараҷабуда, нақшаҳои хоинонаи террористон, кирдори ношояму ғоратгарии онҳо, куштору дуздӣ ва кӯшишҳо баҳри халалдор сохтани ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар ба таври амиқу возеҳ барои тамошобини дилхоҳ синну сол рӯи навор оварда шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки зимни тамошои филми “Хиёнат” оид ба фаъолияти нопоки собиқ ҳизби наҳзати ислом аз оғоз то лаҳзаи манъи фаъолияташ, роҳҳои омода кардани ашхоси хурофотзада ва тарбияи ғуломони фанатизму ифротгароӣ миллатро то сарҳади вартаи нестӣ кашидани онҳо, ҳамзамон оиди талошҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар дар роҳи ба эътидол овардани сулҳу субот ва таъмини зиндагии осудаи мардум, бахшоишу гузаштҳои чандинкарата аз гуноҳи фарзандони роҳгумзадаву ботил, имконҳои фароҳамомада барои ислоҳи ин тоифа ашхос ва амсоли ин маълумоти муфассалу манфиатбахш пайдо кардан мумкин аст.

Масалан, дар қатори ҷиноятҳои нобахшидании Кабирии манфур дар филм таъкид гардидааст, ки “аз ҷумла ҷиноятҳои Кабирӣ ин додани маблағи 1 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА ба Ҳоҷӣ Ҳалим дар соли 2015 барои анҷоми табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон мебошад” ва дар ин асно дар филм наворҳое пешкаши тамошобин мегарданд, ки дар он нафароне равшанӣ андохтаанд, ки фирефтаи ваъдаҳои бардурғи Кабирӣ гардида, оқибат маҳбасӣ шуданд.

Албатта, вобаста ба ин амали нангини гурҳҳи террористон кулли мардуми кишвар ба хуби огаҳӣ доранд, вале далелу маълумотҳои нави дар филм овардашуда ба мо паҳлуҳои дигари ҳодисаро нишон медиҳанд. Чун дар идома иштирокчиёни бевоситаи кӯшиши табаддулоти давлатӣ чун Раҳматуллоев Маҳмадалӣ –додарарӯси М. Кабирӣ (тавре маълум аст, замони роҳбарии ӯ собиқ ҳизби наҳзати ислом ба ҳизби хонаводагӣ табдил ёфта буд) собиқ сардори шуъбаи кадрҳои ширкати “Бинокор – сервис”, Сайфов Ҳикматулло ронандаи собиқи Кабирӣ, Назруллоев Ҷамшед, писараммаи роҳбари собиқ Ҳизби наҳзати ислом, собиқ директори ширкати “Бинокор – сервис” пушаймониҳои худро аз ҳамкорӣ бо Кабирии нохалаф ошкоро баён намуда, аз ҷумла таъкид менамоянд, ки дар дасти ӯ чун ғуломе буданду, ғайр аз ноил шудан ба нақшаҳои худ, аз худ кардани пули миллат ва айшу ишрати худ ягон “ваъдаҳо” –и хешро иҷро накарда, баръакс, ба ашхоси болозикр низ хиёнат кардааст ва писари аммааш Назурллоев ҳатто таъкид мекунад, ки Кабирӣ худ “ватан-бизнес” аст.

Модоме, ки шахсони доираи худи ӯ, наздикону пайвандонаш, ки тӯли чандин сол дар хизмати Кабирӣ буданд, чунин ақида дошта бошанд, пас барои дигарон метавон зарбулмасали халқӣ – он чӣ, ки аён аст-ҳоҷат ба баён нестро рӯи қоғаз овард.

Ҳамзамон, дар филми мустанади “Хиёнат” масъалаҳои кӯдакиву наврасии Кабирӣ, таъсири шахсони наҳзатӣ ба ӯ, чун шахси ифроти шакл гирифтани шахсияти вай, хизматҳои ӯ барои “хоҷагонаш”, дастуру ҳидоятҳои иғвоангези дигар “устоди” Кабирӣ -Ҳимматзода, дар Ҷумҳурии арабии Яман аз худкунии таълимоти мазҳаби ШИА ва амсоли ин, ҳамзамон, ҳатто бо модараш падруд накарда, барои иштирок дар конфронс ва ба даст овардани маблағи муфт дар ҳаҷми 200 доллар, ҷанозаи модарашро аз хориҷ тариқи телефон хондани ӯ нақл мекунад.

Дар асл, тавре, ки дар филм таъкид мегардад: “Агар одам ба падару модари худ, ки ба умеди фарзанд гуфта, нури чашм гуфта калон мекунад эҳтирому эътиқод надошта бошад, магар аз чунин ашхос барои дар рӯзи мотами ҳамсояи худ, ҳамватани худ сугворӣ кардан рӯи умед ҳаст? Пас аз чунин шахсе, ки ҳатто баландтарин инсон –модар дар наздаш арзише надошта бошад чӣ ҷои гила аст? Ватану миллат танҳо моле буда метавонанд барои фуруш…”

Дар маҷмӯъ, дар наворҳои филми болозикр маълумоти саҳеҳ вобаста ба ҷиноятҳои содиркардаи фарзанди Кабирӣ, ҳангомасозии ӯ, хисороту зарари маънавии воридкардааш бар сари мардуми кишвар, дар чунин вазъи ҳассоси паҳншавии сирояти Коронавирус дар ҷаҳон, худро “ҳомии миллат” эътироф кардаву, вале дар асл тоҷикияту инсонгароиро аз замираш дур карда, бо хурсандии ниҳонӣ, заҳрханда аз канор тамошо кардану, шахсони гирифтори вирус ва ё одамонеро, ки наздиконашонро аз даст додаанд тасхир карданаш, ҳамчунин ҳаммаслакони ноҷавонмарди ӯ чун Салимпур, Истаравшанӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва амсоли инҳо, фаъолияти сомонаҳои фитнаангезу бардурӯғи террористӣ-экстремистӣ, кушта шудани даҳҳо олимону зиёиёни забардаст, ки ифтихори миллат буданд ва паҳлӯҳои то ин дам ноаёни фаъолияти нохалафонаи террористон пешкаш гардидааст. Танҳо баъд аз тамошои филми “Хиёнат” метавон ғизои маънавӣ гирифт ва бори дигар аз амалҳои пасту нангини душманони миллат хулосабарорӣ кард.

Дар ин радиф, мо ҷавонони саодатманди пойтахти азиз – шаҳри Душанбе пахши филми мазкурро иқдоми муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, ҷонибдориву миннатдории самимии худро ба кулли коргардони филм изҳор менамоем ва бо итминони комил иброз мекунем, ки пас аз тамошои чунин филми таъсирбахш, мо боз ҳам муттаҳиду сарҷамъ гардида баҳри решакан кардани амалҳои номатлуби террористӣ ва ҳифзи амнияти миллату давлати хеш тамоми нерӯву қудрати худро равона месозем.

Чуноне, ки дар филм қайд гардидааст: “Касе, ки ба иштибоҳ роҳ додааст – бахшидан мумкин аст, вале касе, ки хиёнат кардааст – бахшида нахоҳад шуд”.

Пас интихоби роҳи дуруст ва шарафмандона зиндагиву умур басар бурдан дар хоки Ватан ва бо ору номус зиндагии осоишта доштан беҳаст аз ғуломиву хизмати хоҷагон дар роҳи ифлосиву ноҷаонмардӣ, нотавонбиниву ношукрӣ ва дур аз Ватан будан аст.

Шоҳзод Раҳимзода

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе