АЗ АМОНАТ ТО ХИЁНАТ

Нашр шуд korbar - вт, 07/07/2020 - 15:23

Аз дидани филми "Хиёнат", ки аз рафторҳои касифонаи хоинони ватан ва хиёнатҳои пинҳонии онҳо аз ҷумла, Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Шарофиддин Гадоев ва Мирзои Салимпур қисса мекунад, ҳар инсони поквиҷдон ва ватандӯст ба ин хоинон нафраташ бештар мегардад.

Бо вуҷуди авф ва бахшиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷову макон додану амонати посдории сулҳу амният, боз ин хиёнатпешагон даст ба тафриқаандозиву фитнаангезӣ заданду зада истодаанд.

Бо вуҷуде ки онҳо аз хориҷи кишвар истода мехоҳанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистонро иғво карда фиреб диҳанд ва бори дигар ба ҷангу ҷидол кашонанд, вале ин амали онҳо ба ҷое намерасад. Зеро  мардум аз дасисаҳо ва нақшаҳои душманонаи хоинон огоҳӣ доранд. Имрӯз мо бо ҳидоятҳои дурандешонаи Пешвои миллат аз як гиребон сар бароварда, барои ободии кишвар ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза меҳнати софдилона анҷом медиҳем. Муроҷиати банда ба дигар ҳамватанони азиз ин аст, ки ба ин хоиноне, ки аз беруни кишвар истода, васвасаҳои фитнаангез мекунанд, фирефта нашаванд ва аз як гиребон сар бароварда, сулҳу осоиштагӣ ва амонии кишварро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Имрӯзҳо, ки ҷаҳон таҳти таъсири бемории вабо қарор дорад, агар онҳо чунончи даъво мекунанд, хайрхоҳ мебуданд, ба мардум дасти ёрӣ дароз мекарданд. Аммо ҳайҳот, ки ҳайҳот. Ба ҷои кумак мардумро боз ба хоку хун кашида, миллатро пароканда кардан мехоҳанд, ки ин нишони душман будани он хоинон мебошад.

  Ин амали онҳо ба амонат хиёнат кардан аст.

Шарофиддин Фозилов

имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Ҳисор