
Аз нигоҳи таълимоти дини ислом оқи волидайн ва қатъи силаи раҳм, яъне ранҷонидан, озор додани падару модар ва бародарону хоҳарон гунохи кабира мебошад.
Дар чандин ҳадисҳои шариф омадааст, ки норизо кардани волидайн муҷиби хашми Худо аст, ҳатто дуои вай мустаҷоб намешавад, оқи волидайн аз нигоҳи шариат фосиқ шуморида мешавад ва аз саодати биҳишт бебаҳра мемонад.
Дар ҳадиси қудсӣ омадааст, ки. ....Ҳар касе силаи раҳм кунад, ӯро ба раҳмати хеш сазовор мекунам, хар касе катъи силаи раҳм кунад, ӯро аз раҳмати хеш дур намоям.
Дар сураи Муҳаммад, ояти 23 дар хаққи касоне, ки қатъи силаи раҳм кардаанд, омадааст :... "Ин ҷамоа ононанд, ки Худо онҳоро лаънат кард, пас онҳоро кар сохт ва чашмонашонро кӯр кард".
Рӯзҳои охир вақте ки кас ба шабакаҳои иҷтимоӣ назар мекунад шоҳиди он мешавад, ки хоинони миллат бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва косалесаш Мухаммадиқболи Садриддин ба нафрати мардум гирифтор шуда, аз ҷониби ҳақиқатгуйҳо гуфта мешавад, ки онҳо ҳатто аз ҷониби волидайн ва хешу ақрабои худ хашмгину манфур ва оқи падару модар мебошанд.
Аз нигоҳи шариат бошад, мувофиқи оятҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои шариф фосиқ шуморида мешаванд.
Хоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода,
Сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ш. Хуҷанд