
Имрӯз, 16-уми июл дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Мусоидат ва эътимод” конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Аз даъвои қудрат то хиёнат ба миллат. Ифшои симои аслии ТЭТ ҲНИ” баргузор гардид. Дар кори конфронс, ки дар ҳошияи филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” гузаронида шуд, олимону донишмандон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ходимони дин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози кори конфронс Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода роҷеъ ба фаъолиятҳои ифротгароёнаи гурӯҳу равияҳои динӣ, сӯистифодаи чунин гурӯҳҳо аз арзишҳои диниву мазҳабӣ сухан гуфта, таъкид дошт, ки дар замони нооромиҳои сиёсӣ саркардагони ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ худро ба ном “ҳомии дин” нишон дода, дар асл мардуми авомро ба доми макру фиреби худ афканданӣ буданд. Раиси Кумита дар шароити кунунӣ ҳифзи фазои маҳзабиро қарзи инсонӣ ва имонӣ хонда, аз иштирокдорони конфронс, махсусан ходимони дин даъват намуд, ки нагузоранд, то ҷараёнҳои манфиатҷӯе назири ТЭТ ҲНИ бо эҳсоси динии мардум бозӣ карда, динро ҳамчун василаи сиёсӣ истифода намоянд.
Дар идома иштирокдорони конфронс бо пешниҳоди маърӯзаҳо дар мавзӯҳои “Тарғиби ғояи инқилоби исломӣ ба хотири расидан ба қудрати сиёсӣ аз ҷониби ТЭТ ҲНИ”, «Таърихи нангин ва хиёнаткоронаи ТЭТ ҲНИ, таблиғи мазҳаби бегона ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ», “Нақши ТТЭ собиқ ҲНИ дар нооромии сиёсӣ дар Тоҷикистон, музокироти тоҷикон ва давраи баъд аз низоъ” ва ғайра фаъолиятҳои хоинона ва ифтротгароёнаи ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломиро қотеона маҳкум намуданд.
Дар қисмати музокироти кори конфронс ҳозирин фаъолона иштирок варзида, аз ваҳшонияти ТЭТ ҲНИ, ки бадтар ва сангинтар аз ваҳшониятҳои гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” аст, сухан гуфтанд. Миёни музокирачиён афроде ҳам буданд, ки фарзандону пайвандонашон аз ҷониби террористони наҳзатӣ ба қатл расонида шудаанд. Конфронс бо қабули муроҷиатнома ба ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба анҷом расид. Аз ҷумла, иштирокчиёни конференсия дар асоси маърӯзаҳои олимон, коршиносони соҳаи дин ва имомхатибон ба ин натиҷа расиданд, ки дар асоси сарчашмаҳои муътамад, дини ислом ба ҳеҷ гуна ҳизбу равия ниёз надошта, баръакс, ҳизбу ҷараёнҳои динӣ, исломро барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ ҳамчун восита қарор медиҳанд, ки ин омил дар ниҳоят боиси бадномии дини мубини ислом мегардад.
Бо дарназардошти андеша, таҳлил ва пешниҳоди маърӯзачиён дар бораи кирдорҳои ҷинояткоронаи саркардагони ТЭТ ҲНИ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал оварда шуд, то барои тақвияти корҳо дар самти ифшои ҳадафҳои пасипардагии ташкилоти террористии мазкур ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, инчунин тарбияи сазовори насли ҷавон тадбирҳои муассир андешад
Инчунин, аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ, раисони маҳаллаҳо, фаъолони ҷомеа ва дар маҷмӯъ, аз ҳамаи ҳамватанон даъват шуд, ки кирдорҳои ҷиноятӣ ва амалҳои хиёнаткоронаи саркардагони ТЭТ ҲНИ роҷеъ ба бадном гардонидани дини мубини ислом, ки дар гузоришҳои коршиносон баён шуданд, мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор дода, барои ҳифзи арзишҳои мазҳабӣ ва роҳ надодан ба сӯистифодаи ин арзишҳо ташаббус нишон диҳанд.
Иштирокдорони конфронс аз уламои суннатӣ, рӯҳониён ва имомхатибону имомони масҷидҳои кишвар даъват ба амал оварданд, ки доир ба масъалаҳои умдаи ҳаёти динии ҷумҳурӣ, махсусан маҳкум намудани амалҳои иғвогаронаи ТЭТ ҲНИ, инчунин ҳифзи беолоиши фазои мазҳабӣ фаъолона иштирок варзида, бо дастрасӣ ба минбари расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавқеъ, назар ва андешаҳои худро баён намоянд.
Дар муроҷиатнома аз аҳли зиё, олимону донишмандон даъват гардид, ки бо мақсади ҳифзи манфиатҳои миллӣ, аз байн бурдани тафриқа ва дигар ақидаҳои тундгароёнае, ки аз тарафи намояндагони ТЭТ ҲНИ дар шабакаҳои интернетӣ интишор мешаванд, вокуниши саривақтӣ нишон диҳанд.
Бо дарназардошти мавқеи ҷомеаи шаҳрвандӣ роҷеъ ба шинохти воқеии ТЭТ ҲНИ аз ҷомеаи байналмилалӣ, махсусан намояндагии ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва кишварҳои аврупоӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ба фаъолиятҳои ҷинояткоронаи роҳбарони ин ташкилоти террористӣ баҳои воқеӣ дода, баҳри пешгирии интишори минбаъдаи андешаҳои ифротгароёнаи онҳо иқдом намоянд.