ПЕШВОИ МИЛЛАТ. РОҲҲО ВА НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН

Нашр шуд korbar - ср, 07/15/2020 - 15:19

Роҳҳоро барҳақ оинаи кишвар ва пайвандгари марзҳову дилҳо хондаанд. Аз ҷилои ин оина ба ҳар кишвар баҳо медиҳанд ва ҳам марзҳову дилҳоро пайванд месозанд. Албатта, манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии онҳо пеши назар аст. Ба ин хотир, бояд имрӯз, дирӯз ва гузаштаи начандон дурро пеши рӯ дошта бошем. Оре, бубинем, бидонем, ки тафовути роҳ аз куҷо то куҷост. Бубинему бидонем ва шукри истиқлол, ваҳдат, сулҳу амнияти кишварро ба ҷо биёрем. Дар ин маврид ҳам лозим аст, ки аз талошҳо, заҳматҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори сипоси бепоён ёдовар бишавем. Ёдовар бишавем ва бо қаноатмандиву мунсифона эътироф бикунем, ки дастовардҳои беқиёсамон дар ин соҳа, яъне роҳсозӣ, бо иқдому ташаббусҳояшон насиб гардидааст.
Воқеан, Сарвари давлат на танҳо дар он рӯзгор, ояндаи дурахшони ин соҳа ва миллатро диданд, балки барои он тамоми тадбирҳои заруриро андешиданд. Дидани имрӯз ва андешидани тадбири дуруст дар даврони аз ҷиҳати иқтисодӣ душвори кишвар на ҳар сарвари давлатро даст медиҳад.
Ҳанӯз аз хотирҳо нарафта, ки сохтмону таҷдиди шоҳроҳҳои мамлакат бо тамоми иншооташ ба афсона монанд буд. Кӣ бовар дошт, ки рӯзе он ба ҳақиқат табдил меёбад. Дар баробари ин, аз орзуҳои мардум буд. Ҳолиё ин орзуҳо ҷомаи амал пӯшидаанд.
Мунсифона бояд иқрор бишавем, ки оё ба бунёди чандин нақб дар кишвар бовар доштем? Ва ҳам умед мебастем, ки дар муддати бисёр кӯтоҳ соҳиби шоҳроҳҳои ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ мешавем? Не, ки не. Дар он рӯзгор неруҳое ҳам буданд, ки ба сохтмону таҷдиди шоҳроҳҳо мехостанд монеъ бишаванд. Воситаҳои ахбори хусусиву хориҷӣ дар дили мардум дар ин маврид тухми шубҳа мекоштанд. Мегуфтанд, менавиштанд, ки ҳафт пушти ин миллат дигар аз қарз раҳоӣ намеёбад ва пардохти он ҳеҷ мумкин нест.
Мегуфтанд, менавиштанд, ки роҳҳову иншооти бузургаш муддати зиёд ва ҳам муқарраршуда ба мардум хидмат наменамоянд.
Саду як эрод мегирифтанд, то нахуст худашонро дилсӯзони миллату ин сарзамин нишон бидиҳанду шуҳрати дурӯғинро касб бикунанд. Инчунин, мутмаин бисозанд, ки ба давлат, сохторҳои Ҳукумат, роҳбарони он ҳеҷ бовар нанамоянд.
Вақт ҳақиқатро бе парда, рӯшану возеҳ барои мардум баён дошт. Шоҳроҳҳо бо иншооти бузургаш дар хидмат қарор доранд. Мушкили мардум туфайли ин шоҳроҳҳо осон гардид. Ва боз шоҳроҳҳои нав бо иншооти бузургу зебояш бунёду таҷдид мегарданд. Мутахассисон, сарварон, бунёдгарону таҷдидсозони ин шоҳроҳҳо бо иншооти бузургаш иброз доштанд, ки Пешвои миллат ояндаи дурро рӯшану возеҳ мебинанд ва дуруст тадбир андешида метавонанд. Ба эътирофи онҳо, агар бунёду таҷдиди ин шоҳроҳҳо имрӯз бо пайдо кардани имкони иқтисодӣ шурӯъ мегардид, миллат миллиардҳо сомонӣ зарар медид. Яъне, дар қиёс ба болоравии масолеҳи сохтмонӣ, анҷоми корҳо бунёду таҷдиди шоҳроҳҳо арзони арзон афтодааст.
Таърихи бунёду таҷдиди шоҳроҳҳои мамлакат барои имрӯзиён ва фардоиён бояд навишта шавад. Талошу заҳматҳо, тадбирандешиҳо, ташаббусу иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст, он тавре ки ҳаст, зикр гардад. Аз ин ҳама бояд дарси ибрат бигиранд ва изҳори сипосро барояшон фаромӯш насозему насозанд.
Мутахассисон, бунёдгарони маҳаллии шоҳроҳҳо худ иброз медоштанд, ки бунёди сохтмону таҷдиди роҳҳо назарияи моро дар бораи роҳсозӣ ба куллӣ дигар сохт. Дар ин зимн, пешниҳод менамуданд, ки роҳсозони оянда дар бунёди шоҳроҳҳо, чун беҳтарин мактаб аст, таҷриба биандӯзанд.
Беш аз даҳ сол пеш Президенти мамлакат изҳор дошта буданд: «Бо бунёди шоҳроҳҳо ва нақбу пулҳои замонавӣ мо ният дорем, ки дар ояндаи наздик фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва бозорҳои наздисарҳадиро васеъ ба роҳ монда, бо ин роҳ низ афзудани иқтидори иқтисодӣ ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистонро таъмин намоем». Имрӯз ин гуфтаҳо тасдиқи худро ёфтанд ва ҳеҷ шакеро дигар дар дили афроди бадандеш ҳам боқӣ нагузоштааст.
Аз лавҳи хотир ҳанӯз ҳам зудуда нагаштааст, ки 14 сол пеш, яъне 11 июли соли 2006 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маросими оғози корҳои лоиҳаи азнавсозии роҳи автомобилии Душанбе – Чанак баргузор гашт. Ба ин хотир, соати 8 – и субҳ ба километри 33 – юми роҳи автомобилии мазкур омаданд.
Ин лоиҳа навсозии пурраи роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Бӯстон – Чанак, сохтмони нақби «Шаҳристон» бо дарозии беш аз 5 километр, 37 пули хурду бузург ва 6300 метр иншооти зиддитармавиро дар бар мегирифт.
Ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла Чен Юйшен, директори иҷрокунандаи ширкати «Чайна Роуд», изҳори боварию эътимод намуд, ки лоиҳа дар муҳлати муқарраргардида бо сифати баланд татбиқ мешавад.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки ҳоло вобаста ба таъмиру навсозӣ ва бунёди роҳҳо 14 лоиҳа бо маблағи 1 миллиарду 520 миллион сомонӣ мавриди татбиқ қарор доранд. Ҳамчунин, гуфтанд, ки бо бунёду таҷдиди ин шоҳроҳ ва нақби «Шаҳристон» ҳаракати мошинҳо дар он 6 соат кӯтоҳ мешавад.
Ҳадафи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз бунёду навсозӣ, сохтмони нақбу пулҳо, иншооти зиддитармавӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ва, ба ин васила, дар байни тамоми минтақаҳои кишвар фароҳам овардани робитаҳои нақлиётӣ буд. Ин тадбирҳои неку муҳим сари вақт амалӣ гаштанд ва Тоҷикистон – Ватани азизамон, воқеан, ба як қаламрави воҳид табдил ёфт.
Аз он даврон то ба имрӯз ва дар оянда низ шоҳроҳҳо, роҳҳо бо иншооташ бунёд ёфтанду меёбанд. Мебинем, шоҳид мешавем, ки шоҳроҳҳову роҳҳо муаррифгари миллату сарзамини мо ба маънии мусбаташ мегарданд. Ва, бешак, ҳама, ҳар меҳмони хориҷӣ низ, дар ин маврид дастовардҳои моро бо Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф ва тавсиф мекунанд. Ин тавсифҳо, ҳамзамон, сипосгузорӣ ва арҷгузорӣ ба хидматҳои бесобиқаи Сарвари давлатамон ҳастанд.

Абдулқодири РАҲИМ