ТАФРИҚА ЭҶОД НАБОЯД КАРД

Нашр шуд korbar - ср, 03/27/2019 - 11:21

Солҳои охир ҷаҳони ислом ғӯтавари воқеаҳое гаштааст, ки аз назари ин дини мубин  ва адёни дигар қобили қабул нест. Пешвоёни ҳизбу ҳаракатҳои ба ном  исломӣ, гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ мардумро фирефта, талқин мекунанд, ки ислом гӯё ҷиҳод аст. Рехтани хуни ноҳақ дар Қуръону аҳодиси набавӣ гӯё ҷоиз бошад. Онҳо бо овардани далелҳои дурӯғин ҷавонони сабукфикрро аз роҳи ҳақ берун мекунанд. 
Роҳбарону пайравони ба ном ҳизби наҳзати ислом дар пайи эҷоди ҳар гуна тафриқаҳо мебошанд. Бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба пешрафти давлати соҳибистиқлоламон халал ворид намоянд. Бо камтарин ҷурм бандаи муъминро кофир меҳисобанду қатлу ғоратро алайҳи вай раво мебинанд. Ҳол он ки ӯ гӯяндаи калимаи шаҳодат аст. Пайғамбари ислом мефармоянд: 
«Касе, ки ба ваҳдонияту ягонагии Худо ва рисолати пайғамбари ислом гувоҳӣ диҳад, рехтани хунаш ҳаром аст». 
Солҳои 90-ум аз хотир ҳеҷ фаромӯш нашудааст ва нахоҳад шуд. Дар майдони  «Шаҳидон» чи гуна шиорҳо, оёту ҳадисҳо бо тафсиру таъвилҳои ҳайратовар ба мардум расонда мешуд. Дини беолоиши ислом барояшон василае буд ҷиҳати ноил шудан ба мақсадҳои нопок. Худро ҳомии дин муаррифӣ мекарданд, дар асл душманиашон зоҳир гардид.
Ба Қуръони карим ва аҳодиси набавӣ агар назар кунем, ба осонӣ дарк карда метавонем, ки рехтани хуни ноҳақ дар пешвои Парвардигор ҳаром аст. Талаву тороҷи моли мардум ҳаром мебошад. Ба ҷуз ин, ҳамаи шиору даъватҳои ифротиён дурӯғ буда, ба таълимоти Қуръони карим заррае мувофиқат намекунанд. 
Дар сураи Иброҳим, ояти 42 омадааст: «Гумон набар, ки Худо аз амволи  золимон ғофил аст». Дар ҳақиқат, суннати Худо бар ин ҷорӣ аст, ки ба осиён, яъне гунаҳгорон, муҳлат медиҳад.  Ва дар мавқеи муносиб бо иззат ва иқтидори хеш онҳоро мегирад. Ин бахши оят ваиду таҳдиди золим ва тасаллияту дилдории мазлум аст. Дар ҳадиси қудсӣ омадааст: «Бандагонам, ман зулмро бар худ ҳаром кардаам ва онро дар байни шумо низ ҳаром кардаам, пас байни худ зулму ситам накунед».
Ислом одамонро ба раҳму шафқат, меҳрубонӣ, сабру бурдборӣ, афву  бахшиш, садоқату ростӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ташвиқ намуда, аз ихтилофу тафриқа боз медорад. Дини мубини ислом дини зулму ситам, куштору ваҳшоният нест. Динест ба сӯйи иттифоқу якдигарфаҳмиву ваҳдат даъват мекунад. Шукру сипос намудан ба неъмати Худованд неъматро пойдор намуда, аз завол нигоҳ медорад. Аммо душманони дину давлат ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷикро дида наметавонанд. Он суханҳое, ки аз ҷониби бадхоҳон нисбати Тоҷикистон садо медиҳанд, кӯшиши навине  баҳри эҷоди тафриқа дар байни мардум аст. 
Ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ лозим аст, ки бетарафиро интихоб нанамояд,  ёру дӯстон, хешу ақрабо ва ҳамватанонро аз макру ҳила ва найрангбозии гурӯҳҳои террористӣ, ҳизбу ҳаракатҳои бо ном исломӣ огоҳ созанд.  Ҳақиқати исломро ба ҳамватанонамон  ба таври дуруст бирасонем, ки дини ислом василае байни Худову бандагонаш мебошад. 
Ҳоҷӣ Набихон ЯРҚУЛЗОДА, имомхатиби масҷиди 
ҷомеи Ҷамоати деҳоти шаҳраки шаҳри Исфара