ЭЪЛОНИ ОЗМУНИ "МАҚОЛАИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗӮИ ПЕШГИРИИ ХУШУНАТИ ХОНАВОДАГӢ"

Нашр шуд korbar - пн, 07/20/2020 - 09:49

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) ва Ассотсиатсияи танзими оилаи Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаи “Пешгирии хушунати хонаводагӣ” (бо дастгирии молиявии Ҳукумати Британияи Кабир) ва бо мақсади таҳкими мавқеи оила дар ҷомеа, ҳифзи арзишҳои асосии фарҳанги миллии оиладорӣ, ҳифзи солимии аъзои оила, мусоидат дар боло бурдани маърифати оиладорӣ, ҷалби бештари намояндагони иттиҳодияҳои динӣ баҳри пешгирии хушунати хонаводагӣ, ҷилавгирӣ аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд озмуни “Мақолаи беҳтарин дар мавзӯи пешгирии хушунати хонаводагӣ”-ро эълон менамояд.

Дар озмуни мазкур кормандони бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаҳру ноҳияҳо, сархатибони масҷидҳои ҷомеи марказӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, имомони масҷидҳои панҷвақта ва намояндагони дигар иттиҳодияҳои динии кишвар ширкат карда метавонанд.

Дар мақолаҳои пешниҳодӣ бояд ҷанбаҳои фарҳангӣ, ахлоқӣ ва тарбиявии ҳаёти оилавӣ, мавҷудияти мисолҳои воқеӣ аз таҷрибаи рӯзмарраи маҳал дар роҳи пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ, таҳлили омории марбут ба мавзӯъ, панду андарзҳои ниёгон доир ба эҳтироми зан – модар,  роҳҳои пешгирии хушунати хонаводагӣ бо дастрасӣ ба сарчашмаҳои динӣ ва тавсияҳо баҳри таҳкими маърифати оиладорӣ ба эътибор гирифта шавад. 

Ҳаҷми мақола бояд на камтар аз 4 саҳифа ва на бештар аз 8 саҳифаи андозаи А4 (ҳуруфи Times New Roman – 14 бо истифодаи алифбои тоҷикӣ, фосилаи 1,5) - ро ташкил намояд.

Довталабон метавонанд мақолаҳои худро дар давоми 30 рӯз (аз рӯзи нашри эълони озмун) ба суроғаи электронии din.tj@mail.ru ва ё нишонии ш.Душанбе, хиёбони Лоҳутӣ – 14 пешниҳод намоянд. Ғолибони озмун бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.

 

Телефонҳо барои тамос:  2231258