ЗАНОНРО ТАСЛИМИ НАФСИ ҲАВОНИИ БА НОМ МУЛЛОҲО НАКУНЕД!

Нашр шуд korbar - ср, 07/29/2020 - 13:38

Пойбанӣ ба хурофоту зудбоварии мардум дар аксар маврид боиси шармандагиву хиҷолатзадагии якумрӣ миёни ҷомеа мегардад. Дар чанд соли охир чандин навори бадахлоқиҳои ба ном муллоҳо расонаӣ шуда буду бовар доштем, ин омил барои дигарон дарси ибрат мешавад. Вале ҳайҳот, ҳанӯз иддае пайдо мешаванд, ки аз содагии мардум сӯистифода карда, ба чӣ корҳое даст намезананд. Гунаҳкори асосии рух додани чунин ҳодисаҳои нангин пеш аз ҳама худи мардум ва махсусан мардонанд. Зеро ҳеҷ як марди баномус ба худ иҷозат намедиҳад, ки гузорад, то ҳамсараш ё хоҳараш бо баҳонаи табобату дуохонӣ бо марди бегона дар хилват бошад.

Дар замони рушди технологияи муосир ба ҷои он ки баъзе аз ҳамватанони мо барои табобати беморон ба муассисаҳои расмии тиббӣ муроҷиат намоянд, худро таслими нафси ҳайвонии ба ном муллоҳо мекунанд, ки ҷои нигаронист.

Мирзоалӣ Шарифов,

Ходими дин