ФОСИҚЕ АЗ ТӮДАИ ХУРОФОТИЁНИ ТЭТ ҲНИ

Нашр шуд korbar - чт, 07/30/2020 - 08:39

Аз тариқи телевизионҳо кишвар навори макру фиреби як шахси ба ном мулло бо номи мулло Тоҷикддин нашр гардид, ки номбурда аз содагиву зудбоварии мардум сӯистифода карда, ҳам маблағ ба даст меорад ва ҳам ба занону духтарони корафтода дастдарозӣ мекунад. Сабаби мавқеъ пайдо кардани чунин ба ном муллоҳои шайтонсифат пеш аз ҳама содагиву хурофотпарастии мардуми мост. Ҷои тааҷҷуб ва нангу номус аст, ки баъзе аз мардон занҳои худро иҷозат медиҳанд, то бо чунин афрод дар алоҳидагӣ ва бе иштироки нафари дигар муносибат дошта бошанд. Тавре дар навор дидем, мулло Тоҷиддин ҳам аз пасмондаҳои тӯдаи хурофотии ТЭТ ҲНИ буда, рӯирост ба ҷои хондани дуо ба номуси занону духтарон мерасад. Дар замони муосир ҳар як ҳамватани моро мебояд аз ақли солим кор гиранд, барои табобати бемории худ ба табибони баландихтисос муроҷиат намоянд.

Иброҳим Абдушукуров,

Ходими дин