ЧУН БА ХИЛВАТ МЕРАВАНД...

Нашр шуд korbar - ср, 07/29/2020 - 15:41

Сӯистифода аз дину арзишҳои диниро дар чанд соли охир мо дар фаъолиятҳои хурофотпарастона, экстремистӣ ва террористии ТЭТ ҲНИ мушоҳида мекардем. Аммо натиҷаи тарғиботи хурофотпарастӣ аз сӯи ТЭТ ҲНИ-ро ҳанӯз ҳам дар ҷомеа шоҳид мегардем. Дар навори телевизонӣ мушоҳида намудем, ки чӣ гуна шайтоне дар сурати мулло Тоҷиддин динро василаи касби маблағу айшу ишрат қарор дода, бо ҳамаи ин иктифо намекунад ва ба номуси занону духтарон таҷовуз мекунад. Вақте мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон борҳо дар бораи хатарҳои хурофотпарастию фанатизми динӣ сухан мегӯянд, баъзе аз гурӯҳҳои манфиатдор аз қабили ТЭТ ҲНИ инро “мубориза бо дину арзишҳои динӣ” арзёбӣ мекунанд. Зеро наҳзатиён ҳаргиз манфиатдор нестанд, ки ҷомеа аз хурофот пок гардад. Зеро агар ҷомеа тарки хурофот мекунад, бозори онҳо дигар гарм намешавад. Ин нуктаро бояд ҳамватанони мо ҳамеша дар хотир дошта бошанд ва бидонанд, ки нафароне мисли мулло Тоҷиддин ҳарчанд зоҳиран худро муллову тақводор нишон медиҳанд, аммо дар амал қавли лисонулғайб Ҳофизро ба ёд меоранд:

Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Аз ин рӯ, ҳамватанони мо набояд гузоранд, ки бо баҳонаҳои буохониву тумордиҳӣ чунин муллоҳои ҳайвонсифат занону хоҳаронро дар оғӯши касифи худ дароварда, ба номуси онҳо таҷовуз кунанд.

Иззатулло Воҳидов,

Ходими дин