ҲУНАРВАРӢ ВА МЕРОСИ ЧАКАН

Нашр шуд korbar - ср, 07/29/2020 - 08:47

Халқи тоҷик аз қадимулайём бо шоҳкориҳои ҳунармандони чирадасти худ ифтихор менамояд. Ин дастони моҳир дар давоми асрҳои тӯлонӣ  санъати чаканро меофариданд.  Имрӯзҳо  бисёре аз ин чизҳо  ба таври армуғон тайёр мешаванд ва махсусан меҳмонони хориҷии  Осиёи Марказӣ ва бахусус, кишвари Тоҷикистон онҳоро мақбул  меҳисобанду қадр менамоянд. Дар Тоҷикистон сулолаҳои ҳақиқии чеварони халқӣ маълуманд, ки касбу ҳунарашонро аз насл ба насл месупоранд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эълон кардани солҳои 2019 ва 2021 «Солҳои рушди деҳот ва сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷумлатавваҷуҳ ва таъини ҷойгоҳи муносиб барои ҳунарҳои халқиро дар назар доштанд. Ин ҳунари хеле қадимии мардуми тоҷик аст. Санъати чакан аз насл ба насл шеваи устод шогирд ба мерос мегузарад. Он навъе аз кашидадӯзии миллии тоҷикист. Аксаран кашидадӯзон болои шоҳии сафед, зард, сабз, сатини сурх ва сафед бор риштаҳои рангин гулдузӣ мекунанд. Масъалаи чакан маънои нақш гирифтан дар болои матоъ ва ғайраро дорад, ки худ аз вожаи «чакан» пайдо шудааст.

Нигораҳои чакан яке аз сарватҳои бебаҳои зеҳнии мардуми тоҷик мебошад, ки дар миёни мардуми мо вуҷуд дошт, вале афзудану пурбор кардан  ва ба арсаи байналмилалӣ баровардани он ба шарофати табъу завқи баланд, оянданигарии бохирад ва меҳнатпарастии беҳамтои  Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суррат гирифтааст. Ёдовар мешавем, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми феврали соли 2018, 106 номгӯи ҳунарҳои мардумӣ ки аз ҷониби ҳунармандон дар хона истеҳсол мешаванд, аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шудаанд.

Чакандузӣнақшу нигорест, ки аз рӯи расми дар матоъ кашидашуда дӯхта мешавад. Ин усули аз ҳама душвори гулдузӣ ба ҳисоб меёбад. Бо ин усул ҷомаву яктаҳ, чодару тоқии арӯсон, хилъатҳои арӯсон, ҳатто олоти ороишии аспон гулдузӣ мешуданд. Дар чакани ҳозира  асосан усулҳои чакандузӣ барои тайёр кардани армуғонҳо истифода мешаванд. Занони осиёимиёнагӣ  аз давраҳои қадим чакандузӣ мекарданд вале маҳз дар  асри XIX чакандузӣ хеле пеш рафта яке аз намудҳои  маъмули ҳунарварӣ гардид. Дар куҳистони Тоҷикистон занони ҳунарманд  либосҳояшонро бо чакандузӣ оро медоданд. Ин шакли чакандузӣ таърихи хеле куҳан дорад, алҳол онро дар истеҳсоли қолину намад, матоъ, либосу армуғон истифода  мебаранд.

Бо шарофиати пешниҳодҳои хирадмандонаи Пешвои миллат анъанаи пешинин, яке аз ҳунарҳои чандинҳазорсолаи мо-чакандӯзӣ аз нав эҳё гардид. нақшу нигоре, ки дар чакан инъикос гардидааст, ҷаҳон-ҷаҳон маънӣ дорад. Пироҳани чакан рамзи рангорангии ҳаёт, хушиҳои зиндагӣ буда, дар он гӯё гулҳои гуногуни табиати зинда бо таровати хос ва хеле назаррабо ҷилва медиҳад. Чакан ин як навъи гулдӯзии миллӣ, дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст.

Масалаҳои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занони хонашин ва соҳиби шуғл шудани онҳо аз ҷумлаи масоили муҳими рузмарра дар замони муосир ба ҳисоб меравад. Ғамхории Пешвои муаззами миллат ба занони соҳибкор дар мисоли гранти президентӣ, ба курсҳои касбомӯзӣ фаро гирифтани ҷавондухтарони соҳибистеъдод ва сарпарастӣ намудани сафари тарроҳон ба хориҷи кишвар барои муаррифии анъанаҳои тоҷикӣ аз ҷумла масоили дигаре буданд. Ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ҷаҳон дохил гардидани нигораҳои чакан, дар нигаҳдории ҳимояти ҳувияти миллӣӣ тоҷикон, глобализатсия ба вижагиҳои фарҳанги мардумони ҷаҳон панҷа бурдааст, нақши шоиста дорад. дорои таъриху маданият, санъату адабиёт ва ҳунарҳои қадимаву созанда будани халқи тоҷик ба оламиён маълум аст. Хушбахтона, имрӯз ҳам дар ҷомеаи мо ҳунармандоне ҳастанд, ки ворисони асили гузаштагони худ мебошанд.

 Бо шарофиати пешниҳодҳои хирадмандонаи Пешвои миллат анъанаи пешинин, яке аз ҳунарҳои чандинҳазорсолаи мо-чакандӯзӣ аз нав эҳё гардид. нақшу нигоре, ки дар чакан инъикос гардидааст, ҷаҳон-ҷаҳон маънӣ дорад. Пироҳани чакан рамзи рангорангии ҳаёт, хушиҳои зиндагӣ буда, дар он гӯё гулҳои гуногуни табиати зинда бо таровати хос ва хеле назаррабо ҷилва медиҳад.

Чакан ин як навъи гулдӯзии миллӣ, дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Ин матоъ дар байни мардуми тоҷик хеле маъруфу серистефода аст.

Масалаҳои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занони хонашин ва соҳиби шуғл шудани онҳо аз ҷумлаи масоили муҳими рузмарра дар замони муосир ба ҳисоб меравад. Ғамхории Пешвои муаззами миллат ба занони соҳибкор дар мисоли гранти президентӣ, ба курсҳои касбомӯзӣ фаро гирифтани ҷавондухтарони соҳибистеъдод ва сарпарастӣ намудани сафари тарроҳон ба хориҷи кишвар барои муаррифии анъанаҳои тоҷикӣ аз ҷумла масоили дигаре буданд. Ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ҷаҳон дохил гардидани нигораҳои чакан, дар нигаҳдории ҳимояти ҳувияти миллӣӣ тоҷикон, глобализатсия ба вижагиҳои фарҳанги мардумони ҷаҳон панҷа бурдааст, нақши шоиста дорад. дорои таъриху маданият, санъату адабиёт ва ҳунарҳои қадимаву созанда будани халқи тоҷик ба оламиён маълум аст. Хушбахтона, имрӯз ҳам дар ҷомеаи мо ҳунармандоне ҳастанд, ки ворисони асили гузаштагони худ мебошанд.

 Бо шарофиати пешниҳодҳои хирадмандонаи Пешвои миллат анъанаи пешинин, яке аз ҳунарҳои чандинҳазорсолаи мо-чакандӯзӣ аз нав эҳё гардид. Нақшу нигоре, ки дар чакан инъикос гардидааст, ҷаҳон-ҷаҳон маънӣ дорад. Пироҳани чакан рамзи рангорангии ҳаёт, хушиҳои зиндагӣ буда, дар он гӯё гулҳои гуногуни табиати зинда бо таровати хос ва хеле назаррабо ҷилва медиҳад.

Чакан ин як навъи гулдӯзии миллӣ, дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Ин шакли гулдузӣ таърихи хеле куҳан дорад, алҳол онро дар истеҳсоли қолину намад, матоъ, либосу армуғон истифода  мебаранд. Ин усул тавассути риштаҳои махсуси пахтагин, шоҳӣ, муина истифода мешаванд. Марказҳои қадимаи  чакандӯзӣ  дар вилояти Хатлон ҷойгир аст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арусу домод ба шумор меравад. Дар ин ҷо арусон чодару болишт, пардаи тирезаи худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва барои домодҳо тоқӣ, миёнбанд ва дастмолчаро бо чакан оро медиҳанд.

Ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ҷаҳон дохил гардидани нигораҳои чакан, дар нигаҳдории ҳимояти хувияти миллии тоҷикон ба вижагиҳои фарҳанги мардумони ҷаҳон панҷа бурдааст нақши шоиста дорад.

Яъне, чакан як гулдӯзии одӣ нест ва пайдоиши он ба ҳазорсолаи пеш аз мелод рост меояд. Намунаҳои онро бостоншиносон аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикнишин аз қабили Саразм, Дарбанд, Балх, Марв, Хоразм, Бохтар ва ғайра пайдо кардаанд. Агар ба таърихи чакан нигоҳ кунем, мутассифона, дар замони шуравӣ ба ин ҳунари мардумӣ кам таваҷҷуҳ шуда, он қариб ба нестӣ рафта буд. Аммо дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки барои эҳё кардан ва ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллӣ шароит фароҳам омад, чакан дубора   мавриди таваҷҷуҳи тарроҳон қарор гирифт. Бештари чакандузон ин ҳунарро аз гузаштагонашон омухтаанд, худашон бевосита савод надоштанд, бинобар ин бештар ба унсурҳои табиати атроф такя карда, нақшу нигор медухтанд. Имрӯз чакан ба муд ворид мешавад. либоси арусӣ, куртаҳои идона, тоқии мардона ва умуман даҳҳо намуди онро тарроҳон омода кардаву ба ҷаҳониён пешниҳод кардаанд.

Бахшида ба «Солҳои рушди деҳот ва сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ба феҳристи мероси  ғайримоддии фарҳангии башарият шомил шудани «Чакан»  чорабиниҳои фарҳангиву ҷашнӣ баргузор мегарданд. Дар ин чорабиниҳои бошукуҳ занону духтарон куртаҳои миллии чакан ба бар бо ифтихор аз тамаддуну фарҳанги қадимаи тоҷикон намоишгоҳи худро бо намунаҳои ҳунарҳои дастии гулдузии чакан, аз қабили куртаву тоқӣ, болишту чойпуш, сузаниву зардеворӣ, инчунин дигар ҳунарҳои мардумӣ зиннат мебахшанд.

Дар руҳияи баландӣ ватандӯстӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, касбу ҳунаромузӣ  ва омӯхтани илму фанҳои замони муосир тарбия кардани фарзандро вазифаи ҷонию ҳамешагии ҳар як падару модар шуморидан мумкин аст. Фарҳанги ин ё он миллат тавассути сару либос низ шинохта шуда, он аз насл ба насл гузашта, рушду такмил меёбад. Хушбахтона тули асрҳои зиёд тавассути бонувону модарони соҳибфарҳанги мо сару либосҳои миллии занони тоҷик ҳифз гардида, имрӯзҳо бо рангу мазмуни даврони нав ҷилванамоӣ доранд. Воқеият аст, ки тамоми арзишҳои муқаддаси суннатии мо маҳз дар оила ташаккул меёбанд ва насли ҷавон, бахусус ҷавондухтарони тоҷик идоиадиҳанда ва посбонони рукнҳои фарҳангӣ, анъана ва расму оинҳои миллии мо ба шумор мераванд.

Ногуфта нагузорем, ки нигораҳои чаканро на танҳо дар вилояти Хатлон, балки (косагулҳои чакан- ба сурати Офтоб) дар бардеворӣ ё худ сӯзаниҳои мардуми Самарқанду Бухоро, Истаравшан, Дарвозу Ванҷ дар нақшҳои лаби остину домони тоҷикони Шуғнону Рӯшон низ бо оҳанги дигаре бозтоб шудаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар тули асрҳои дароз нақшу гулдӯзиҳо бо омилҳои ҳамсоядорӣ ва равобити тиҷоратӣ ба мардуми ҳамсоя асар кардаанд. Гулбуриҳо ва сӯзаниҳоро метавон дар ӯзбекон, қирғизҳо ва берун аз Тоҷикистон вохурд.

Ташаккулёбии фард ёшахс худ ба худ сурат намегирад. Дар он заҳмати падару модар таъсири амиқ дорад. Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон  13-сол аст, Қонуни миллӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», амал мекунад. Тибқи қисми 2-и моддаи 141-и қонуни мазкур «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд», дарҷ карда шудааст. Мақсади Қонуни мазкур аслан занони моро водор месозад, ки ба сару либосҳои ғарб бегонапарастӣ накунанд. Аз модарони худ дарси ибрат гиранд, чунки онҳо тақлид ба ягон миллати дигар намекарданд. Имрӯз занону бонувони мо бояд ба сару либоси миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.                                  

Чакан дар замони истиқлол мазмуну муҳтавои тоза мегирад. Озмунҳои мардумӣ, ҷашнвораҳои миллиро ба сӯзаниҳо ва гулдӯзиҳо тасавур наметавон кард. Ҳунармандон дар идораҳои сиёсӣ тасвири парчаму нишонро дар тоқиҳои чакан, руймолу матоъҳои хосса гулдӯзӣ мекунанд. Чакан ҳамчун намунаи осори аҷдодии замон умри дигарбора меёбанд. Мо аз ин дастоварди фарҳангии тоҷикон нахуст сипосу миннатдориамонро ба

Пас месазад, ки барои эҳё, ҳифз ва эҳтироми рукнҳои миллии суннати аҳд намоем ва барои расидан ба роҳи мақсуд, ки роҳи ниёгони мост мушарраф бигардем.

Чунон пуш дар танат зебанда бошад,

Писанди ҳар каси бинанда бошад.

Зарнигор Раҳимова,

Сармутахассиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ