«ХУДШИНОСӢ БАРОИ МАВЛОНОИ БАЛХӢ МАСЪУЛИЯТИ ИНСОН ДАР НАЗДИ ХЕШТАН БУДА, БЕҲТАР АЗ ДОНИСТАНИ УСУЛИ ДИН АСТ…»

Нашр шуд korbar - пн, 05/13/2019 - 09:13
Донишманди бузурги тоҷик, шоири тавоно ва файласуфу орифи оламгир Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ на танҳо дар шеъру адаб ва фалсафаву тасаввуф, балки дар масъалаҳои динӣ низ њамчун як шахсияти барҷастае дар олами исломӣ эътироф шудааст.

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД!

Нашр шуд korbar - вт, 05/07/2019 - 13:34
Имсол 74-солгарди ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил мегардад. Аз ин рӯ, ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро бо ин иди фархунда табрик ва муборакбод гуфта, хоҳони онем, ки ҳамеша ватанамон тинҷу обод бошад, ва фарзандонамон дар зери осмони беғубор ва зиндагии шоиста умр ба сар баранд.

РӮЗА ДАР ПАРТАВИ ОЯТҲОИ ҚУРЪОН

Нашр шуд korbar - пн, 05/06/2019 - 15:07
Қуръони карим бо баёни расо ва ибораҳои зебое фалсафа, ҳадафи фарз гардидан, муҳимтарин аҳком ва ҷанбаҳои гуногуни рӯзаи моҳи Рамазонро бозгӯ намудааст. Пеш аз ҳама, собиқаи деринаи таърихӣ доштани ин фаризаи Илоҳӣ дар миёни миллатҳои гузашта ва ҳадафи фарз гардидани онро бар миллатҳо дар тӯли таърихи башарият баён менамояд.

ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН-ДАСТУРИ РАМАЗОНИИ ҲАР МУСУЛМОН

Нашр шуд korbar - пн, 05/06/2019 - 14:37
Дини Ислом ҳамеша инсонро барои накӯкорӣ ва дастгирӣ намудани чунин ашхос амр менамояд, то ин ки дар ҳарду дунё хушбахт гардад. Худованд мефармояд: ... وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى... «Дар некӯкорӣ ва тақво бо ҳамдигар ҳамкорӣ кунед» ( Сураи «Моида», ояи 2).

РАМАЗОН МОҲИ МАОФ АСТУ ИНСОФ, НА МОҲИ БЕРАҲМВУ ХИЛОФ

Нашр шуд korbar - пн, 05/06/2019 - 14:13
Расули Акрам (с) рӯзе вориди бозори Мадина шуд. Чун аз қатори савдогарон убур мекард, ногоҳ чашмаш ба хурмоҳое афтид, ки болояш тозаву тагаш пургарду ғубор менамуд. Пайғамбар (с) аз ӯ суол кард, ки чаро болои хурмоҳо тоза асту тагаш не? Мард ҷавоб дод, ки ин кори ман нест, ман инро накардам, андаке қабл борон гирифт, болои хурмоҳоро шуста тоза карду тагаш ба ҳоли пешин боқӣ монд. Пайғамбар (с) бар он мард гуфтанд, ки пас чаро хурмоҳои тозаро бо хурмоҳои тагаш омехта накардӣ? Сипас фармуданд: "Ҳар, ки ғашшу фиреб мекунад, аз уммати ман нест".