Вазорати кори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯйхати нави маҳсулотеро нашр кардааст, ки воридоташон ба Амрико, ба далели истифода аз нерӯи кори кӯдакон дар тавлиди он манъ аст. Ба ин фехрист пахтаи Точикистон низ ворид шудааст. Ин навбат мақомоти вазорати кори Амрико ба ин рӯйхат маҳсулоти 21 кишвари чаҳонро дохил кардааст аз ҷумла дар ин ҷадвал Тоҷикистонро ҳам шомил кардаанд, ки воридоташ ба ИМА ба далели истифода аз неруи кӯдак дар пахтачинӣ ва парвариши он манъ хохад шуд.
Рахбари хадамоти назорат бар маводи мухаддири Россия Виктор Иванов аз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостори мусоидат дар бозгашти марзбонони рус ба сарҳади миёни Тоҷикистон ва Афғонистон шуд. Дар ин бора имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари хадамоти мазкур мулоқот анҷом дод. Виктор Иванов паз аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон гуфт ки интизор меравад рӯзҳои наздик марзбонони Россия дубора ба Тоҷикистон баргарданд.