Чор чизат аз атоҳои карим,
Бо ту гўям, ёд гираш, ай салим.
Фарзи Ҳақ аввал ба ҷо овардан аст,
Волидайн аз хеш розӣ кардан аст.
Аттор.
«Падар (тибқи баъзе ривоятҳо модар) дарвозаи мобайни ҷаннат аст. Хоҳӣ ин дарвозаро зоеъ намо, хоҳӣ онро муҳофизат кун» (ривояти Имом Тирмизӣ)
Падару модар, ки василаи ба дунё омадани мо шудаанд, дар доираи сабабҳо сарчашмаи ҳаётамон ба шумо мераванд. Ҳар инсон бо лутфи Худо, дар зери шафқату меҳрубонии падару модар нахустин қадамҳои худро ба ҳаёт мегузорад. То ба синну соли муайян онҳо барои мо чӣ фидокориҳое намекунанд… Намехӯранду моро мехўронанд, намепўшанду моро мепўшонанд. Ба хотири фарзандон тамоми ранҷу азобро таҳаммул мекунанд. Онҳо нахустин роҳнамоҳои мо ҳастанд.
Падару модар ду инсони муқаддасе ҳастанд, ки ҳар шахс пеш аз ҳама бояд ҳурмати онҳоро ба ҷо орад. Ислом ба падару модар қадру манзалати баланде додааст. Бо вуҷуди он, ки ҳар қадар хизматашонро ба ҷо биёрем, ҳаққи онҳоро баргардонида наметавнем, имрўзҳо падару модар ба андешаи баъзеҳо ба онҳо ҳамчун бори зиндагӣ гаштаанд. Ин мавзўъро бо ояти Қуръони карим равшантар менамоем:
«Ва Парвардигори Ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш (дигаре)-ро ибодат макунед; ва ба падару модар некўкорӣ бикунед; агар яке аз онҳо, ё ҳар ду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо «уф» магў ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани накў бигў. Ва аз ҷиҳати меҳрубонӣ бозуи фурутаниро барояшон паст кун ва бигў: «Эй Парвардигори ман, бар онҳо бибахшой, чунончи маро дар хурдсолӣ парвариш карданд!» (сураи “Нисо”, оятиҳои 23-24).
Дар ин оят Худованд ба бандагонаш амр менамояд, ки ба падару модарашон муомилаи хуб намоянд. Дар ин ҷо, ҳатто имон ба Пайғамбар (с)-ро зикр накарда, баъд аз ибодати Худо дарҳол мавзўи муносибат бо падару модарро дар як сатҳ қарор додааст. Барои ҷо надодани нофаҳмиҳо баъд аз зикри ибодати Худо танҳо «эҳсон (накўкорӣ) ба падару модар омадааст». Яъне Худоро ибодат бояд намуд ба падару модар бошад некўкорӣ.
Дар оят таъкид мегардад, ки «агар яке аз онҳо, ё ҳар ду назди ту ба калонсолӣ бирасанд», дар зеҳни мо чунин суолро ба ҷо монад, ки сабаб ва ҳикмати чунин фармудаи Худованд дар чист? Ба ин суол чунин ҷавоб додан мумкин аст: Аввалан, дар оят қайд шудааст, ки накўкорӣ ба падару модар хеле муҳим аст. Ифодаи баъдӣ бошад, ёдрас мекунад, ки агар падару модар ба калонсолӣ бирасанд, он вақт савоби накўкорӣ дар ҳаққи падару модар чанд маротиба бештар мегардад. Метавон гуфт, ки накўкори дар аввал зар буд ва дар калонсолии волидайн ба забарҷад мубаддал мегардад. Онҳо дар калонсолӣ нозук гашта, мисли кӯдакон бештар бо эҳсосоти худ ҳаракат мекунанд ва дар чунин марҳила дар назди Худованд соҳиби қадру манзалати бештар мегарданд.
Вақте баъд аз даҳ, бист, сӣ, чил ва ё панҷоҳ соли зиндагии якҷоя, яке аз ҷуфтҳо танҳо мемонад, аз дунё гузаштани рафиқи ҳаётиаш барои ў мусибати вазнин аст. Онҳое, ки рӯзгори осуда доштанд, аксаран ба қабри рафиқи ҳаётиашон рафта, оби дида мерезанд. Акнун пур намудани он холигие, ки баъд аз рафтани рафиқи ҳаётӣ ба вуҷуд меояд, ба зиммаи фарзандон аст. Волидайнро ба хонаи пиронсолон гузоштан холигии онҳоро пур намекунад ва дар ҳаққи онҳо зулм ба шумор меравад. Зеро пиронсолӣ ва паси ҳам аз дунё гузаштани ҳамсару ёру рафиқон дар дили ў холигие ба ҷо мегузорад ва рўҳашро тарси танҳоӣ иҳота мекунад.
Ин холигиро танҳо фарзандон метавонанд пур намоянд. Бинобар ин, Қуръон амр менамояд, ки агар ҳарду ва ё яке аз онҳо танҳо монад, ба онҳо некўкорӣ намоед.
Таъбири «эҳсон (накўкорӣ)», ки Қуръон онро дар ин маврид истифода кардааст, хеле муҳим аст. Ин таъбир дар баробари маъноҳои гуногун боз чунин маъноро низ дорад: «Худоро чунон ибодат намо, ки гўё Ўро мебинӣ». Бинобар ин, вақте фарзандон бо падару модари худ муносибат мекунанд, бояд бидонанд, ки Худованд онҳоро дида истодааст. Шояд падару модар ҳарду якҷо муҳтоҷи ғамхорӣ ва нигоҳубини фарзандон гарданд, шояд муддате ядигарро тасаллӣ дода тавонанд, аммо аз уҳдаи кору нигоҳубини худ баромада наметавонанд. Вақте падару модар ҳарду дастнигар ва сусту нотавон мегарданд, он вақт фарзанд маҷбур аст, ки ҳардуи онҳоро нигоҳубин намояд, ки албатта ин барои фарзанд душвор ва сермасраф аст. Аз ҷиҳати дигар аз дунё гузаштани яке ва танҳо мондани дигаре, барои онҳо ғурбат ва ҳасрату ҳиҷрон аст.
Қуръон бори дигар нидояшро баланд намуда, дар давоми оят мефармояд: «пас, ба онҳо «уф» магў … ». Бо манъи ин сухан, ки хурдтарин ифодаи ноҳурматӣ ва гуноҳ аст, садди роҳи рафторҳои нохуби дигар шудааст. Масалан, дар муқобили таклифи мусбати падару модар фарзанд чизе нагуфта, танҳо «уф» гўяд, гўё бо ин суханаш ў дунёашро вайрон кардааст. Модоме чунин аст, пас падару модарро намезананд, дашном намедиҳанд, бо ҳар сабабе набошад ба хонаи пиронсолон бурда дар ғаму андўҳи ҳиҷрон гирифтор намекунанд. Баръакс бояд онҳоро дар беҳтарин сурат нигоҳубин намуда, дар замони пиронсолӣ, ки бештар ба меҳру муҳаббат ниёзманд ҳастанд, дар нисбати онҳо ғамхорӣ намуда, дуои некашонро гирифт.
Дар давоми оят нидо боз як парда болотар шуда мефармояд: «ва бар онҳо бонг мазан». Яъне вақти бо онҳо ва ё дар наздашон суҳбат намудан сухани дурушт ба забон наор.
Баъд аз ин Қуръони карим ба фарзандон тарзи муносибат бо падару модарро чунин фармон медиҳад «ва ба онҳо сухани накў бигў» яъне мисли инсонҳои меҳрубон бо онҳо рафтор бикун.
Қуръони карим боз нидояшро як парда болотар намуда мефармояд: «Ва аз ҷиҳати меҳрубонӣ бозуи фурӯтаниро барояшон паст кун» боз Қуръон ба ин ҳам қаноат накарда, дар давом мефармояд: «ва бигў: «Эй Парвардигори ман, бар онҳо бибахшой, чунончи маро дар хурдсолӣ парвариш карданд»- гуфта дуо бикун. Чунончи, ҳазрати Иброҳим (а) дуо намуда буданд: «Эй Парвардигори мо, рўзе, ки ҳисоб қоим шавад, маро ва модару падари маро ва муъминонро биомурз!»
Он қисми оят, ки мефармояд: «чунончи маро дар хурдсолӣ парвариш карданд» бо ёдрас шудани нахустин рўзҳои ба дунё омадани инсон, чӣ гуна нигоҳубин намудани падару модар фарзандро, ки баъзан ўро дар шикам ва пушти худ мебардоштанд, ба хотири ў истироҳати худро тарк мекарданд ва боз ҳам ба хотири ўро бо хона, мошин, касб ва ҳаёти хуб таъмин намудан, ҳаёти худро идома медоданд. Бар ивази ҳамаи ин заҳматҳои шабонарўзӣ аз фарзанд танҳо эҳтиромро интизоранду халос.
Худованд бо ин оят ба фарзандон тарзи муносибат бо падару модар ва хитоб бо онҳоро нишон додааст. Фарзанд нисбат ба падару модар, ҳатто калимаи «уф»-ро низ набояд истфода кунад, куҷо он ки онҳоро дашном намояд, суханони сахт бигўяд, танҳо гузорад ва ё дилашонро биёзорад. Қуръон ноҳурматӣ нисбат ба падару модарро сахт маҳкум менамояд.
Худованд бо додани раҳму шафқат ба падару модар фарзандро барояшон дўстдоштанӣ гардонидааст. Ин табиат ва ҳақиқати падару модар будан аст. Рафтори фарзанд бошад ҳақиқат нею ҳақ аст, табиат нею вазифа аст. Падару модар ҳақ доранд, ки подоши садҳо хизмату некиҳои дар ҳаққи фарзандон кардаашонро бигиранд, фарзандон бошанд вазифадоранд, ки ҳаққи падару модарро баргардонанд.
Ҳатто агар падару модар имон надошта бошанд ҳам, ҳолат таъғир намеёбад. Ин ҷо мисоле меорем: Ҳазрати Асмоа (р) духтари ҳазрати Абубакр (р), чунин нақл мекунанд:
Боре модарам, ки ҳанўз мушрик буд, шаҳри ба шаҳри Мадина ба наздам омад. Аз Пайғамбари Худо (с) (дар хусуси чӣ гуна бо ў муносибат намуданам) пурсидам:
«Модарам ба наздам омадааст, мехоҳад бо ман дидорбинӣ намуда, сўҳбат кунад, бо модарам хуб муносибат кунам?»
Паёмбари Худо (с) фармуданд:
— Бале, эҳтироми ўро ба ҷо биёр! (ривояти Бухорӣ).
Ҳаққи падару модарро баргардонидан номумкин аст
Чуноне дар боло зикр намудем, эҳтироми падару модар вазифа ва ҳаққи фарзанд аст. Он ҳақро барнагардонидаву нодида гирифтан номумкин аст. Пайғамбари Худо (с) ин ҳақиқатро чунин ишора намудаанд: «Ҳеҷ фарзанде ҳаққи падарашро баргардонида наметавонад, ба ҷуз ҳамон фарзанде, ки падарашро аз ғуломӣ озод намуда бошад».
Инчунин, дар ҳадисе омадааст, ки нафаре аз Пайғамбари Худо (с) пурсид: «Эй Паёмбари Худо (с)! Ҳаққи падару модар дар болои фарзандон чист?» Пайғамбари Худо (с) ҷавоб доданд: «Онҳо ҷаннат ва дӯзахи ту ҳастанд»
Падару модар барои фарзандон, агар қадру қиммати онҳоро донанд, василаи дохили ҷаннат шудан ҳастанд, вале агар фарзандон онҳоро ҳурмату эҳтиром нанамоянд, он гоҳ падару модар василаи ба дузах дохил шудани онҳо мегардад. Ин нуктаро дар ҳадисе Пайғамбари Худо (с) чунин ишорат намудаанд: «Падар дари мобайнии ҷаннат аст. Хоҳӣ ин дарро тарк намо, хоҳӣ онро муҳофизат намо».
Олими бузурге ба онҳое, ки дар хона падару модар ва ё ақрабои пир доштанд ва аз ин сабаб дар андешаи рўзгузронии худ ва оилаашон буданд, чунин гуфтааст: «Эй инсоне, ки ба дарди рўзгузаронӣ мубтало шудаӣ! Шояд баракати хонадон, василаи раҳмат ва дафъи мусибат, ҳамон ақрабои нобино ва ё пир аст, ки ту бори гаронаш мешуморӣ. Ҳеҷ гоҳ магў: «Рўзгузарониам вазнин аст, аз уҳдааш намебароям». Зеро агар он баракате, ки ба сабаби онҳо меояд намебуд, албатта рўзгузаронии танги ту аз ин ҳам бадтар мешуд». Бо ин суханон мешавад ёдовар шуд, ки пиронсолон сабаби зиёд гаштани ризқ ва баракати хонадон ҳастанд ва бо як ҳадиси шариф ба ин мавзўъ равшании бештаре зам мекунад: «Агар пирони пуштхамидаатон намебуданд, балоҳо ба мисли борони сел ба болоятон мерехтанд».
Ҳазорҳо мисолҳои қабул шудани дуои падару модар вуҷуд дорад. Модоме Пайғамбари Худо (с) фармудаанд, ки дуои падару модар бе парда ба Худованд мерасад, мо чандин маротиба шоҳиди қабул гаштани ин дуоҳо хоҳем шуд. Бинобар ин, бояд дуои неки падару модарро бигирем. Ҳатто вақти дар кори хайре иштирок намудан ҳам, бояд дуои онҳоро ҳамчун қувваи муҳкаме ба дили худ ҷой бидиҳем.
Ин дунё, чуноне ки дар таъбири халқӣ омадааст, «ҳарчӣ коштӣ ҳамон бидравӣ». Ҳар муносибате, ки бо падару модар намоем, аз фарзандонамон ҳамон гуна муносибатро хоҳем дид. Пайғамбари Худо (с) дар ин боб чунин фармудаанд: «Шумо ба падаронатон некӣ намоед, то фарзандонатон ба шумо некӣ намоянд. Шумо боиффат бошед, то ҳамсаронатон низ боиффат зиндагӣ кунанд».
Бисёре аз онҳое, ки имрўз аз фарзандонашон шикоят мекунанд, сазои муносибати бо падару модар кардаашонро дида истодаанд. Ин сазои онҳо дар дунёст, вале сазои охират азоби вазнин аст, чуноне дар Қуръон омадааст «ва ҳамоно азоби охират сахттару пояндатар аст». Агар нафаре ба чунин азоб гирифтор шудан намехоҳад, ҳоло ки дари тавба боз аст, бояд тавба намояд ва ба падару модараш некўӣ намуда, барои дигарон намунаи ибрат гардад.
Баъд аз хондани амрҳои Қуръон ва аҳодиси набавӣ дар хусуси некӣ дар ҳаққи падару модар, суоле ба миён меояд, ки вазифаи мушаххаси фарзанд аз чӣ иборат аст. Метавонем онҳоро дар зери ду сарлавҳа ҷамъ намеом. Яъне, вазифаҳои асосии фарзанд дар вақти зинда будани падару модар ва вазифаҳои асосии фарзанд баъд аз вафоти падару модар.
1) Вазифаҳои асосии фарзанд дар вақти зинда будани падару модар:
а) Зиёрат намудан;
б) Тамоми эҳтиёҷотҳояшонро ба ҷо овардану хизмат намудан;
в) Амрҳои онҳоро ба ҷо овардану итоат намудан;
г) Бо онҳо бо раҳму шафқат муносибат намудан.;
ғ) Дар эҳтиромашон кўтоҳӣ накардан;
д) Пеш аз ба наздашон даромадан иҷозат хостан;
е) Ҳидояти онҳоро хостан ва дар ин хусус талош намудан;
ё) Ба онҳо дуои раҳмат кардан;
2) Вазифаҳои асосии фарзанд баъд аз вафоти падару модар:
а) Васияташонро ба ҷо овардан;
б) Дар ҳаққи онҳо дуо ва талаби мағфират намудан;
в) Аз номи онҳо садақа додан;
г) Қазои Ҳаҷ ва соири ибодоти онҳоро ба ҷо овардан;
ғ) Хешовандонашонро зиёрат намудан;
е) Ба зиёрати қабрашон рафтан;
ё) Бо дўстонашон дўстӣ кардан;
Дар охир бояд ёдрас шавем, ки дини ислом ҳаққи падару модарро дар болотарин мақом ҷой доддаст ва бояд дар вақти зинда будани падару модар кӯшиш намуд, то ризои онҳо ва дар баробари он ризои Худо ва Расулашро ба даст биёрем.
Некӣ кардан дар ҳаққӣ падару модар савораест, ки инсонро ба асли мақсуд мерасонад. Зеро розигии онҳо розигии Худованд аст.
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Сироҷиддинзода М,
устоди ДИТ