734013 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Лоҳутӣ, 14. Email: info@jomea.tj Тел: 227-25-18
Понедельник, 16 июня, 2025
Дин ва ҷомеа
  • Хабар
  • Мақола
  • Мусоҳиба
  • Андеша
  • Фарҳанг
  • Дину ойин
  • Пурсишу посух
  • Тамос
No Result
View All Result
  • Хабар
  • Мақола
  • Мусоҳиба
  • Андеша
  • Фарҳанг
  • Дину ойин
  • Пурсишу посух
  • Тамос
No Result
View All Result
Дин ва ҷомеа
No Result
View All Result
Home Мақола

НАКУКОРӢ – ҲУСНИ ОДАМ

06.09.2022
in Мақола
0
НАКУКОРӢ – ҲУСНИ ОДАМ
0
SHARES
136
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Худованд инсонро аслан барои некиву накукорӣ офаридааст. Яъне, рисолати инсони комил, пеш аз ҳама, аз рӯйи имконият меҳру шафқаташро дареғ надоштан на танҳо ба ҳамҷинсон, хешону пайвандон, балки аҳли ҷомеа ва тамоми мавҷудоти олам, ҳайвоноту наботот низ ҳаст. Дунё низ дар пояи некиву созандагии инсон, муборизаи оштинопазиру пайвастаи ӯ алайҳи қувваҳои баду сиёҳкор, ҷафопешаву харобиовар пойдор, сарсабз, зебову дилкаш барои наслҳои ояндаи башар мерос мемонад. Дар акси ҳол ба дӯзахи рӯйи замин табдил меёбад. Ва накукорӣ хислати инсонҳои вораста, дарёдил, баинсофу хайрандеш ва покниҳоду баҳиммат аст.

Таърихи ҳазорсолаи ҳастии ҷаҳону инсоният аз рӯйи сарчашмаҳои муътамад, аз ҷумла китобҳои самовӣ ва нигоштаҳои донишмандону адибони номвар ҳамин ҳақиқатро собит месозад.

Бадӣ васваса, ҳидояти шайтони лаъин, Аҳримани сиёҳкор аст, ки ба дилҳо тухми кинаву кудурат мекорад. Некӣ саховати беминнати инсон буда, аз он дилҳо чароғон ва зиндагӣ роҳати ҷон мешавад. Чуноне арз кардам, чор китоби муқаддас, аз ҷумла Қуръони маҷид инсонҳоро танҳо ба накукорӣ ва эҳтирому парастиши Офаридгор, пос доштани расму суннат, ба ҷо овардани хидмати падару модар, ҳимояи шараф ва марзу бум даъват мекунанд. Ва ҳушдор низ медиҳад: «Фитна бадтар аз куштор аст» (Сураи Бақара, ояти 217). Ва ё халқ мегӯяд: «Каъба чӣ равӣ, бирав дилеро дарёб».

Шайх Саъдӣ мефармояд: «Хештаншиносӣ нардбони боми маърифати Илоҳист». Шахси бомаърифат ҳар амалро дар пояи некӣ ва манфиат расондан ба мардуму мавҷудоти атроф ба анҷом мерасонад. «Ҳар кӣ бунёди бад мениҳад, бунёди худ меканад», — боз ҳушдор медиҳад ӯ. Ва ин панд низ қадимист: «Беҳтарин туҳфа ба гадо сухани нек гуфтан аст». Хулоса, зевари андеша ва осори бузургтарин адибони классик ва муосири мо ситоишу тарғиби некӣ ва накукориро дар бар мегирад. Аз ҷумла, устод Рӯдакӣ — саромади адабиёти форсу тоҷик беш аз ҳазор сол пеш таъкид карда:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм к-андар ӯ нигарӣ,

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,

Киштие соз то бадғон гузарӣ!

Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш, ки мағз андар мағз тасвири муборизаи некӣ бар бадист, ин бонги даъватро ба гӯши башарият мерасонад:

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,

Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

Набошад ҳама неку бад пойдор,

Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.

Ва ин байт низ асрҳост, ки бадкирдоронро бо ришханд ба сӯйи некиву накукорӣ мекашад:

Сад бор бадӣ кардиву шарми ту наомад,

Некӣ чӣ бадӣ дошт, ки як бор накардӣ?!

Хулоса, афкору фалсафаи некӣ ва тарғиби он мероси аҷдодони барӯманди мост, ки он аз суннату фарҳанги воло сарчашма гирифта, дар ҳар давру замон барои офаридани осори оламшумули адабии накукориву инсонпарварона замина гузоштааст. Ва бешак, аз ҳар донишманду адиби маъниофар агар мисолҳое дар ситоиши некиву накукорӣ гирд биорем, ҷилд — ҷилд китоб мешавад. Бегумон, он гуфтаҳо низ чун адои қарз ё некӣ аз аҷдодони хирадпеша ба мо ба ёдгор мондаанд, ки то имрӯз ва оянда онҳо моро аз роҳи каҷу бад бармегардонанд ва ба накукориву ростӣ ҳидоят намоянд.

Хушбахтона, солҳои охир, хоса дар замони соҳиби Истиқлоли давлатӣ шудани Тоҷикистони азиз бо шарофати ҳидоятҳои наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, некиву накукорӣ, дасти хайру саховат дароз кардан ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа, пиронсолони бесаробон, хонаи ятимону мактаб-интернатҳо, маъюбону оилаҳои камбизоат, сокинони аз офатҳои табиӣ зарардида, ба таҳсил фаро гирифтани писарону духтарони бо амри сарнавишт аз навозишу тарбияи падару модар бенасибмонда авҷи тоза пайдо кард.

Ин шоистаи таҳсин аст ва ин некиҳо ифтихору шукргузориро аз Ватану миллатдорӣ дар қалби озурдаи хурду калон меафзоянд. Решаи ниҳоли фарҳанги некӣ ва саховатмандиро дар қалби ҳар як фард мустаҳкам месозад.

Оре, дунё бо некӣ ободу бобақо ва зиндагӣ аз накукорӣ ширину гуворост. Аз ин хотир, дар рӯзи накукорӣ, ё пеш аз он бисёр хуб мешуд, ки ин рӯзро дар Тоҷикистони мо ба таври хоса мегузаронданд, дар муассисаҳои таълимӣ, ҳатто кӯдакистону донишгоҳҳои олии мамлакатамон дарси некӣ гузаронда, ба ҷавонону хурдсолон моҳияти шарофати фарҳанги некиро фаҳмонем. Ва ё он рӯзро бо тозаву озода кардани кӯча, маҳалла, корхона, мактаб, гулгашту хиёбонҳо, шаҳру деҳот, аёдату аз ягон ҷиҳат мадад расондан ба ранҷурону ниёзмандон гузаронем. Аз ин амалҳои хайр дил рӯшан, макон обод ва қалбҳои шикаста шод хоҳанд шуд.

Абдулҳамид САМАД,

Нависандаи халқии Тоҷикистон

Previous Post

ҲАҚҚИ ПАДАРУ МОДАР АЗ ДИДГОҲИ ИСЛОМ

Next Post

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ ДАР КУМИТА

Next Post
БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ ДАР КУМИТА

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ ДАР КУМИТА

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Дин ва ҷомеа

© 2022-2023 Дин ва Ҷомеа - маҷаллаи динӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ Created by Navju Tech

Дигар пайвандҳо:

  • Андеша
  • Дину ойин
  • Мусоҳиба
  • Пурсишу посух

Моро пайгирӣ кунед:

No Result
View All Result

© 2022-2023 Дин ва Ҷомеа - маҷаллаи динӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ Created by Navju Tech