Ҳамасола аз соли 2016 инҷониб рӯзи 16-уми ноябр дар саросари кишварамон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳи хосса ва бо ифтихори бузург ҷашн гирифта мешавад. Дарвоқеъ, дар шароити кунунии авзои мураккаби сиёсии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аҳамияти ин сана ҳамчун рӯзи сарҷамъӣ, иттиҳоди тамоми мардуми Тоҷикистон ва арҷгузорӣ ба хидматҳои арзандаю беназир ва таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш зиёдтар мегардад. Нақши Пешвои миллат дар бунёди давлатдории навини тоҷикон, ҳифзи мардуми тоҷик аз парокандашавӣ, рушди бомароми иқтисодию иҷтимоии кишварамон беназир ва бесобиқа мебошад.
Ҳар як марҳилаи таърихии ин ва ё он давлат ба давраи роҳбарии сарвари он вобастагии зич дорад. Марҳилаи нави таърихи давлатдорӣ ба мардуми тоҷик Сарвару Пешвои воқеан миллиро эҳдо намуд, ки мо имрӯз бо ифтихору сарбаландӣ аз он ҳарф мезанему меболем. Ба ёд овардани давраҳои нооромӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бисёр риқкатовар ва ҳузнангез аст. Дар чунин шароити вазнин, ки дар рӯҳияи аксарияти ҳамватанони мо яъсу навмедӣ ҷо гирифта буд, ба даст гирифтани ҷилави ҳукумату давлатдорӣ тасмими сода ва осон набуд. Ҷавонмарде аз байни вакилони ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланду дилсӯзӣ ва эҳсосоти амиқ ба сарнавишти ояндаи давлату миллати тоҷик бо ҷуръату шуҷоати нотакрор ва бо замири саршор аз хушбинӣ ва некройӣ ба ҳайси Сарвари давлати тоҷикон баргузида шуд ва инони давлатдориро ба дасти худ гирифт. Дар он давраи Тоҷикистони тозаистиқлол, ки масъалаи таъмини амну субот аз масъалаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёфт, ҳалли бисёр проблемаҳои иқтисодию иҷтимоӣ низ ба он иртиботи зич дошт, кори басо заҳматталаб ва пурмасъулият буд ва барои Сарвари давлату ҳукумати навтаъсис имтиҳони ҷиддии таърихӣ ба ҳисоб мерафт. Бо мурури замон маълум ва собит гардид, ки роҳи интихобкардаи Роҳбари давлати тоҷикон хато набуд ва роҳи наҷоти миллату давлат ва заминагузорӣ баҳри шукуфоии фардои кишвар гардид. Дар яке аз муроҷиатҳои худ ҳанӯз соли 1992 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда буданд, ки: «тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».
Ҳадафи олии Роҳбари дурандешу хирадпеша дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҳам овардани мардум дар сари як дастархон, хотима гузоштан ба ҷанги хонумонсӯз, ҳарчи пештар беҳтар намудани вазъи сиёсию иқтисодии давлат ва вусъат бахшидани корҳои созандагӣ буд. Баланд бардоштани некӯаҳволии мардум низ тадриҷан амалӣ гардид, ки ба мардуми мо аз умеду боварӣ барои фардои неку ободи ватанамон башорат медод. Арзиши ваҳдати миллӣ, ки дар таърихи давлатдории кишвари тозаистиқлол ва миллати соҳибтамаддуни мо нақши сарнавиштсозро гузоштааст, ҳамчун падидаи таърихӣ барои мардуми кишвар бебаҳост. Ин неъмати бузург, ки маҳз бо саъю талош ва ҷонбакафгузоштанҳои Пешвои маҳбуби мо ба даст омадааст, ба ҳар як шахсе, ки худро тоҷику тоҷикистонӣ мешуморад, муқаддас аст, зеро ба он дастовардҳо, баҳамоию иттиҳоди миллати куҳанбунёди тоҷик, бо заҳматҳои зиёде ноил шудаем. Сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ дар шароити басо вазнин барқарор ёфта, ҳамватанони мо бо дастгирӣ ва иродаи устувори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргардонида шуданд. Ҳар як фарди ватанпарасту соҳибхирад медонад, ки бо ибтикори бевоситаи ин абармарди замон миллати тоҷик сарҷамъ гардид ва давлати нав аз вартаи ҳалокатбор раҳоёфта, дубора эҳё шуд. То имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мо роҳи ниҳоят вазнин ва пурпечутоби музокиротро тай намудем. Аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи сиёсии Тоҷикистон марҳилаи сифатан нав оғоз гардид. Фаро расидани сулҳу субот ва қадамҳои нахустин дар роҳи ваҳдати миллӣ барои таҳкими пояҳои давлати ҷавони мо шароит фароҳам овард. Ба шарофати сулҳу оромӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён омад, яъне сулҳ ба мо имкон дод, ки дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ қадамҳои устувор гузорем. Сулҳу суботе, ки дар натиҷаи имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон фароҳам оварда шуд, дастоварди бузург ва муқаддаси миллати мо мебошад.
Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит сохт, ки эътимоду боварии халқи кишвар нисбат ба Пешвои маҳбуби худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувор аст ва таҳти сиёсати бунёдкоронаю муваффақонаи Сарвари давлатамон зери ливои иттиҳоду ҳамбастагӣ мардуми кишвар ба ҳадафҳои неку созандааш мерасад. Дар як шеъри худ дар васфи Пешвои муаззами миллат Ҳусайн Мӯсозода чунин мегӯяд:
Мӯҷиби сарҷамъии мо Пешвои миллат аст,
Нури чашми пиру барно Пешвои миллат аст.
Воқеан сабаби сарҷамъиву ваҳдату якдилӣ ва ҳамбастагии мардуми кишвар, ҳодию раҳнамои халқи кишвар-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд:
Хушо бар ҳоли шахсе, ки барҳақ раҳнамо гардид,
Ба адли худ писанди ҷумла арбоби вафо гардид.
Ба аҳди роҳбарии ӯ гулистон шуд замини мо,
Ҳаёт осудатар аз хидмати ин Пешво гардид.
Фаррухулло Олимзода
муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон