Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ҳамду сано Худованди якторо, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Дуруду саломи бепоён бар ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва ҳамаи хонадони поку ёрону пайравонаш бод!
Бояд донист, ки ибодатҳое, ки дини мубини ислом ба бандагони Худо муқаррар кардааст, баданӣ ва молӣ ҳастанд. Намозу рӯза ибодати баданӣ ва ҳаҷ ибодати баданӣ ва молӣ аст. Қурбонӣ низ яке аз ибодатҳои молӣ ба шумор меравад. Худованд дар Қуръон мефармояд: “Пас намоз гузор барои ризои Парвардигори худ ва ба номи Ӯ қурбонӣ кун”. (“Кавсар”; 2)
Чун қурбонӣ ибодати молист, дар дини ислом ҷойгоҳи хосса дорад. Қурбонӣ яке аз шиорҳои ислом аст, ба он хотир ки мутобиқи суннати Иброҳим (а) ҷонвареро сидқан барои ризои Худо забҳ менамоянд. Аз ҳазрати Оиша (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд: “Ҳеҷ амали фарзанди Одам дар рӯзи наҳр дар пешгоҳи Худованд аз қурбонӣ кардан маҳбубтар нест. Чорвои қурбонишуда рӯзи қиёмат бо шоху мӯй ва тамоми аҷзояш дар тарозуи аъмол вазн мешавад. Хуне, ки аз забҳи чорвои қурбонӣ мерезад, ҳанӯз ба замин нарасида савобаш назди Худованд навишта мешавад, пас ба хушҳолӣ қурбонӣ кунед”. (Ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моҷа)
Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар (р) мефармояд: “Пайғамбари Ислом (с) баъди ҳиҷрати худ аз Маккаи мукаррама то муддати даҳ сол дар Мадинаи мунаввара зиндагӣ ба сар бурданд ва дар ин муддат ҳар сол қурбонӣ мекарданд”.
Қурбонӣ мувофиқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) амали воҷиб аст. Он барои шахсоне воҷиб аст, ки соҳиби нисоби закот бошанд. Яъне касоне, ки ғайр аз ниёзҳои зарурии худ боз соҳиби 21000 сомонӣ бошанд, фарқе надорад, ки ашхоси сарватманд шаҳрӣ бошанд ё рустоӣ. Дар тамоми шартҳои боло зану мард баробаранд.
Мавсими қурбонӣ дар рӯзҳои 10-ум, 11-ум ва 12-уми моҳи зулҳиҷҷа аст, ки имсол ба рӯзҳои 31-уми июл, 1-ум ва 2-юми август баробар мешавад. Агар дар ин айём рӯзона қурбонӣ кардан имкон набошад, пас дар шабҳои ин муддат қурбонӣ кардан ҷоиз аст, вале рӯзона забҳ кардан афзалтар аст. Агар нафаре аз сабаби ғафлат дар ин рӯзҳо қурбонӣ накард, бояд арзиши моли қурбониро ба муҳтоҷон, камбизоатону бесарпарастон садақа намояд.
Агар дар як хона чанд бародар якҷо зиндагӣ кунанд ва ҳамаашон соҳибнисоб бошанд, бояд ҳамагӣ қурбонӣ кунанд. Ҳамчунон ки бар марди сарватманд қурбонӣ воҷиб мешавад, бар зани сарватманд низ қурбонӣ воҷиб аст. Агар падару модар соҳибнисоб бошанду қурбонӣ кунанд ва фарзандашон низ соҳибнисоб буда, ҳама дар як хона бошанд, аз зиммаи фарзанд қурбонӣ соқит намешавад, бояд ҳамагӣ қурбонӣ кунанд.
Бархе аз мардум фикр мекунанд, ки агар як сол қурбонӣ кунанд, ҳар сол қурбонӣ кардан ба онҳо воҷиб мегардад, агарчи қудрат надошта бошанд. Ин андеша ғалат аст ва асоси шаръӣ надорад, зеро шарти воҷибшавии қурбонӣ сарватманд будан аст.
Қурбонӣ танҳо аз чорвоёни хонагӣ, яъне шутур, гов, говмеш ва бузу гӯсфанд дуруст мешавад, хоҳ нар бошад, хоҳ мода. Забҳ кардани ҳайвони ваҳшӣ ва нодир барои қурбонӣ ҷоиз нест.
Моли қурбонӣ бояд солим, фарбеҳ ва бенуқсон бошад. Бузу гӯсфанд бояд аз яксола боло бошад, вале агар аз 6-моҳа боло буда, чунон солиму фарбеҳ бошад, ки монанди яксола ба назар намояд, қурбонӣ кардани он ҷоиз мегардад. Гов бояд аз дусола ва шутур аз панҷсола боло бошад. Шир ё пашми моли қурбониро гирифтан ва фурӯхтан ҷоиз нест. Агар касе чунин кард, бояд ба миқдори арзиши он садақа кунад.
Агар ҳайвон хилқатан шох надошта бошад, забҳи он барои қурбонӣ ҷоиз аст. Агар як қисмати шохи ҳайвон шикаста ё қатъшуда бошад, забҳи он низ дуруст аст. Аммо агар ҷойи шикасти он аз бехи шох бошад, қурбонӣ кардани он дуруст нест.
Ҳамчунин агар ҳарду чашми ҳайвон ё як чашми он нобино бошад, ё бағоят лоғар ё дандонҳояш шикаста, ё гӯш ва ё думаш қатъ шуда бошад, забҳи он ҷоиз нест. Аммо агар аз се ду ҳиссаи гӯши ҳайвон боқӣ монда бошад, забҳи он ҷоиз мебошад.
Гӯшти қурбониеро, ки чанд нафар дар гову шутур якҷоя шариканд, бояд одилона ва бо тарозу тақсим намоянд, зеро тахминӣ тақсим намудан ҷоиз нест. Пӯст, каллаву почаи моли қурбониро метавонад худ истифода кунад ё ба камбизоатон бидиҳад, аммо барои қурбоникунанда фурухтанаш ҷоиз нест.
Барои қурбоникунанда ҷоиз аст, ки аз гӯшти қурбонии худ бихӯрад. Ҳамчунин барои ӯ ҷоиз аст, ки аз гӯшти қурбонӣ ба фақирону камбизоатон таом бидиҳад. Агар тамоми гӯшти қурбониро барои хонаводаи худ захира кунад, ҷоиз аст. Мустаҳаб аст, ки гӯшти қурбониро ба се ҳисса тақсим намуда, як ҳиссаи онро ҳамчун хомталош садақа диҳад, як ҳиссаи дигарро барои хонаводаи худ захира кунад ва як ҳиссаи боқимондаро ба наздикону дӯстонаш бифиристад.
Тибқи дастуроти шариати ислом ва фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ қурбонӣ ибодати ҷудогона буда, аз рӯи тартиб бояд пас аз адои намози ид анҷом дода шавад. Аз Ҷундуби Баҷалӣ (р) ривоят аст, ки фармуд: “Ман рӯзи иди Азҳо ҳамроҳи Паёмбари акрам (с) намоз гузоридам. Паёмбар (с) баъд аз намоз хутбае хонда фармуданд: “Касе, ки қабл аз намоз қурбонӣ намудааст, ба ҷойи он дубора қурбонӣ кунад ва касе, ки қурбонӣ накардааст, барои ризои Худо қурбонӣ кунад”. (Ривояти Муслим).
Айни ҳол тибқи талаботи беҳдошт ва тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ҷиҳати пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва эмин мондани аҳолӣ аз таъсири он дар масҷидҳои кишвар намози дастаҷамъона, аз ҷумла намози ид баргузор намегардад. Аз ин рӯ, шахсони қурбоникунанда метавонанд, ки як соат баъд аз тулӯъи офтоби рӯзи ид, яъне рӯзи 31-уми июл қурбонии худро ба ҷо оранд. Қобили зикр аст, ки поёни вақти қурбонӣ ғуруби рӯзи сеюм аз айёми ташриқ, яъне рӯзи 12-уми зулҳиҷҷа, мутобиқ ба рӯзи 2-юми август аст.
Аз Анас (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд: «Ҳар касе ҳоҷати як фард аз уммати маро бароварад ва мақсади ӯ розӣ кардани вай бошад, маро розӣ кардааст, ҳар касе маро розӣ кунад, Худовандро розӣ кардааст ва ҳар касе Худовандро розӣ кунад, Худованд ӯро вориди биҳишт мекунад». (Ривояти Байҳақӣ).
Ҳамон тавре ки аз ин ҳадис маълум мегардад, эҳсону некӣ ба ҳар навъе ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кумак ба ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ӯст.
Худованд ба ҳамагон тавфиқи аъмоли нек ва дар иҷрои ин ибодати молӣ имкониятро насиб гардонад.
Саидмукаррам Абдуқодирзода
Раиси Шӯрои уламо