ИФРОТГАРОӢ. ТО ҶАВОНОН БА ОН ҶАЛБ НАГАРДАНД...

Нашр шуд korbar - ср, 08/14/2019 - 13:30
Тибқи таҳлилу таҳқиқ ва маълумоти дақиқи мавҷуда, аксари террористону ифротгароёнро дар дунё ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳарчанд тадбирҳои зарурӣ то ҷое андешидаву амалӣ мегарданд, шумораи онҳо аз ин қишри ҷомеа меафзояд. Чаро? Чӣ тадбирҳои наву иловагиро бар ин бояд афзуд, то дурри мақсуд ба даст ояд?

НАГУЗОРЕМ, КИ ҶАВОНОН ФИРЕФТАИ ТАБЛИҒОТИ НЕРУҲОИ ИФРОТГАРОИ ДИНӢ ГАРДАНД

Нашр шуд korbar - вт, 08/13/2019 - 14:02
Ҳарчанд раванди гаравидани ҷавонон ба сафи ташкилоту созмонҳои террористиву экстремистӣ, мувофиқи маълумоти омории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба солҳои гузашта кам шуда бошад ҳам, то ҳанӯз хатари ин зуҳуроти номатлуб ба пуррагӣ аз байн нарафтааст. Бинобар ҳамин дар масъалаи таълиму тарбия ва одобу ахлоқи ҷавонону наврасон бояд тамомиқишрҳоиҷомеа худро масъул шуморанд, зеро омӯзгор ва мактаб дар танҳоӣ наметавонанд ин масъулияти бузургро дар сатҳи зарурӣ иҷро кунанд.

ОИНИ ҚУРБОНӢ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛИЮ ДИНИИ ТОҶИКОН

Нашр шуд korbar - сб, 08/10/2019 - 13:50
Иди Қурбон фаро мерасад ва одамон, махсусан кӯдакону наврасон шояд  боз ба идгардак бароянд. Идгардак, ба пиндошти мардуми оддӣ, ҷашни мазҳабиест, ки ҳар сол ду маротиба дар рӯзҳои Иди Фитр ва Иди Қурбон  гузаронида  мешавад. Дар ин рӯз кӯдакон субҳи барвақт хеста, дар даст халта  хона ба хона, кӯча ба кӯча ва маҳалла ба маҳалла мегарданд, идро табрик мегӯянд ва бар ивази он аз соҳибхона туҳфа мегиранд.

ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Нашр шуд korbar - чт, 08/08/2019 - 10:03
Давраи Истиқлолияти давлатӣ дар баробари ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зарурати таҳқиқи илмии равандҳои таҳкими истиқлолиятро ба миён гузошт.

ТЕРРОРИ САЙЁҲОН. ДОҒЕ, КИ НАҲЗАТИҲО БАР ҶОЙ ГУЗОШТАНД

Нашр шуд korbar - чт, 08/08/2019 - 09:54
Аз замони рух додани амали басо нангину разилона - ба дасти террористони наҳзатӣ кушта шудани сайёҳони хориҷӣ як сол сипарӣ мешавад. Албатта, гунаҳкорони ин ҷиноят дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Аммо ин ҷинояти мудҳиш ҳаргиз фаромӯш намегардад.